logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҚАЛЛОБӢ ВОБАСТА БА ЗАМИН
Раис ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд
 
Раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Аловиддин Ҳабибуллоев, ки ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд, ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир гардидааст.
Тавре маркази матбуоти агентӣ хабар дод, ӯ бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,8 гектар аз шаҳрванд «А» 10 000 сомонӣ талаб намудааст. Номбурда аз ин маблағ 5000 сомониашро қаблан гирифта, ҳангоми гирифтани боз 4000-и дигар ба даст афтод.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба А. Ҳабибуллоев бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 
 
 
 
ТАНЗИМ
Қонуншикан ҷазо гирифт
Сокини шаҳри Ваҳдат Иззатулло Холов барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, шаҳрванд Иззатулло Холов ба он айбдор мешавад, ки меъёри моддаи 11 банди 2 Қонунро риоя накардааст. Аз ҷумла, дар рафти санҷиш аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ваҳдат муайян шудааст, ки номбурда бе гирифтани тавсиянома аз комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим моҳи марти соли ҷорӣ маросими соли додарашро дар рӯзи корӣ (аз соати 9:00) бо додани таом баргузор намудааст.
Вобаста ба ин амал, суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Иззатулло Холов бо дастрасии қисми 5 моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дар намуди ҷарима таъин намуд.
 
 
 
ДУЗДӢ
Боздошти марде, ки даст ба ин ҷиноят зад
 
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Кӯшониён марди 26-солаеро дастгир намуданд, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад. 
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, ки гумонбар 12 майи соли ҷорӣ пинҳонӣ ба нуқтаи таъмири нақлиётӣ,  воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти Нави ноҳия ворид шуда, аз он ҷо 60 балон, 15 диск ва 1 адад камераи мушоҳидавиро дуздидааст. 
Зарар 21 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2022    №: 92    Мутолиа карданд: 2559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед