logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ (СААД)

16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мулоқоти сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Дар мулоқоти сарварони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.
Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бахшида шуд.
Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ифтитоҳ карда, сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро хайрамақдам гуфт.
Кори ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Никол Пашинян бо иштироки сарварони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, бо имзои санадҳо ва нишасти матбуотӣ хотима ёфт.
Аъзои Шурои амнияти дастаҷамъии СААД татбиқи тамоми қарордодҳои Созмон дар 20 соли мавҷудияти он, инчунин, вазъ дар ҳудуди кишварҳои аъзои Созмон ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқот Изҳороти Шурои амнияти дастаҷамъии Созмон ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД ва қарори Шурои амнияти дастаҷамъии Созмон “Дар бораи супоридани мукофотҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба иштирокчиёни амалиёти посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул карда шуд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2022    №: 92    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед