logo

сиёсат

БАДАХШОН. ФИРЕФТАИ АХБОРИ РАСОНАҲОИ ИҒВОАНГЕЗ НАШАВЕМ!

Шоми 16 май расонаҳо дар бораи гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ хабар дода, қазияи баамаломадаро аз мавқеи худ шарҳ медоданд. Таҳлили матолиби расонаҳои хусусӣ нишон дод, ки онҳо ҳаводисро яктарафа баҳо дода, миёни мардум иғвоангезӣ мекунанд ва бо ин роҳ мехоҳанд дар фазои иттилоотӣ муҳити носолимро ба вуҷуд оранд.
Вазорати корҳои дохилии кишвар пас аз баҳои воқеӣ додани ҳаводис субҳи 17 май дар изҳороти расмӣ баён дошт, ки шоми гузашта як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсондани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Сипас, соати 20:40 бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров ҷавонони фирефташуда бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш. Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконданд. Дар натиҷа, муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Шуҳрат Қамишев ва командири взводи таъиноти махсуси қисми ҳарбии «Н» ҚД ВКД лейтенанти калон Абубакр Файзуллозода ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. 
Барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, нисбат ба саркардагони ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Аз ин пеш прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тариқи телевизони «Бадахшон» изҳорот дод, ки онро барои хонандагон бе таҳрир меорем: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният дар шаҳри Хоруғ чораҳои зарурӣ меандешад. Саркардагон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бошанд, то ҳол бар хилофи талаботи қонунгузории амалкунанда бо мақсади халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ва суботу оромии шаҳрвандон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд. Чунончи, саркардаи гурӯҳи ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров бо саркардагони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов мунтазам дар робита буда, барои боз дар ҳудуди вилоят муташанниҷ гардондани вазъият кӯшишҳо ба харҷ дода истодаанд. Номбурда 14 майи соли ҷорӣ, соати 16:00 бо дастуру супоришҳои Алим Шерзамонов бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсондани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша дар маҳаллаи Хоруғи Боло гирдиҳамоии ғайриқонуниро ташкил намуда, дар рафти он сокинони гумроҳро оммавӣ ба амалӣ намудани фаъолияти экстремистию террористӣ даъват кард. Мувофиқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдорҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 179 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда мавҷуд аст, ки он барои терроризм, яъне кирдори барои ҷамъият хавфнок бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, халалдор намудани фаъолияти Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсондани аҳолӣ ва расондани таъсир ҷиҳати аз ҷониби Мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул намудани қарор, инчунин, таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар менамояд. Кодекси ҷиноятӣ барои ҷинояти мазкур ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ сол то ҳабси якумра пешбинӣ намудааст. Тибқи талаботи моддаи 36 Кодекси ҷиноятӣ шахсоне, ки дар тазоҳуроти ғайриқонунии ашхоси ҷиноятпеша, аз ҷумла Мамадбоқир Мамадбоқиров иштирок карда, дар ҷиноятҳои тарҳрезикардааш ширкат мекунанд, ҳамчун шарикони ҷиноят эътироф гардида, дар баробари ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҳангоми нишон додани муқовимат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба аъзои гурӯҳи террористӣ ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда тибқи қонунгузории амалкунанда чораҳои бетаъхир андешида мешаванд. Аз ин рӯ, аз сокинони шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он қотеона талаб карда мешавад, ки ба тақдири фарзандон ва наздикони худ бетарафӣ зоҳир накарда, онҳо аз доираи гурӯҳҳои террористии Алим Шерзамонов ва Мамадбоқир Мамадбоқиров, инчунин, аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунии онҳо дур карда, дар тарбия ва ояндаи онҳо қарзи инсонии худро иҷро намоянд». 
Воқеан, таассуфовар аст, ки дар шароити ҳассоси амниятии минтақа ва авзои нигаронкунандаи кишварҳои ҳамсоя, бавижа Афғонистон, ки бо ВМКБ марзи тулонӣ дорад, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амну субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд. 
Тамошои чанд акс ва навор дар интернет нишон дод, ки тазоҳуротгарон аксаран ҷавононанд. Аз ин бармеояд, ки ин гурӯҳи ноогоҳ таҳти таъсири доираҳои фурсатталаби ҷиноятӣ қарор гирифта, вазъияти амниятиро дар маркази вилоят осебпазир кардаанд. 
Гузашта аз ин, баъзе расонаҳо аз ин фурсат истифода бурда, ба ҷои он ки мардумро ба иттиҳод даъват намоянд, баръакс бо пахши иттилои носанҷида ва бо такя ба манбаъҳои номуътамад сокинонро ба гумроҳӣ мебаранд. Аз ин рӯ, ҳар нафарро зарур аст, ки ба ахбори расмӣ такя намояд. 
Ба ҷои хулоса чанд нукта аз муроҷиатномаи Амриддин Аловатшоевро ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ меорем, ки кӣ будани Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигар ҷинояткоронро чун нуқтаҳои сиёҳи рӯи авроқи сафед нишон медиҳад: «Дирӯз муроҷиатномаи Боқирро хондам. Аз номи тамоми мардум гап мезанад. Мисли он ки як ҷинояткор неву як дилсӯзи халқ бошад. Боқир, агар дигарон туро надонанд, ман туро нағз медонам, ки мову ту, Хурсанду Мунаввар, Зоҳир ва Толиб ба чи амалҳои нангин даст задем ва вазъияти Хоруғро ба ҳамин аҳвол расондем. Боқир, биё мардона иқрор шавем. Мо ба ғайр аз ҷиноят чӣ кори хуб кардем, чӣ фоида ба мардуми одӣ расидааст? Ростӣ, мардуми шаҳри Хоруғ аз ману ту барин “афтаритет”-ҳо безор шудаанд…». 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2022    №: 93    Мутолиа карданд: 1493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед