logo

иҷтимоиёт

ЗАБОНИ ИМПЕРИЯИ ФАРҲАНГӢ

Сиёсати фарҳангсолори Президенти кишвар, ки намоиши “Пайкари миллат”-и коргардон Давлат Убайдуллозода ба тақвияти он аст, ду гуҳари муҳим дорад: арҷгузорӣ ба хотираи таърихии миллат ва бузургдошти забони модарӣ. Ин сиёсатмадори навтарини мо Дорои Ҳахоманиширо ба хотир меандозад, ки ба ифтихор изҳор дошта буд: “Ин катибаро (манзури у “Катибаи Бийсутун)” - и машҳури Ҳахоманишиён аст, ки дар чоряки охири а. VI то милод канда шуда” ва “он дар забони орист” – ϑātiy dārayavauš xšāyaϑiya šnā auramazdā i(y)am dipimaiy ty(ām) adam akunavam patušam ariya āha uta pavastāyā uta čarmā graθita āha.(DB, V, 78). Хотираи таърихӣ дар иртиботи тавъамон бо забони миллии соҳибони он хотираи таърихӣ аз ҳама муҳим миллатро (ба таъбири юнониён ἔϑνος ки дурусттар аст) аз нобудшавӣ мераҳонад, аз таҷовузи фарҳанггадоёни аҷнабӣ эмин медорад. 
Хотираи таърихӣ бо забони миллӣ ҳувиятсоз ва тамаддунофар аст. Тамаддун, ки аслан ҳамафарогир ва дар аксари маврид фарогири фарҳангҳову ἔϑνος-ҳои гуногун аст, танҳо аз  ба ҳам дар як шакли яклухти омадани хотираи таърихӣ ва забони умумие барои чанд мардуми ба ҳамдигар хеш ё дар як иттиҳоди забонӣ ё конверентӣ қарор дошта вобаста аст, ки на ба ҳама миллат даст медиҳад. 
Миёни мардуми шарқииронӣ дар паҳлуи хотираи таърихии ориёни ғарбӣ, ки онро бар асари симбиозии дурудароз, доштани иттиҳоди пайвастаи ҳамешагӣ бо ориёни ғарбизабон пазируфтаанд, бархе нишонаҳои хотироту таърихии сирфи ишон низ истода. Дар ривояти суғдии Рустами Бабрибаён агар ҳаванди тарҷумаи (аз форсии миёнаи) ғарбииронии ин персонажи ҳиндуаврупоӣ – чунонки аз эпитети бабрибаёнии ӯ бар меояд, (як персонаже дар нигораҳои Чатал Ҳиуйуки наздики Анкараи кунунӣ – ҳазорсолаи IX то милод бабрибаён аст), дар сарводаи скифӣ-сарматӣ нишонаи сарводаи сирф шарқииронӣ рӯшан аст. (бегумон, агар мо сарводаи Рустамро аз нигоҳи дигари этимологиву фарҳангӣ-таърихӣ пажӯҳиш кунем. ( A.Christensen, Le types du premier home et du  premier roi dans l`istoire légendaire des iraniens, -Brill Leide, 1934) тақрибан 100 сол пеш Рустамро қаҳрамони скифӣ пиндошта буд), дар ҳоле ки шояд персонажи умумиорӣ бошад. Агар Кристенсен ба маводи сирф ғарбииронӣ, бавижа ба маводи Ависто дурусттару жарфтар менигарист, ӯ ба натиҷаи дигар мерасид ва ин пиндори ӯ миёни донишмандон пазиро мегашт. (Ман ин масъаларо дар мақолаи ба этимологияи навини Рустам бахшидаам муфассал пажӯҳидаам).
Забони ҳама гуна фарҳанг  дар оғозашон якто асту то охири татаввури таҳаввули он (фарҳанг) мемонад: шумерӣ як забон дорад, ҳиндӣ ҳам ки он забони ҳиндист дар маҷмуъ. Фарҳанги орӣ ҳам як забон дорад.  Забон бо мурури замон, бегумон, аз нигоҳи забоншиносӣ таҳаввулу татаввур мекунад то ҳадде ки варианти куҳану оғозишон пас аз се давраи татаввур ба мардуми аслии он тамоман номафҳум мегардад, вале номи оғозии умумии  он ҳамешаяк аст. Академики  рус Д.Лихачёв ба мавриди тарҷумаи (асари адабиёти  куҳани рус) “Слово о полку Игороие” гуфта буд, ки “Это перевод с русского на русский”. Дар Ҳиндустон ва дар ҷаҳони славянӣ забоне ба унвони (аз нигоҳи забоншиносӣ, бегумон) забони ҳиндӣ ё забони славянӣ ба таври мушаххас вуҷуд надорад, лекин ҳамаро дар маҷмуъ, забони ҳиндӣ ё славянӣ ном мебаранд. Як забон ду паҳлу (фаҳмиш) дорад: забони мушаххас аз нигоҳи забоншиносӣ ва забони умумии фарҳангӣ. Яъне, забони ҳиндӣ – забони фарҳанги ҳиндист, забони славянӣ – забони фарҳанги славянӣ. То ҷоеро ки забони кҳали болиро мо забони ҳиндӣ мегӯем. Манзури М. Иқбол ҳам аз ҳиндӣ (ҳамин) забони фарҳанги ҳиндист; чунонки дар ин байти уст: Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст // Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. (дарӣ ҳам ин ҷо ба маънии забони фарҳанги ориён аст, ки дар ин бора ба поёнтар мегӯям).
Забони фарҳанги ории мо орист. Дар як катибаи Доро омада: ϑātiy dārayavauš xšāyaϑiya vašnā Auramazdāha i(y)am dipimaiy ty(ām) adam akunavam patišam ariya āha uta pavastayā uta čarmā graθita āha: patišamaiy patikāram akunavam (DB,V, 90) ай: “Мегӯяд Дорои шоҳ: ба хости Аҳурамазда’ст ин катиба, ки ман кардамаш. Гузашта аз ӯ дар [забони] орӣ буд (ай орӣ буд)... Дигар, дар катибаи дар Нақши Рустам кандаи худ (DNа,14) гуфта, ки: “ ϑātiy dārayavauš xšāyaϑiya xšāyaϑiyānam … vištāspahya puçra Haxāmanišiya pārsa pārsahya puçra ariya ariyačiçra…”ай: “Ман Дорои шоҳам... Виштоспро пур, ҳахоманиш(ӣ), порс, порсро писар, орӣ, оризод (айнан: орйачитра)”.    
Ҳар чанд ки ҳамчун номи  ἔϑνος  дар ономастикони фаровон аст,. дар Ориёи Шарқи (Ирони Шарқӣ), ки аз калимае, ки аз он номи форсро даровардан мумкин аст  (ки ҳамагӣ аз Pārsu- /Pārsava-маншаъ мегиранд (Э.А.Грантовский, ҳамон асар, с-ҳои 167, 169), кишвари зодбумии ориён – меҳани Зардушт кишвари ориёиҳое, ки ҳамроҳи ориёни Ғарби Ирон (Аншан – шояд биномем) кӯч набастаанд, ба унвони Ариане (дар манбаъҳои юнонии пас аз истилову шикасти империяи Ҳахоманишиён аз ҷониби Александри  Румӣ) номида мешавад. Ин кишварро ҳамон манбаъҳои юнонӣ ба номи яке аз вилоятҳои машҳуру маълумаш кишвари οἳ Βατριάνοι ё τόν Βατριον ἔϑνος низ ном мебурдаанд, ки як кишварест,  ки дар шарқи сарзамини ориён, ки дар шарқаш бо Ҳинд, дар ҷанубаш бо баҳри Араб, дар ғарбаш бо Порту Моду Карманиа ва Парайтакене ҳамвиманд (ҳамҷавор) буда, дар шимолаш қаторкӯҳҳои Паропамисус, ки то дарвозаҳои Хазаранд, доман кашидаанд ва Дрангиана, Арахозиа, Гедросиа, Карманиа, Ареа, партҳене шомили онанд, ҳамчунин, андак ҳудуди Моду Форс ва аз шимолаш бархе пораҳои Бохтару Суғд, ки забоншон аз ҳамдигарӣ андак тафовут доранд, фаро мегирад, гузашта аз ӯ ἔπε κτείνεται δὲ τοὔνομα τῆς Αριανῆς μέχρι μέρους  τιν ὸς καὶ  Περσῶν καὶ Μήδων καὶ ἔτι τῶν πρὸς  ἂρκτων  Βακτρίον καὶ Σογδιανῶν εἰσὶ γάρ πως καὶ ὁμόγλωττοι παρὰ μικρόν (Страбон, XV,2,8). Ин гуфтаи Страбонро ман дар мақолаам “Миҳани зодбумии ориён тибқи манбаъҳои юнонии “Παρϑικά” батафсилтар баррасӣ кардаам). Агар Ἀριανή-и   манбаъҳои юнонӣ номи географӣ ҳам бошад, ҳаст. Вале чизе дигар мусаллам аст, ки юнониён ва аз пайи ишон ҳама мардуми ойкумен мардуми зодбуми он – ниёгони мустақими тоҷиконро бештар бо номи фарҳангиашон мешинохтаанд. Юнониён арианҳоро аз дигар мардуми βάρβαρ (ба истилоҳи худи ишон) ҷудо карда ба ишон хеле арҷ мегузоштаанд, ки бо лақаби εὐεργέται  (айнан: “кирфагар”) низ номшон мебурдаанд.
Фарҳанг дар шева-забони ҳамон забоне, ки бо он оғоз ёфтааст, давом меёбад. Он шева-забон яке аз ҳавандҳои таърихан татаввурёфта аст, ки аз нигоҳи фарҳанг руҳи онро пурра ифода мекунад, ҳар чанд ки аз нигоҳи забонӣ дигар гаштааст. Татаввури забон аз нигоҳи забоншиносӣ амри воқеӣ ва ҳатмист. Ҳатто дар сурати ба таври сунъӣ сохта давом додани шакли оғозии забони фарҳангӣ (ин бештар ба забонҳои динӣ рух медиҳад) дар паҳлуи он забони дигаре ба таври табиӣ ба пайдо меояд. Дар паҳлуи санскрит ҳатто дар давраи куҳан пракритҳо пайдо шудаанд, дар паҳлуи забони калисоии русӣ, як русии дигар, дарӣ-дарии дигар,  иврит-идиш. Табиист, ки забон аз забони оғозии фарҳангӣ татаввурёфта ки давом ёфтани фарҳангро таъмин мекунад, метавонад, ки ном дигар кунад (ва ин бештар аз тариқи Nebenüberlieferung-ҳои худ он фарҳангу он забон ба вуқуъ мепайвандад). Ба пиндори ман, забони мо ҳамеша орӣ буд ва худи мо – ориёиҳои ғарбизабон забони худро орӣ (ориёнӣ) мегуфтем ва дигар худро агар  шояд аз забони дигарон дигар ҳам номида бошем, вале ҳамеша медонистем, ки орием.
Яке аз марҳалаҳои хеле ва хеле муҳими (татаввури) забони фарҳангии мо – дарист. Ва марҳалаи хеле пурифтихори фарҳанги ориён аст. Дарӣ, ки аз нигоҳи забоншиносӣ давраи сеюми татаввури орӣ (иронии) нав аст, тақрибан ба асрҳои 2-3 милодӣ баруз карда, дар як муҳлати кӯтоҳ ба (тақрибан) а. VI пурра забони портиро аз истеъмол баровард (барои тараққии забон ин муҳлати хеле кам аст), портӣ (парфянӣ)-еро, ки хеле забони муқтадир буд, анъанаи хаттӣ, адабиёти асил дошт (ки ориёни Аншан – ғарбиирониён осори онро, ки ба забони ишон хеши хеле наздик буд, ба забони худ гардонда, адабиёти худро ҳам паҳлавӣ номидаанд) ва яке аз забонҳои асосии монавиён (чунонки аз ёдгориҳои Турфани Чин бармеояд) буда буд. Нахустин осори насрӣ (тақрибан сад дарсади осори насрӣ) дар ҳамин забон аст (G. Lazard, La langue des plus anciens monuments de la prose persan, Paris, 1963). Нахустин бор шеъри давраи сеюм дар ҳамин ҳудуди паҳншавии дарӣ ба пайдо омадааст. Аввалин фармонфармоёни дуронӣ (пашту) ҳамин забонро дар коргузории худ пазируфтаанд. Агар хиёнати ҳамзабонони Аншании мо намебуд, забони дарӣ забони расмии коргузории арабҳо низ шояд мегашт (он замонҳо тақрибан то а. 12 дар қаламрави Аншан забони форсии миёна (ба истилоҳи забоншиносони кунунӣ) забони динӣ ва коргузорӣ буда ва забони дар паҳлуи он дар тараққии шеваи сирф форсии ории (иронии нав ё ории аншанӣ) ҳанӯз забони коргузорӣ, расмӣ нагашта буд). Бузургтарин осори назмии давраи нави орӣ (иронӣ), мисли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, осори шуарои хуросонӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавиву осори дигар файласуфон, Аттору Саноӣ, шуарои сабки хуросонӣ дар маҷмуъ ё ба ҳамин шеваи дарӣ навишта шудаанд ё ба забони замони омезиши шеваҳои аншаниву арианӣ (шарқиарӣ) (шарқииронӣ) тааллуқ доранд. Ҳамин шеваи дарӣ буд, ки боиси густариши фавқулодаи забони (ба истилоҳи забоншиносӣ) навини орӣ дар нимконтиненти Ҳиндустон гашт, ки бар асари он дар минтақа забони навини кҳали болӣ (ҳиндӣ ба истилоҳи фарҳанг) ба асри XVI арзи вуҷуд кард, адабиёти форсизабони Ҳинд, осори хаттии форсии яҳудиён дар шеваи дарӣ ба пайдо омад.    
Номи ин забон дар асл дарӣ набуд, шояд  ҷуз ки орӣ. Зеро ин забони аҳолии зодбумие буд, ки онҳоро – чунонки гузашт - οἳ Βατριάνοι (“бохтариён”) ё τόν Βατριάνον  ἔϑνος    (“мардум (қавми) бохтарӣ), ё [қавми] ё Ἀριανή (“мардуми Ариана”)   то (эҳтимоли фаровон меравад, ки) мардуми Vahu- Dāitya- (ки аз он бисёр хуб калимаи тоҷикро даровардан мумкин аст) меномиданд. Ҳама манбаҳои юнонӣ (Эратостен, Мегафен, Апполлодор, Курсий, Диодор, Плутарх, Полиен, Арриан ва ғ.) барои ин мардум айнан ҳамон астаро муқаррар кардаанд, ки Страбон (География, XV, 2,8 – чунонки дар боло овардем). Ҳар чи ҳаст, номи ин марҳилаи забонӣ фарҳанги орӣ – дарӣ бояд бошад, чи тамоми мардуми ғарбиории (ғарбииронии) ин сарзамини οἳ Βατριάνοι/τόν Βατριάνον  ἔϑνος /Ἀριανή  ҳамеша забони худро орӣ хондаанд: Дорои шоҳиншоҳи Порс, фарзанди порсу оричиҳр (-чунонки дар боло гузашт), модҳо, ки тибқи гуфтаи Ҳеродот “то омадани Медеи   Колхидӣ аз Афина” (επκομένεδές Μῆδείης τῆς Κόλχιδος ἐξ Ἀϑηνέον) ҳам ишонро ариҳо (Ἀριοὺς) мехондаанд, ҳатто нигорандаи катибаи Сурхкутал (H.Humbach, Die Baktrische Sprachdenkmälar.-Münich, 1976. –S. 108) забони катибаашро орӣ номида.(Дар ҳоле ки забони бохтарӣ, ки пештарҳо онро этеобохтарӣ меномиданд, аслан ба забони пушту ва йидға хешӣ дорад, на ки ба забонҳои ғарбии орӣ  чунонки дар боло гузашт). 
Дар як ҳудуди паҳновари платои ориён (маъмулан шарқиирони мегӯяндаш) - аз сари биёбонҳои Дашти Лут ва Дашти Кавир то канорҳои рӯди Ганга (ки дар давраи куҳантарину куҳан онро Aryavard мегуфтанд)- дар ҳудуди кишвари Ариана (Άριανή), ки ба номи гуҳари фарди ин кишвар Бохтари таърихӣ, ки тибқи манбаъҳои  юнонӣ дар шакли [кишвари] οἳ Βακτριάνοι  ё τον Βακτριάν ἔθνος) синоними  Ἀριανή  буд, забони орӣ густариш ёфта буд, ки онро бо номи дигар - дарӣ ҳам ном мебурданд. Ҳирфавиён онро маъмулан забони дарборӣ шарҳу тафсир додаанд, яъне забони дарбори Сомониён,  ки дар шарқи кишвари ориён як давлати муқтадири сирф орӣ сохта буданд. Аксари ин ҳирфавиён фаромӯшидаанд,  ки забони дарӣ (ё порсӣи дарӣ) хеле пеш ҳамчун забон ташаккул ёфта буд ва ҳанӯз ба асри  VI забони соҳибхати пуриқтидори бо динии паҳлавӣ (портӣ)-ро, чунонки гузашт, танг карда буд. (Шояд бад-ин раванд сохт (хелӣ) элиниза гаштани ҷомиаи онвақтаи кишвари Порт ва ҳатман (бегумон) наздикии шеваи гуфторӣ (забони гуфтугӯи)-и ҷомиаи Ариана ва забони паҳлавӣ сахт мусоидат карда бошад). Шояд барои ҳамин шеваи дариро паҳлавӣ ҳам хондаанд? Вале номи ин шеваи дар шарқи кишвари ориён роиҷ буда, ҳар чанд ки маъмул буда буд - набояд дарӣ бошад, аз забони дару дашт. Яъне,  ман гуфтаниам ки  [….]  дарӣ аз калимаи дар аст, ки дар худи ин шева-забон маънии даштро дорад* ва дар забони паҳлавӣ ҳам, чунонки дар матни ”Ҳувидагмон” аст . ̓ g ̓ m  ky  bwǰḫ  ̓ w mn o  ̓c hw  ǰfr  ̓ bn ̓s  // ̓ wt  ̓̓c dr t ̓ ryg o cy hmg   ̓ wdǰn  ”Магар маро мераҳонда  бошад  бо хоҳиши том аз ин обнуси жарф ва аз он дари торик ки он ҷо ҳамаст дижан?”)
Дигар, дар Nebenüberlieferung-ҳои худ дарӣ мардуми сарзамини Ариана бо вилояти машҳураш Бохтар - мардуми кишвари зодбумии ҳама ориён (ирониён) - астаи ба таъбири Диодорус Сикулус Ζαθραύστης παρὰ τοῖς Ἀριανοῖς   (“Зардушти Арианҳо”) ἔθνος-и тоҷикро ҳамчун орӣ ва оризабон мешинохтаанд.
Забони нави орӣ-ба таъбири фарҳангӣ шакли навини забони орӣ дар муддати дурударози таърихӣ барои густариши фарҳанги орӣ ва орӣ-арабӣ, дар ҳифзи фарҳанги ориён аз нестшавӣ аз чанги турку муғулу араб саҳми фавқулода бузург дорад.
Муаллифон хеле бамаврид ва огоҳона зарурати забонро дар густариши фарҳанг таъкид кардаанд.
Дар татаввур, ранг гардондани фарҳангҳо низ аслан (дар баробари факторҳои дигар) забон саҳми муҳим мегирад. Ин аслан замоне рух медиҳад,  ки забони доимӣ амалкунандаи (бегумон аз нигоҳи фарҳангӣ) мисли ин ки ҳамаи имконоти худро масраф мекунад. Вале забони (аз нигоҳи фарҳангӣ) нав аз ҷиҳате ба забони маъмулӣ (бо хотираи таърихӣ, хешии забонӣ ё пайванда иттиҳоди забони доштан) иртиботи  то вобастагии ногусастанӣ дорад. Миллият ҳам ҳамеша ду ниҳод (паҳлу) дорад; миллияти дар чорчӯбаи сиёсат ва миллати дар чорчӯбаи фарҳанг. Баъзан миллатҳои гуногун дар як миллати фарҳангӣ ба ҳам яклухт (муттаҳид) мегарданд, ки дар ин раванди муттаҳидгардӣ ҳатман забон саҳм мегардад. Шоири уругваӣ Мигел де Унамуно limit de Ispan͂ia e espan͂ol “Марзи Испания забони испанист” гуфта, ки ин тезиси ӯро шоири тоҷик Бозор Собир (бо ташреҳи муфассали бадеӣ) чунин такрор карда: “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст”.
 
Ба пиндори ман, руҳи умумии намоишномаро андак рамзи зардуштизм (ки онро тақрибан ҳама донишмандон, ки худро ба маздаизм донишманд мешуморанд, пазируфтаанд), ки коргардон корбаст карда, коҳонда, дар ҳоле ки ин тамоман нодуруст аст, чи,  нахуст, ба руҳи зардуштизми  асили арахозӣ комилан носозгор аст. Ин нуктаро “Падари таърих” (Ҳеродот, Тфърих, II, 131) таъкид карда: Πέρσας δὲ οἶδα νόµοισι τοιοῖσι χρεοµένους ἀγάλµατα µὲν καὶ νεοὺς καὶ βωµοὺς οὑκ ἐν νοµῳ ποιευµένους ἱδρύεσι, ἀλλὰ καὶ τοῖσι ποιεῦσι µορίεν  ἐµφερουσι, ώς µὲν ἐµοὶ δοκέειν, ὃτι οὐκ ἀνθροποφυέας ἐνόµισαν τούς θεούς κατά περ οἱ Ἓλλενες  εἲναυ.- “Урфу одате, ки ман дар форсҳо мушоҳида кардаам ин аст. Онҳо пайкараи худоёнро намегузоранд, парастишгоҳу меҳроб намеандозанд. Ва  ҳар киро, ки ин корро мекунад, аҳмақ мешуморанд. Ин ба пиндори ман, аз он аст, ки ба пиндори онҳо сиришти худоён мисли сиришти инсонҳо нест, чунонки ҳеллениҳо мепиндоранд *” Ҳеродот Таърих.ҷ.1,131)
Худо ё худозани болдор ҳамчун рамзи дин дар маҷмуъ, дар Дунёи  Куҳан (шояд на дар ҷома ҷои он), бавижа, дар  Месопотамиа* ва Мисри Қадим*  хеле маъмул буда буд ва онро  Маздопарастони аншании ориён шоҳони Ҳахоманишин, бахусус пазируфтаанд. Рӯйи китоби “Авеста*”-и В.И. Абаев, ки соли 2015 шогирдони ӯ пас аз сари ӯ ба табъ расондаанд ва китоби академики Тоҷикистон Ю. Яъқубов “Гоҳномаи Авастоӣ”-ро ҳамин Худои болдор ҳамчун рамзи дини зардуштӣ оро дода аст. Ба пиндори мутарҷим ва муфассири  навини “Тавърих”-Ҳеродот Раулинсон инро форсҳо ҳамчун рамзи дини хеш аз мардуми ошурӣ (ба нақл аз Llayard`s Nineveh, -Vol.1.-Chap. V), аллакай,  дар замони Дориюш пазируфтаанд, ки ин аз пайкараҳои Персополис, Нақши Рустам, Бийсутун, etc.) рӯшан аст. -  Thus the Persian were able, without the sacrifice of any principle, to admit it as religious emblem, which we find them to have done, as early as the times of Darius, universally (see the sculptures at Persepolis, Nakhsh-i-Rustam,  Behistun, etc.). – G.Rawlilinson, apud  Herodotus Histories.-Wordsworth Classics of  Word  Literature.1996. –S. 108).
На ҳама империяҳои бузурги сиёсии ҷаҳонро муяссар гашта, ки дар паҳлуи он империяи сохтаи худ империяи фарҳангӣ созмон бидиҳанд ё пас аз гузашти айёми фармонфармоии худ як фазои яклухти фарҳангӣ ба мерос бигзоранд. Дар ҳар як фарҳанг як забоне саҳм мегирад ё гуҳари фарди онро ташкил медиҳад. Маҳз туфайли забон анъанаи империясозӣ ё андешаи империалӣ арзи вуҷуд мекунад. Ва дигар, агар он мардумеро, ки дигар сохтани империяи нав муяссар намегардад, он фарҳанги дар империя сохтаи ишон давом меёбад. Баъзан фарҳангҳои (тамаддун) муҳташам боиси пайдоиши империяи сиёсӣ низ мегарданд. Ҳич забони дар замонҳои қадимтарину қадим натавониста, ки империяи сиёсии муқтадир ба пайдо биёрад. Ба ҷуз забони орӣ (ориёнӣ). Забони муқтадири орӣ тақрибан 15 аср пеш аз нахустин империяи ҷаҳонӣ – Ҳахоманишиён арзи вуҷуд карда. Ин забон яке аз нахустин забонҳои поэтики ҷаҳон аст, забони аввалин дини монотестии оламиён, забонест, ки дар он нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эҷод гашта. Аҳли «шуғли тадбир низ» борҳо дар ҳамин забон тасмим мегирифтанд, ки мардумони ориро ё дар гӯшаи ғарбтарини ориён – кишвари моду форс ва дигарон, ё дар шарқтарин пораи онҳо паҳлуи рӯди Ганг – Орйовард будаанд, аз харобиву нобудгардӣ бираҳонанд. Донишмандон бар инанд, ки кӯшониёни аввалҳои ҳазорсолаи нахустини милодӣ, агар ҳам фармонфармоёни Ҳинд буданду то андозае ҳелленизагашта, борҳо ба ҳимояи фарҳанги ории худ бархостаанд ва ҳамеша бо мардуми Тайсафун – кишвари ғарбтарини фазои ории хеш дар иртиботи пайваста будаанд, ки ин танҳо дар забон имконпазир буд ва ҳамин нуктаҳоро коргардон хеле ҳунармандона ба маъраз гузошта. «Шуғли тадбир»,  ки ба фаъолияти фарҳангсозӣ ва эҳёи 12 хонадони сиёсатгари ориёии Шарқи кишвари ориён, ки дар олами араб аз нахустин ва беҳтарин давлатро сохтаанд, ба фарҳанги милливу забони модарӣ вобаста аст. Яке аз вижагиҳои муҳими давлатдории Сомониён ин буд, ки ба забони орӣ шоҳони он таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд. Фарҳангиён, шоиру адибон, эҷодкорони давлати Сомониён барои ҳифзи фарҳанги волои худ тақрибан ҳамон кореро анҷом додаанд, ки аҷдоди пешинашон анҷом додаанд.  Ҳар чанд ки пас аз марги Александри Румӣ юнониёнро муяссар нагашт то империяи сиёсӣ мисли Ҳахоманишиён ҳамсояҳои худ бисозанд, вале империяи фарҳангии Ҳелленӣ тавонистанд сохтан – забони юнонӣ ҷои оромиро гирифт, дар ҳама ҷо ба он гап мезаданд – аз Ҳинд то Йаксарт (рӯди Сир) аз Александрия то Марсел, танҳо забони йунонӣ – омили асосии муттаҳидии фарҳангии онҳо гашт. Он империяи муқтадири фарҳангии юнониро, ки нахустин бор ҷаҳони куҳанро шикаста, ҷаҳоне нав сохта буду то миёнаҳои асри I то мелод давом кард, танҳо ҳамчун забони миллӣ (фарҳангиву расмӣ) пайдо шудани забони орӣ (дарӣ, паҳлавӣ  ) – ягонагии ориёнро таъмин карда буд. Коргардон бо саҳнаҳои ҷолиб тавониста, ки муҳимтарин падидаи фарҳангӣ, ҳувиятсоз, шиносномаи миллат будани забонро, ки дар саҳнаи хотимавии – ҳусни мақтаи спектакл – дар гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ба зеҳни тамошогар биншонад.
Забони гузашта аз он, ки асос, рукни муҳим, асоси оғозаи фарҳанг аст, рамзаш низ ҳаст.
Тасмимгарии “шуғли тадбир” дар сухан ифшо меёбад дар нутқи полифонии ҷомеае, ки "шуғли тадбир" бунёд мекунанд ва  дар симои мардуми солор. Марди "Шуғли тадбир"-и намоишномаи Д. Убайдуллозода  дар ду давра  солор аст, дар давраи нав- ҷавон- рамзи пирони “шуғли тадбир”-и навин дар симои марди ҷавон, ки ҳар ду марди солорро (дар  намоиш Ибодулло Машрабов, ки бо ҳастии худ рамзан дуягонагиро таҷассум мекунад) мепазирад (ҳунарманди ҷавон Машрабов) пас аз ифшои тасмими навин ӯро аз даст гирифта, ба пеши саҳна меорад) ва ин ба таъкиди он аст,ки ман меросбари ту ва шумоям, ки бар натиҷаи ин амали воқеан, рамзӣ ва жарф поэтикӣ тримуртӣ (сеягонагӣ) ба пайдо меояд. Тримурти (сеягонагӣ) аз пиндорҳои хеле муҳими мардумони ҳиндуаврупоӣ, бавижа ҳиндуорӣ аст ва инро ба саҳна кашидан маҳорати бисёр волоро хостор аст.
Ҳар миллате, ки андешаи империалӣ дорад, ҳатман соҳиби “шуғли тадбир” аст- ё дар шакли дурусту дағал- бо сохторҳои низомӣ, бо  ҳукумат-гарии туфайлӣ мисли derin devlet (мазмунан; давлат дар давлат  ё ҷомиаи ИМА), ё дар шакли  иттиҳоди неруҳои фарҳангиву ҷомиаи ҳукуматгар (мисли император Л.А. Толстой ва сулолаи Романовҳо дар Руси то асри ХХ, ки онҳо ба таври хели табиӣ ба сари худ аз пеши худ (спонтанно) ба ҳам меоянд).
Убайдуллозода бо маҳорати баланди худ ба забони фарҳангӣ ории  волои  мо пайкари воқеан сазовор ёфтааст. 
Намоиши навини коргардон Убайдуллозода аз рӯи пйесаи «Пайкари миллат»-и Ибодулло Машраб, ки як илҳомест аз асари «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими сиёсати фарҳангсолории Сарвари кишвар, ки гуҳари фарди онро бузургдошти забони модарӣ – забони ории мо, ки як марҳалаи тамаддуни ҷаҳониён дар он аст, ташкил медиҳад, дар тарғибу ташвиқи миллати тоҷик, бавижа, ҷавонон ба шинохти дурусти ҳувият, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаву кунунии худ, гиромидошти фарзандони сарсупурдаву сазовори миллат саҳми фавқулода муҳим хоҳад гирифт. Ин аст, ки ман пешниҳоди Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012) Убайдуллозода Давлаталӣ Убайдуллоро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи театр бисёр бамаврид ва сазовори дастгирӣ мешуморам.
 
Бобохон Бобоназар ҒАФОР
 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16 - 17.05.2022    №: 91-92    Мутолиа карданд: 578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед