logo

ҳуқуқ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ. ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Таҷриба нишон медиҳад, қонунсолорӣ ва таъмини адолати судӣ яке аз шартҳои асосии устуворӣ ва бақои давлат ба шумор меравад. Ин аст, ки барои таҳким ва рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои амалӣ андешида шуда, раванди ислоҳоти соҳа зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти мамлакат дар чанд марҳила барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардида, дар низоми судӣ як қатор дигаргуниҳои мусбат ба бор оварданд. 
Пешвои муаззами миллат ба рушди мақомоти судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, ки ин омил ба таҳкими пайвастаи ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд. Ин дар ҳолест, ки хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилият, беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонуну суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа, кафили муҳими таҳким ва рушди ҷомеаю давлат мебошад. 
Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба фаъолияти ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин изҳор доштанд: “Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва,  ба ин васила, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”. 
Ин таъкиди Сарвари давлат дар ҳолест, ки дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолат ё вазифаҳои қонунии ҳокимияти судӣ чунин муқаррар шудаанд: “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд”. 
Ҳоло бо назардошти тавсеаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар низоми судии кишвар судҳои иқтисодӣ ҳамчун суди салоҳияташ махсус ва мустақил мақоми махсус доранд. Мақсади асосии судҳои иқтисодӣ, устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмини фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Судҳои иқтисодӣ муносибатҳои молӣ, пулӣ, тиҷоратӣ аз замони пайдоиши моликияти хусусӣ падид омадаву чун шакли мураккабтарини робитаҳои байни ҷомеа боқӣ хоҳанд монд.
Вазъи ҳуқуқии судҳои иқтисодӣ дар кишвар тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян мешавад. Бар асоси моддаи 44 ин Қонун Суди Олии иқтисодӣ мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин, парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳо буда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, таъминоти моддию техникии онҳо масъул мебошад. 
Агар таъмини адолат дар ҷомеа яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ ба ҳисоб равад, пас ҳокимияти судӣ дар таъмини адолат мақоми марказӣ дорад. Аз ин рӯ, табиист, ки ин арзиш аз тамоми кормандони мақомоти судӣ тақозо менамояд, то дар иҷрои рисолати худ, яъне таъмини қонуният, тантанаи адолат, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо содиқона амал намоем.
 
Ғолиб ДАМОНЗОДА, 
мудири бахши кадрҳо ва корҳои
махсуси Суди Олии иқтисодӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2022    №: 93    Мутолиа карданд: 2321
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед