logo

маориф

2020-2040. АЗ РУШДИ МАОРИФ ТО РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ

Рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ки ба пешрафти ҷомеа иртиботи мустақим дорад, яке аз масъалаҳои меҳвариест, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар идомаи ташаббусҳои беназирашон вобаста ба рушди соҳа ва камолоти насли бомаърифат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2019 ба хотири  боз ҳам  беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 - ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд.
Ин иқдоми дурбинона аз ҷониби тамоми табақаҳои ҷомеа, бухусус доираҳои маърифатию аҳли маорифи кишвар истиқболи гарм пайдо намуд. Ҳар як кашфиёту навоварӣ рушди ҷомеаро такон бахшида, роҳ ба сӯи музаффариятҳоро мунаввар месозад. Ҳоло дар мамлакати мо бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барномаи махсуси давлатӣ  таҳияву тасдиқ гардидааст, ки  вобаста ба  амалисозии он  муассисаҳои таълимӣ нақшаи фаъолияти худро тартиб дода, барои иҷрояш камари ҳиммат бастаанд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ  (21 декабри 2021) таъкид намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат бунёди маорифи миллӣ ва  ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ мебошад. Зимни ироаи Паём, ҳамзамон, зарурати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир гардид.
Ташаббусу иқдомҳои Президенти маҳбубамон дар созмону сарпарастӣ намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди мактабу   кӯдакистонҳо, китобхонаҳо аз ҷумлаи ибтикороти маърифатпарваронае ба шумор мераванд, ки дар маҷмуъ, ба таҳкими неруи зеҳниву ақлонии аҳли ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳадаф аз баргузории озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Бешубҳа, дар доираи амалӣ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мо метавонем, рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро таъмин созем. Дар самти ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ба дастовардҳои наву саодатбахш мушарраф шавем. Аз ин рӯ, дар баробари сохторҳои салоҳиятдор тамоми ниҳодҳои дигар ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ дастуру нишондодҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар татбиқи сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳм гузорем. 
 
Бозоралӣ ОДИНАЗОДА, 
раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2022    №: 94 - 95    Мутолиа карданд: 4550
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед