logo

Хабарҳо

Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу дар шакли маҷозӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ иттилоъ доданд, Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои кумаки моддӣ дар шакли ваксинаҳои зидди коронавирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ изҳори сипос кард.
Таваҷҷуҳи ҷониби Чин ба густариши робитаҳои байнипорлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳандозии имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб шуд.
Инчунин, ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, таъмини амният дар шароити авзои мураккаби аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ карданд.
 
 
 
 
Оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Рӯшон
 
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, 17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисми роҳи ноҳияи Рӯшон, дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. 
Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд. 
Кирдори мазкур, барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шудааст. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.
Дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой доранд.
Бинобар ин, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисми роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
АМИТ "Ховар"
 
 
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор
 
Дар қароргоҳи СММ шаҳри Ню-Йорк вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода бо намояндаи Хазинаи байналмилалии асъор дар СММ Роберт Паувел мулоқот намуд, - хабар дод вазорат.
Ширин Амонзода оид ба аҳамияти сафарбарии захираҳои молиявӣ барои ташкили ҷойҳои нави кор, рушди инфрасохтори бозори меҳнат ва таҳияи барномаҳо барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ андеша ронд.
 
 
 
Ифтитоҳи анбори нигаҳдории маводи ғайриғизоӣ 
 
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики ва дигар шахсони расмӣ дар маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқа барои аҳолие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии ВМКБ зиндагӣ мекунанд ва эҳтимол дорад дар офатҳои табиӣ  зарар бинанд, ширкат намуданд. Анбор дар ҳудуди раёсати КҲФ дар ВМКБ ҷойгир аст.
Анбор имкон медиҳад, ки дар сурати рӯй додани офати табиӣ ба одамоне, ки хонаю амволи худро аз даст медиҳанд, кумаки фаврӣ расонда шавад. Дар он кулли лавозимоти зарурии ниёзи аввал, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои обгириву ғизопазӣ, косаву табақҳо, болишту кӯрпаву кӯрпачаҳо ва ҷиҳози ошхона, дар умум 60 номгӯ барои 150 оила нигаҳдорӣ мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед