logo

Хабарҳо

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Профессор Ғаффор Ҷӯраев аз зумраи донишмандоне мебошад, ки  дар рушди илми забоншиносии тоҷик нақши муниру мондагор гузоштааст. Ӯ бо силсилаи таҳқиқоташ дар омӯзиши забон садҳо гиреҳи нокушударо  боз намудаву дар ин бобат асарҳои зиёди арзишманд офаридааст, ки  ба онҳо шарқшиносони машҳур баҳои баланд додаанд. Ин нукта зимни баргузории мизи мудаввар, ки ба хотири гиромидошти  донишманд Ғаффор Ҷӯраев дар Китобхонаи миллӣ доир шуд, зикр гардид.
Одилҷон Алиев, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зимни суханронӣ Ғаффор Ҷӯраевро аз машҳуртарин забоншиносони ҷумҳурӣ муаррифӣ карда гуфт, ки ӯ умри худро сарфи таҳқиқу баррасии ин соҳаи илм намуда, вобаста ба масъалаҳои гуногуни забоншиносӣ беш аз 250 китобу рисолаҳо, монография ва мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ  таълиф кардааст.
Фаъолияти омӯзгории Ғаффор Ҷӯраев низ назаррас арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки ӯ дар баробари таҳқиқу омӯзиши забони тоҷикӣ 60 соли умри хешро сарфи таълим ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ намудааст.
Сахидод Раҳматулло, профессор, гуфт, ки устод Ғаффор Ҷӯраев дар матншиносӣ, нақди адабӣ, тарҷума низ  нақши назаррас дорад.
Устод соли 1961, баъди  хатми Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ДДОТ) ба  Институти забон ва адабиёти  ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ омада, дар таълим, тадрис ва тарбияи кадрҳои ҷавон, фаъолият доштанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба вазифаи роҳбари Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, 14 сол дар ин вазифа фаъолият намуду дар амалишавии Қонун нақши зиёд гузошта, бобати ҷараёни татбиқи он зери унвони «10 соли қонуни забон» китобе ба нашр расонд.
 «Луғати шеваҳои забони тоҷикӣ», «Луғати калима ва истилоҳоти нав», «Лаҳҷашиносӣ», «Масъалаи рушди забон аз нигоҳи Президент», «Забон ва истиқлол», аз ҷумлаи китобҳои дигари Ғаффор Ҷӯраев мебошанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед