logo

Хабарҳо

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

 
Бо чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  маҳфили адабию фарҳангӣ доир гардид. Ҳамоиш дилбохтагони шеър, аҳли қалам, ҳаводорони ашъори шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ – яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷикро ба ҳам овард. Ҳозирин дар шеъристони устод Лоиқ сайр намуда, ашъорашро латифу нафис, пурарзиш ва мондагор хонданд.
Аз ҷумла, Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, гуфт: “Шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳат, башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, мояҳои милливу башарӣ, ҷаззобият, дили дӯстдорони сухани волоро шод карда. Ӯ ҳамон падидаи истисноиест, ки бо рабоиши бузурги инсониву шоириаш дилҳои ҳамагонро дар инҳисори муҳаббат нигоҳ медорад”. 
Бузургии Лоиқ дар он арзёбӣ гардид, ки эҷодиёташ пурмазмун, ҳамнавои дили мардум, муассир ва ширину равон мебошад. Ҳамин аст, ки осори ӯ берун аз кишвар низ ихлосмандони зиёд дорад.
Гулчини аввалини ашъораш “Сари сабз” мебошад, ки ба дасти ҳаводорони шеър расида. Шеърҳои дигари шоир ба воситаи китобҳои дигари ӯ, аз ҷумла “Илҳом”, “Нӯшбод”, “Марди роҳ”, “Ташнадил”, “Хоки Ватан”, “Ману дарё”, “Аввалу охири ишқ”, “Варақи санг”, “Дасти дуои модар”, “Фарёди бефарёдрас”, “Ангораҳо”, “Офтобборон”, “Хонаи чашм”  пешкаши дӯстдорони шеър гардидаанд.
Истеъдоди фитрии ӯ аз шеър ба шеър такмил  ёфта, ҷилои тоза пайдо карда, шеъри асри ҷадидро гардишу тобиши нав бахшидааст.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода роҳандозии чунин маҳфилҳоро муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо ҷавононро ба худшиносиву маърифатпарварӣ, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, башардӯстӣ ва арҷгузорӣ ба шеъру осори бузургон раҳнамун месозад.                                                                                                                                                               
Дар идома ҳунармандони хушсадо, ки ашъори устодро ба оҳанг даровардаанд, хотири аҳли маҳфилро болида сохтанд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед