logo

Хабарҳо

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

 
Мина ва марафони саёҳатӣ доир ба иқдоми байналмилалии Тоҷикистон
Мина Гули, шаҳрванди Австралия, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об (соли 2023) дар Тоҷикистон марафони дав баргузор мекунад.
Муҳлати марафон аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси II байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" (6 – 8 июн) ширкат меварзад.
Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15 май дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм - Ҷортеппа» (Тоҷикистон – Ӯзбекистон) масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд.
Аввалин марафони бонуи австралиягӣ 16 май дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе (масофаи 42 километр) шуруъ гардид.
Мина Гули тоҷир буда, дар бахши ҳифзи муҳити зист фаъол аст.  Директори генералии Фонди “Thirst” мебошад, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад.
 
 
 
ҲЕНДБОЛ
Кадом даста ғолиби кишвар шуд?
Тими «Душанбе – 1» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни бонувон (12 – 16 май) мақоми аввалро касб намуд. 
Бар пояи иттилои федератсияи ин ришта, зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан дастаҳои ВМКБ ва «Хатлон – 1» ишғол карданд.   
Дар чемпионат 7 даста - «Душанбе - 1», «Душанбе - 2», ВМКБ, «Суғд», «Хатлон - 1», «Хатлон - 2»  ва ШНТҶ иштирок карданд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор гардид.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2779
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед