logo

иқтисод

ЯК РӮЗИ БАҲОР ПУР КУНАД АНБОР

 
Талошу кӯшиши деҳқонони ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати парвариши зироатҳо, сабзавоту пахта ва мева ба ҳамин мақоли халқӣ рост меояд. Хоҷагии мазкур на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ  машҳур буда, дар тухмипарварӣ ном баровардааст. Соли 2021 кишоварзон аз ҳар гектар пахта 27 сентнер, помидор 300, картошка 270, пиёз зиёда аз 300 сентнер ва ғалла 45 сентнер ҳосил рӯёнда, дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми муассир гузоштанд.
- Майдонҳои кишт ба уҳдаи 1700 иҷоракор гузошта шудаанд, ки онҳо ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти худ – ҳар чи зиёд рӯёндани маҳсулот талош доранд. Бовар аст, ки бо риояи ҳатмии технологияи парвариш ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ мешаванд. Тибқи шартнома иҷоракор уҳдадор аст, ки  ҳар мавсим  афзоиши истеҳсоли  меваю сабзавотро таъмин намояд. Дар сурати иҷро нашудани шартнома дар мавсими дигар ҳамкорӣ қатъ карда мешавад.  Ҳамин аст, ки солҳои охир теъдоди  нафароне, ки  хоҳиши  бо замин сару кор  кардан доранд, дар деҳоти Унҷии ноҳия афзудааст,- гуфт Азамат Қодиров, раиси хоҷагӣ.
Иҷоракор Аҳрор Аҳмадов дар ихтиёри худ 0,62 гектар  замин дошта, нахуст парвариши сабзии барвақтиро ба роҳ мемонад ва ҳамасола ҳосили дилхоҳ мерӯёнад. Вақте бо ҷараёни кори иҷоракор  шинос шудем, маълум гашт, ки  воқеан ҳам, зироатҳо хуб нашъунамо дошта, гирифтани самари хуб аз ҳар ваҷаб замин мумкин аст.  Сабзии барвақтӣ пухта расида, ҳашарчиён  онро ба бозор тайёр мекарданд.
- Шукри деҳқонӣ, ки  рӯзгорамон осудаю серу пур аст. Ҳар қадар ба замин мутобиқ ба талаботи агротехникӣ муносибат намоед, ҳамон қадар  ҳосили дилхоҳро ноил мешавед. Дастури Сарвари давлат оид  ба он ки аз ҳар қитъаи замин на кам аз се ҳосил бардорем, сармашқи кори мо қарор гирифтааст. Баъди сабзӣ парвариши ҷуворӣ, лӯбиёву мош, шалғам ва ғайраро ба роҳ мемонем, -гуфт Аҳрор Аҳмадов.
Ба хотири баҳрабардории хуб аз замину баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд ба тухмии хушсифат таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки дар ин масъала хоҷагӣ  мувофиқ ба талаботи рӯз  қадам мегузорад. Дар ҳудуди деҳоти Унҷӣ, ки заминҳои хоҷагӣ воқеъ аст, 13 нуқтаи фурӯши тухмӣ ва заҳрхимикатҳо амал мекунад. Иҷоракорон  дар ҷараёни кишту парвариш аз онҳо хуб ва бе мушкилӣ баҳра мебардоранд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти  Суғд соли ҷорӣ дар иртибот ба вазъи мураккаби ҷаҳон, болоравии нархи маводи озуқа таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки замин ва ноил шудан ба ҳосили фаровон, захираи хӯрокворӣ  дар мадди аввал қарор дода шавад.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷиҳати татбиқи саривақтии дастури Сарвари давлат ҳоло  дар майдони 2539 гектар кишти сабзавот  ба роҳ монда шудааст ва 173 гармхонаи мавсимӣ фаъолияти самарабахш дорад.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2022    №: 93    Мутолиа карданд: 1170
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед