logo

ҳуқуқ

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ. ҶАҲОЛАТ БА ОДАМОН ТАНҲО БАДБАХТӢ МЕОРАД

Яке аз тадбирҳои оқилона дар самти пешгирии паҳншавии ғоя ва ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардондану афв намудани беш аз 500 нафар шаҳрвандони гумроҳшуда маҳсуб мешавад. Дар ин раванд, инчунин, 84 кӯдаку навраси тоҷикистонии дар минтақаҳои ҷангзада бепарастор монда ба Ватан оварда шуданд, ки бузургтарин амали хайру савоб маҳсуб мегардад. Ҳукумати мамлакат бо чунин иқдоми беназир барои нафарони роҳгумзада имкон дод, ки аз узвияти созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои тундгаро худдорӣ варзанд ва ба зиндагии маъмулӣ баргарданд.
 
Вале, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои судманд дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта то ҳол ба назар мерасанд. Чунончи, дар зарфи солҳои охир беш аз 4800 ҷинояти хусусияти экстремистиву террористидошта ошкор гардида, дар натиҷа зиёда аз 1500 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Танҳо дар давоми се соли охир 82 ҳолати маблағгузории терроризм ошкор ва сабт гардидааст.
Пайдоиши ифротгароӣ натиҷаи баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии ин ё он кишвар аст, ки намунаи барҷастаи он давлати Афғонистон мебошад. Ба воситаи паҳн намудани таълимоте, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, ҳизбҳои гуногун мехоҳанд, нооромӣ ва норизоиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо, ба мисли “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Салафия”, “Аҳмадия”, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст, метавонанд, на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд. 
Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки неруҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Наметавон ба ин андеша розӣ шуд, ки ислом дини зӯроварӣ ва бадбиниву адоват аст, зеро дар он намунаҳои зиёди инсондӯстию таҳаммулгароиро ҳам дар сатҳи назариявӣ ва ҳам дар сатҳи амалӣ, пайдо кардан душвор нест. Чуноне ки Президенти кишвар дар яке аз суханронии худ таъкид намуда буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст”. Аксари равшанфикрон бар ин андешаанд, ки ҳамаи воқеаҳои дар ҷомеаҳои мусулмонӣ арзи вуҷудкарда, натиҷаи сиёсатҳои истеъморӣ ва забткориҳои кишварҳои Ғарб тайи асрҳои охир аст. Вале, бо вуҷуди ин, бояд эътироф намуд, ки мушкилоти ҷиддие, ки дар диндории имрӯзаи исломӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ вуҷуд доранд, намегузоранд, ки ин тамаддун, ҷузъи солим ва ҳамқадами ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бошад.
Ислом ба беадолативу куштор ва қатлу ғорат, озори инсону бехонумонии ҳазорон муслимин иртиботе надорад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”. (сураи «Нисо», ояти 93).
Яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва созмонҳои террористиву экстремистӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад. Маҳз маънавиёти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ, тафаккури ободкорӣ шахсро аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳо эмин нигоҳ медорад. Дар ин иртибот, Пешвои муаззами миллат на  як бору ду бор, балки зиёд дар баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки бо тафаккури ваҳшатзои асримиёнагӣ дар асри бисту як зиндагӣ кардан хатарнок аст. Чуноне ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар, роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд». 
Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад. Дар ин замина бояд ҳар яки мо ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
 
Шуҳрат САИДЗОДА, 
мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ, 
номзади илми сиёсатшиносӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.05.2022    №: 93    Мутолиа карданд: 3559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед