logo

иҷтимоиёт

ҶАҲОН АЗ НОМИ ТУ ПУР ГАШТУ ОН ҶОМИ ҶАҲОН ХОЛИСТ

(Ба муносибати 90-солагии зодрӯзи устод Муъмин Қаноат)
Ӯ мардуми сарбаланди кулли кишварро хеле дӯст медошт ва дар ғаму шодиашон тамоми умр ҳамнафас буд. То дами пириву  дардмандӣ ҳамасола  ба дурии роҳ нигоҳ накарда, ба зодгоҳаш, деҳаи Курговад меомад.  Ҳамдиёрон,  ҳамдеҳагон ҳурмату эҳтиромашро аз дилу ҷон ба ҷо меоварданд. Ҳоло, ки ин адиби номвар ва инсони ҳалиму хоксор миёни мо нест, зарур медонем, ки чанд пораеро аз ҳаёти пурбаракат, ҷолиб ва рангини ин шоири муқтадиру тавоно нақл намоем.   Чуноне ки мегӯянд: 
Ёд бод, аз рӯзгорон ёд бод, 
Аз гузашти рӯзгорон ёд бод.                   
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки яке аз фарзандони номдор ва барӯманди кишвар, Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат бисёр шеърҳо ва баъзе аз қисмҳои достонҳояшон, аз ҷумла «Мавҷҳои Днепр», «Суруши Сталинград», «Достони оташ», «Гаҳвораи Сино», «Исми ман - Тоҷикистон» ва «Падар»-ро дар зодгоҳаш,  дар як макони баланди канори рӯдхонаи кӯҳӣ, дар домони кӯҳҳои сарбаланди деҳаи Курговад навиштааст. Усто Назруллои дуредгар мизу курсиҳои зебоеро аз чӯби чанор сохта буд ва онҳоро дар таги дарахтони боғи дилкушое, ки қиблагоҳаш Қаноатшоҳ ва бародаронаш Ғайратшоҳ, Диловаршоҳ, Анвару Акбар бунёд карда буданд, гузошта буд. Рангорангии табиати деҳа ва садои дилнишини рӯдхонаи Курговадоб  ва дарёи Панҷ ба  адиби забардаст  илҳом мебахшид.        
Бо сипарӣ гардидани чандин солҳо ҳоло  ҳам аз ёдамон нарафтааст ва хуб дар хотир дорем, ки ба муносибати Ҷашни 40- солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов устод достони «Исми ман -  Тоҷикистон»-ро эҷод мекард. Ба таҷлили ин ҷашни фархунда вақти хеле кам монда буд. Аз ҳамин хотир, ин адиби ҳамон давра нисбатан ҷавони боғайрати, аллакай,  баландовоза  бисёр ҳам шитоб дошт, лекин сабабҳо ва  омилҳое буданд, ки ба кораш халал мерасонданд. Аз ҷумла, на танҳо хешовандон, балки пайиҳам хурду калони  деҳаҳои Курговад, Пошхарв,  Тоғмай, Висхарв ва дӯстону ҳамсабақҳояш аз Қалъаихумб ва гӯшаву канори Бадахшон ба аёдат аз субҳ то шомгоҳон меомаданд. Аз ҳолу аҳволаш пурсон мешуданд ва вақти пурқиматашро мегирифтанд. Деҳнишинон чи хеш ва чи бегона аз таҳти дил адиби ҳамдиёрро ба меҳмонӣ даъват мекарданд, вале устод, азбаски фурсати танг дошт, ин таклифҳоро баъзе рӯзҳо рад мекард. Аз субҳи содиқ то намози шом ва баъзан шабҳо низ дар равшании чароғи барқӣ ва карасинӣ эҷод мекард. Лекин, ба ростӣ, дар таҳти дил аз чунин дидорбиниҳо ниҳоят хушҳол мешуд. Достони «Исми ман - Тоҷикистон»-ро дар арафаи ҷашн ба итмом расонд ва аз ҷониби роҳбарони кишвар, Иттифоқи нависандагон ва хонандагон баҳои баланд гирифт.     
Ӯ мегуфт, ки Бадахшон  на танҳо бо қуллаҳои сарбаланд,  мармару сангҳои қиматбаҳо  ва лаълу гуҳараш, ганҷҳои зери замину таги  кӯҳсорон хобидааш, дар маҷмуъ,  саройхонаи сангинаш  машҳур аст, балки сарзаминест, ки ориёҳои қадим  ошёни меҳру муҳаббати худро ин ҷо гузоштаанд.  Аз деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшон деҳаи зеботареро дар дунё пайдо кардан амри маҳол аст. Кӯли Сарез, ин нозанини хуфта муъҷизаи Олами кабир   мебошад. Агар ба ноҳияи Мурғоб ва мавзеъҳои Помири шарқӣ сафар намоед, мебинед, ки ин маконҳои дурдасти биёбонӣ ва нимбиёбонӣ ба  рангҳои  мухталифашон ба табиати моҳу ситорагони коиноти бузург шабоҳат доранд. 
- Помир дар асл ҳудуди ҷуғрофии нодире  дар Тоҷикистон мебошад, ки  сокинони бофарҳангу бомаърифаташ умри азизи хешро бо амалҳои ободгарӣ   сипарӣ кардаанд ва ба ҳамин гуна дар оянда низ мемонанд. Аз ин хотир,   ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки   Бадахшонро сарзамини зебо ва пурасрор, дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номидаанд, - мегуфт  устод. 
Пешвои муаззами миллат устод Муъмин Қаноатро азизу гиромӣ медоштанд. Далели ин он аст, ки Роҳбари адибпарвари давлат дар чандин сафарҳои кориашон, аз ҷумла  дар расми мавриди истифода қарор додани иншооти азими кишвар,  кушодани  роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз,  Хоруғ  -  Мурғоб  -  Қулма, роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон - Бохтар, инчунин, сафар ба Арабистони Саудӣ ва дигар мамолики хориҷӣ   ин адиби ватанпарастро  ҳамроҳ бурдаанд.
Дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат даъваташон мекарданд. Бо мукофотҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла ордени Ситораи Президентӣ сарфароз намуданд. Бо супориши Роҳбари давлат хонаводаи ин адиби номдор дар маркази шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматии панҷҳуҷрадор гардид. Устод ҳам аз сафар бо гурӯҳи адибони тоҷик дар роҳкушоиҳои  Президенти кишвар дар роҳи Тангнои Дарвоз чунин гуфтааст:
Меъмори азал аҷаб раҳе сохтааст, 
Меъмори дигар   тарҳи нав андохтааст.
Дар рӯи Замин раҳи яқин аст, биё, 
Меъмор чу кӯҳ қомат афрохтааст.
         
Роҳе, ки коми аждаҳо мегузарад,
Аз он дами субҳидам Даҳо мегузарад.
Зоди сафараш ниҳода дар мулки Шикай,
Аз раҳгузараш оби бақо мегузарад.
Устод Муъмин Қаноат доимо падидаҳои шоистаеро, ки дар рӯзгори мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озод ба  амал меомаданд, васф менамуд. Алалхусус, бунёдкорӣ ва созандагиҳоеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал мебароранд, пайваста ситоиш мекард. Ин чанд мисраъ аз шеъри “Шаҳсавор” ҳамчун намуна  аз  ҷумлаи   чунин  чакидаҳои хомаи устоди равоншод аз раҳкушоиҳои беамсол ва  бесобиқаи  Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад:
Шоҳроҳи асру марди шаҳсавор,
Кошифи роҳу саманди болдор,
Роҳи абрешим зи умқи ёдҳо,
Мекашидӣ нолаю фарёдҳо.
Кӣ шунид ин нолаю фарёдро,
Кӣ кушод ин роҳи навбунёдро?
Он киро дода ду гӯши ҳақшунав,
Шаҳсавори ин саманди тездав,
Роҳи абрешим  зи нав оғоз шуд,
Боз аз Кӯлоб то Дарвоз шуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2022    №: 94 - 95    Мутолиа карданд: 450
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед