logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. САҲМИ ҶАВОНМАРДОНИ САХОВАТПЕША ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲОТ

   
Деҳаи Курговади Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз яке аз деҳаҳои зебо, сабзу хуррам ва  сераҳолӣ ба шумор меравад. Зодгоҳи  Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Муъмин Қаноат буда, дорои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази тиббӣ, хонаи фарҳанг, китобхона, коргоҳҳои  оҳангариву дуредгарӣ, инчунин, ошхона - чойхона ва  барои сайёҳони хориҷиву ватанӣ  меҳмонхона дар лаби дарёчаи Курговад, дар таги чанорҳои азамат  мебошад. 
Деҳотиён  аз ҳар порча замини санглох самаранок  истифода бурда, дар доманакӯҳҳо боғҳои зардолу, себу гелос, тут, олуболу ва анору анҷир бунёд кардаанд. Дар ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ зодагони деҳа саҳми арзанда мегузоранд. 
Дар ин хусус  сокини деҳа  Хайрулло Абдуллоев    бо  қаноатмандӣ гуфт, ки яке аз чунин ашхоси накукор ва ҳимматбаланд директори корхонаи  кимиёвии ноҳияи Ёвон Насриддин Сироҷов мебошад. Ӯ соли 2020 ба деҳа омада дид, ки ҷавонон ва наврасон майдони варзиш надоранд. Ин ҷавонмарди саховатпеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар яки моро мебояд, ки  Ватан, Тоҷикистонро обод намоем» - ро ба ҷо овард. Дар шафати  бинои мактабе, ки онро бо баҳои аъло хатм намуда буд,  майдони варзиш барои бозии  футболу волейбол сохт. Барои  ин  амали хайру   шоиста ва ватандӯстона имрӯзҳо аҳли деҳа ва, пеш аз ҳама,  ҷавонону наврасон  ба  Насриддин Сироҷов  таҳсину офарин мегӯянд.  
Ҳоло дар саросари кишвар, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз соҳибкорон ва шахсони  боҳиммат дастуру  ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро  ба ҷо оварда, дар доираи истиқболи Ҷашни  35 - солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалҳои ободонӣ  ва созандагӣ машғуланд.  
Аз ҷумла, парвардаи деҳаи Курговад, соҳибкори муваффақ Назриалӣ Гадоиев  шаш сол муқаддам  аз дарёчаи кӯҳии  макони  дурдасти  Нӯлаи Навид ва Зардикав аз масофаи  қариб 8 километр хати обгузар сохта, як қисми  заминҳои солҳои дароз бекорхобидаи мавзеъҳои Рушкиф ва Зартеғро обёрӣ намуда, ба киштзори ҳосилхез ва боғҳои мевадор табдил дод. Дар  чарогоҳи тобистонаи Дараи Курговад барои даҳмардаҳо хона ва барои нигоҳубини чорво кашар  сохт. Роҳи ҷониби маҳаллаи Пуни Деҳро тахту ҳамвор кард. Насриддин Сироҷов ва Назриалӣ Гадоиев,  ҳамчунин, ба маъюбону ятимон ва дигар қишри ниёзманди деҳаҳои Курговад ва Пошхарв мунтазам ёрӣ мерасонанд, ки аз рӯи оини ҷавонмардӣ мебошад. Дар шаъни  чунин ҷавонмардони саховатманд ва ҳимматбаланд шоир хуб гуфтааст:
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2022    №: 91    Мутолиа карданд: 451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед