logo

Хабарҳо

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

Дар доираи сафари расмии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гашт, ки зимни он маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои шарикӣ ва робитаҳои байнипарламентии ду кишвари дӯст баррасӣ гардиданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуд.
Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақавӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон, идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шумурда шуд.
 
 
 
Ҳайати Маҷлиси намояндагон ба Озарбойҷон сафар намуд
Субҳи имрӯз ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард, - иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ  17-18 май  дар конфронси 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку мегузарад, иштирок менамоянд.
 
 
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Ба иттилои вазорат, дар мулоқот таъкид гардид, ки нигоҳ доштани муколамаи эътимодбахши сиёсӣ ва густариши минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ мақсади асосӣ мебошад.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карда, перомуни мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
 
 
Масъалаҳои таъини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гаштанд
Дар доираи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев мулоқот кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дод.
Онҳо пойдории усулҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро, ки асоси ҳамзистии осоиштаи мардумони тоҷику қирғиз мебошанд, зикр намуданд. Гузашта аз ин, масъалаҳои марбут ба таъини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Дар ин замина аҳамияти идома додани музокироти пай дар пай ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он мувофиқ ба манфиатҳои тарафайн таъкид гардид.
Инчунин, тавофуқ карданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори истифоданашуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод чораҳои зарурӣ меандешанд.
 
 
Шараф Шерализода соҳибкорони Мисрро ба ҳузур пазируфт
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Арабии Мисрро, ки бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти шарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо оид бо густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар бо назардошти зарфиятҳои фаровони мутақобил табодули афкор намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2037
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед