logo

сиёсат

ТАВТЕАСОЗИИ НАҲЗАТИҲОИ ТЕРРОРИСТ ВА ҲАҚИҚАТИ “СУҚУТ”-И ЧАРХБОЛ ДАР РӮШОН

18 май пас аз он ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, хабари суқути чархболи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар расонаӣ шуд. Ин хабар дар муддати кӯтоҳ сару садоҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, то андозае мардумро ба таҳлука андохт. Зеро дар он гуфта мешуд, ки чархбол аз ҷониби Афғонистон бо мушак зада шудааст. Ҳатто, баъзе «коршиносон» назарҳои ғаразнокашонро дар ин бора баён дошта, шаҳрвандонро ба гумроҳӣ мебурданд.   
 
Дар ин иртибот, Вазорати мудофиаи кишвар изҳорот дода дезинформатсия, яъне маълумоти бардурӯғ ё асоси воқеӣ надоштани ин хабарро таъкид намуда, чунин навишт: «Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад».
Ҳатто, саркардагони ташкилоти террористӣ-эстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, ки яке аз дастандаркорони нооромиҳо дар Бадахшонанд, аз ин хабар фоҷиа сохта, сокинони ваҳдатшиори моро ба иғво андохтанӣ шуданд. Гузашта аз ин, худбохтагони наҳзатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз зарар дидани сокинони осоишта маълумот паҳн карданд, ки ягон асоси воқеӣ надорад. Зеро Вазорати корҳои дохилӣ пас аз ором намудани вазъият изҳорот дод, ки миёни сокинони осоишта касе зарар надидааст.  
Воқеаи Бадахшон бори дигар собит намуд, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун сарчашмаи иғвоангезии иттилоотӣ баромад намуда, чун пештара, субъекти нооромкунандаи амнияти миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дар шабакаҳои интернетӣ бар зидди давлату миллати тоҷик ташвиқоти бардурӯғи иттилоотиро ба роҳ мондааст. 
Ба назари Алиназар Ашуров, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар робита ба ҳаводиси авохири Бадахшон баъзе расонаҳои мустақил ва афроди ғаразнок дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани ахбори ғайривоқеӣ ва экстремистиву зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон машғул гардида истодаанд. Аз ҷумла, иттилооте, ки 18 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба гӯё суқут кардани чархболи низомӣ дар Рӯшон паҳн гардид. Бояд гуфт, ки чунин маълумот ягон воқеият надошта, ҳатто ба мантиқ рост намеояд. Зеро ба назари мо, зарурате барои истифодаи чархболи низомӣ набуд.
- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки созмонҳои экстремистӣ ва террористии дар хориҷи кишвар қарордошта аз ҳар ҳодиса ё раванд истифода намуда, кӯшиш мекунанд, зидди давлату миллат маълумоти бардурӯғро бештар нашр кунанд. Албатта, ин амали онҳо бори дигар зидди манфиатҳои миллӣ ва душмани давлати Тоҷикистон будани онҳоро нишон медиҳад, - гуфт А. Ашуров. 
Доир ба аз байн бурдани арзишҳои миллӣ як нуктаи бисёр ҷолибро Аллен Даллес, собиқ директори Раёсати марказии кашшофии ИМА дар солҳои 1953 – 1961, ки дар вақташ бар зидди Иттиҳоди Шуравӣ ҷанги иттилоотӣ бурдааст, чунин зикр кардааст: «Мо ҳар он чизе, ки дорем – тилло, иқтидори моддиро барои фиребдиҳӣ ва аҳмақ кардани одамон равона мекунем ва бо ин бенизомиро ҷорӣ карда, арзишҳои онҳоро номаълум ба тақаллубӣ иваз менамоем ва маҷбур мекунем, ки онҳо ба ин арзишҳои сохта бовар бикунанд».
Аз ин нуқтаи назар, дар ин вазъияти ҳассос ҳар нафар бояд мубаллиғи ростини арзишҳои миллӣ бошад, зеро ҳизбу ҳаракатҳои хатарафзо мехоҳанд ақидаҳои нодурус-ту радикалии худро ба шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, таҳвил намуда, ба ягонагии Тоҷикистон хатар эҷод намоянд. 
 
БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ЧӢ БОЯД КАРД?
Дар шароити кунунӣ иттилоот чунин иқтидоре дорад, ки метавонад баробари пахшаш иттиҳодро барпо ё пароканда кунад. Ба таъбири дигар, ҳам созаду ҳам сӯзад. Аз ин хотир, муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ ин аст, ки бояд мақомот ба воситаҳои ахбори омма иттилои саҳеҳро фаврӣ пешниҳод намояд, то ин дастгоҳи бузурги тарғиботӣ тавонад, дар ташаккули афкори ҷомеа падидаҳои мусбатро ҳосил кунад. Танҳо дар ҳамин ҳол мо метавонем ба бартараф намудани шиддати таъсири ҳар гуна иттилои беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои иғвобарангез ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилоти террорис-тию ифротгаро ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ даст ёбем. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
 
 
P.S. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки танҳо ба хабарҳои манбаъҳои муътамад такя намоянд, зеро мубаллиғони зархарид аз ҳар фурсат истифода намуда, тухми нифоқро миёни шаҳрвандон коштан мехоҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2022    №: 94 - 95    Мутолиа карданд: 1544
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед