logo

Хабарҳо

Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

Дар асоси қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ 30 майи соли равон, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ доданд. 
 
Дар иҷлосияи навбатӣ баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви  Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва  «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин, пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назар дошта шудаанд.
 
 
 
 
Ҳайати Тоҷикистон барои расондани таъзия ба АМА сафар кард
Бо дастури Роҳбари давлат ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода, раиси Маркази исломӣ ва раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Шарифӣ Баҳодур дар шаҳри Абу-Дабӣ бо Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид оли Наҳён мулоқот намуда, аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид оли Наҳён таъзия ва тасаллият расонд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
 
 
 
 
БАДАХШОН.  ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА БИНОИ СУДИ ВИЛОЯТ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 16 майи соли ҷорӣ, соати 18:30  саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Улфатхоним Мамадшоева ва шахси дар ҷустуҷӯ қарордошта Алим Шерзамонов дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсондани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. 
 
Дар изҳороти Вазорат омадааст, ки соати 20:40-и ҳамон рӯз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш. Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни раёсати ВКД дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконданд.
Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода, корманди шуъбаи фаврии РҚД ВКД, капитан Шуҳрат Қамишев ва командири взводи таъиноти махсуси қисми ҳарбии «Н»-и қӯшунҳои дохилии ВКД, лейтенанти калон Абубакр Файзуллозода ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. 
Ҳангоми пешгирии ҳамлаи мусаллаҳона З. Назришоев захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид.
Дар ҷараёни амалиёт маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода шуд. Барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нисбат ба саркардагони ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед