logo

сиёсат

СҲШ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИНИ РУСТАНӢ

Роҳбарони идораҳо ва вазоратҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи карантини рустанӣ нишасти якуми худро дар шаҳри Тошкент баргузор карданд. Гуфта мешавад, ки  ин нишаст дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ ба вуқуъ пайваст ва бори нахуст ниҳодҳои марбута дар масъалаи карантини рустанӣ табодули назар намуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дод.
 
Бино ба иттилои ин манбаъ, масъалаи ҳамкорӣ дар боби ҳимояи рустаниҳо, фароҳам намудани шароити созгор барои ривоҷи тиҷорати байналмилалӣ, ба вуҷуд овардани платформаи махсуси амалигардонии нақшаҳо  дар соҳаи карантини рустаниҳо аз шумори корҳое мебошанд, ки маҳз дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. 
Дар пайи «Руҳи Шанхай», ки дар асоси эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд, баробарӣ ва арҷгузорӣ ба гуногунии тамаддунҳо ба вуҷуд омадааст, имкони эҷоди механизмҳои назарраси амалии ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ва вазифаҳои стратегӣ тавассути талошҳои муштаракро ба вуҷуд овардааст.
Иштирокчиёни нишасти якум ҳамкориҳои доманфарох дар чаҳорчӯби СҲШ-ро мусоидат барои савдои мутақобила ва тадриҷан кушодани бозорҳои маҳсулоти кишоварзии давлатҳои аъзои ин Созмон арзёбӣ намуда, афзоиши ҳамкориҳои илмию техникӣ дар соҳаи иқтидори марказҳои тадқиқотӣ ва лабораторияҳоеро муҳим шумурданд, ки дар соҳаи карантини рустанӣ кор мекунанд. 
Аз ин нишаст чунин натиҷа ба бор омад, ки бо назардошти ҷалби эҳтимолии кишварҳои нозир ва аъзои СҲШ дар платформаи музокирот, уфуқҳои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бамаротиб васеъ мегардад. Гуфта мешавад, ҷорӣ намудани қоидаҳои ягонаи фитосанитарӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти интиқоли маҳсулоти рустанӣ дар доираи СҲШ метавонад ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ мусоидат намояд, ки дар доираи Конвенсияи байналмилалии ҳифзи рустаниҳо (IPPC) ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид  иҷро мегардад.
Дар рӯзномаи механизми нави таъсисдода баррасии масъалаҳои мубрами зерин пешбинӣ шудааст:
- амалисозии ҳамкориҳо дар соҳаи карантини рустаниҳо бо мақсади ҳифзи ҳудуди давлатҳои худ аз воридшавии организмҳои зараровари танзимшаванда, инчунин, мусоидат ба афзоиши савдои маҳсулоти кишоварзии байни давлатҳои аъзои СҲШ;
- мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар соҳаи карантини рустанӣ,  ҳамкорӣ ва таъмини пайгирӣ ҳангоми интиқоли маҳсулоти карантинӣ;
- гузарондани чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла курсҳои омӯзишӣ, конфронсҳо, машқҳои амалии саҳроӣ оид ба ҷорӣ намудани технология ва усулҳои пешқадами кор, рушди неруи илмӣ, методӣ ва таълимӣ, инчунин, ҳамкории мутақобилаи мутахассисони лабораторияҳои тобеи онҳо оид ба карантини рустанӣ ҷиҳати таъмини амнияти фитосанитарии давлатҳои аъзо;
- таҳияи нақшаҳои амал (харитаҳои роҳ) оид ба татбиқи қарорҳои Шурои сарварони давлатҳо (ШСД) ва Шурои сарварони ҳукуматҳо (Сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (ШСҲ) дар робита бо карантини рустаниҳо;
- мусоидат барои барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байни тарафҳо, давлатҳои нозир ва шарикон дар муколамаи СҲШ.
Нахустин нишасти роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ, ки дар заминаи карантини рустанӣ ҳамкорӣ мекунанд, дар шакли гибридӣ баргузор   мешавад.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,шаҳри Тошкент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2022    №: 94 - 95    Мутолиа карданд: 912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед