logo

фарҳанг

АЗ СУХАН ТО СУХАНВАР

Маҳфили шеъру сухани адиб ва рӯзноманигори саршиноси кишвар устод Абдулқодири Раҳим, ки чанд рӯз пеш дар пойтахт доир шуд, бузургони  илму фарҳангу ҳунар, назму наср ва ихлосмандони каломи бадеъро ба ҳам овард. Ҳамин тавр, толори маҳфил охири моҳи фасли баҳор аз шеър - дилрезаҳои зебову ширину руҳбахши устод Абдулқодири Раҳим бишкуфт. Аз шукуфаҳои мавзуну қофиядори хушоҳангаш  муаттар шуд ва атри каломаш  руҳи аҳли нишастро навозиш намуд.
Дар ибтидо устод Абдулқодири Раҳим маҳфилро бо чанд шеъри пурмаънои муассир ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи диёр оғоз бахшид. Таъкид намуд, замоне, ки тақрибан тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ба ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ мебошанд,  сад шукр, дар кишвари мо ободиву фаровонӣ  асту сулҳ пойдор. Ба ин неъмати бузург, ки бо саъю талош ва  ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадаанд, бояд, ки шукргузор бошем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Аҳли нишаст аз назм гуфтанду аз наср. Ба кулвори эҷоди устод Абдулқодири Раҳим бори дигар дида дӯхтанд ва пур аз дурри маънӣ дарёфтанд онро. Ҳамчунин, сафар карданд бо роҳи ноҳамвори тайнамудаи кору эҷоди устод. Хотироташро мурур намуданд ва рафтанд ба кӯчаҳои дардноки бачагии адиб. Маълум шуд, ки қисмат бо ӯ чандон содаву меҳрубон набудааст. Печу хами зиёд дорад ҳаёти ӯ, ки хеле дарднок аст. 
Дар хурдсолӣ аз гармии муҳаббат ва домони  поки модар  бенасиб гардидааст. Падараш ӯро ба мактаб - интернати шаҳри Кӯлоб мебарад. Баъдтар аз тарбияи падар ҳам маҳрум мешавад.  Ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, таҳсили илм мекунад. Хирман - хирман шеъри бузургони аҷамро аз бар менамояд ва аз хурдсолӣ ба эҷоди шеър мепардозад. 
Мурод аз ин гуфтаҳо он аст, ки Абдулқодири Раҳим  ба зарбаҳои  тақдир тоб оварда, имрӯз пешорӯи мост ва чун устод, хирадманд, олим, шоир, нависанда ва рӯзноманигор рӯи саҳнаи зиндагӣ ва  майдони сухан ҷилвагар аст.
Абдулҳамид Самад зимни суханронӣ устод Абдулқодирро нависанда ва шоири тавоно  муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, гуфт: «Абдулқодири Раҳим тули фаъолият шеъру таронаҳои ҷолиб, ҳикояҳои дилрас ва аз ҷиҳати ҳунарӣ пурмаъно  офаридааст. Чун рӯзноманигор, нависанда, публитсист мақолаҳои зиёде нигоштаву менигорад, ки дар тарбияи маънавии ҷомеа  хеле саҳм гузоштаву мегузорад. Абдулқодири Раҳим аз адибони муваффақ маҳсуб меёбад. Тамоми таълифоташ аз устураҳо ва адабиёти  бузурги классикӣ сарчашма мегиранд. Осори ӯ гувоҳи он аст, ки адиб аз ин ҳама соҳаҳо, аз ҷумла  театру синамо, маорифу дину сиёсат, рӯзноманигорӣ огоҳии хуб дорад. Аз ин ҷиҳат низ ашъораш омӯхтанист». 
Фаъолияти рӯзноманигории устод хубу пармаҳсул арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ, маҷаллаи «Фарҳанг» фаъолят кардааст. Аз соли 1993 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекунаду фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Китобҳояш бо номҳои «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати оина», «Духтари афсонаҳо», «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф», «Домони абр», «Оби дари хона тира нест», «Рангҳо», «Дигар дурӯғ нест», «Шод зӣ, шод!», «Гулҳои худрӯ» ва «Раҳи ашк» ба табъ расидаанд. 
Аз сахтиҳои зиндагӣ натарс, сахтӣ инсонро  сарсахт мекунад. Мехҳое  дар девор маҳкамтар ҳастанд, ки заработи сахтареро таҳаммул  кардаанд. 
***
Солҳост мунтазири омадани рӯзҳои беҳтарам, вале намедонам чаро ҳанӯз ҳам,  дирӯзҳо беҳтаранд. 
***
Ашкҳо калимоте ҳастанд, ки қалб наметавонад бигӯяд.
***
Имрӯзро  барои баёни эҳсос ба азизат ғанимат шумор, шояд фардо эҳсос бошад,  аммо азизе набошад.
***
Ба дунё омадаем, ки бо зиндагӣ кардан қимат пайдо намоем, на ин ки ба ҳар қимате зиндагӣ кунем.
***
Афроде, ки бо мо ҳамақида ҳастанд, ба мо оромиш медиҳанд ва афроде, ки мухолифи ақидаи мо ҳастанд, ба мо дониш.
***
Ҳамеша ёдамон бошад, ки ногуфтаҳоро метавон гуфт, аммо гуфтаҳоро наметавон пас гирифт.
Дар охири маҳфил устод Абдулқодири Раҳим ин суханҳои бузургон,  ҳакимону адибонро,  ки на танҳо арзишманд, балки такондиҳандаанду ҳар як ҷумлааш метавонад одамонро ба роҳи нек бибарад, ба дӯстдорони каломаш расонд. Паём дод, ки ин суханонро ҷамъоварӣ ва дар шакли китоб ба нашр расондааст. Китоб, ки  «Ҷаҳоне ганҷ» унвон дорад, суханони пурарзиши ҳакимонаи  шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон; аз қадим то ба имрӯз, инчунин, байтҳои нобу зебову дилраси шоирони тоҷику форсро фаро мегирад, ки рӯзҳои наздик ба дасти хонандагон хоҳад расид.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2022    №: 91    Мутолиа карданд: 2408
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед