logo

Хабарҳо

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

 
Мир24. Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ: терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва тиҷорати ғайриқонунии аслиҳа муттаҳид хоҳанд шуд. Дабири кулли ин ду созмон зимни  нишаст дар Москва дар ин бора ба мувофиқа расиданд. 
Дабири кулли СААД Станислав Зас гуфт: «Дар шароити муосир барои мо муттаҳид кардани саъю талошҳои тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалие, ки бо муносибатҳои мо дар таъмини амният  ҳамфикранд,  муҳим аст».
«Сулҳ барои муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва рушди устувор дар минтақа зарур мебошад. Ҳамкории иқтисодии байни аъзоён ва давлатҳо дар доираи масъулияти мо бевосита ба он вобаста аст. Дар тули мавҷудияти Созмон дар СҲШ чаҳор рукн ташаккул ёфт, ки мо минбаъд низ ба онҳо такя хоҳем кард: сиёсат, амният, иқтисод ва робитаҳои башардӯстона», - гуфт Дабири кулли СҲШ Чжан Мин. 
Роҳбарони СҲШ ва СААД таъкид карданд, ки муносибати ин ду созмон дар бисёр масоил ба ҳам мувофиқ мебошад.  
 
 
Дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Доғистон ду ҷангҷӯ кушта шуд
Мир24. Дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Маҳачқалъа ду ҷангҷӯ нобуд карда шуд, - хабар медиҳад ТАСС бо такя ба маркази иттилооти Кумитаи миллии зиддитеррористӣ.
Тавре зикр гардид, ҷинояткорон ба яке аз иншооти энергетикии пойтахти Доғистон ҳамлаи террористӣ омода менамуданд.  
«Аз ҷинояткорон, ки дар минтақаи зеристгоҳи барқӣ муҳосира гардиданд, талаб карда шуд, то силоҳҳои худро гузоранд ва ба мақомот таслим шаванд. Дар посух онҳо ба сӯи интизомиён оташ кушодаанд», - омадааст дар хабар. 
Намояндагони Кумитаи миллии зиддитеррористӣ таъкид карданд, ки  аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиён касе осеб надидааст.
 
 
Ван И ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии БРИКС-ро раисӣ мекунад
Синхуа. Ван Вэнбин, намояндаи расмии Вазорати  корҳои хориҷии Чин иттилоъ дод, ки узви Шурои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Ван И имрӯз  нишасти вазирони корҳои  хориҷии кишварҳои узви БРИКС-ро тавассути пайванди видеоӣ раисӣ мекунад.
Дар чорабинӣ вазири равобити байналмилалӣ ва ҳамкории Африқои Ҷанубӣ Наледи Пандор, вазири корҳои хориҷии Бразилия Карлос Франса, вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар иштирок мекунанд.
 
 
Ҳар панҷумин африқоӣ дар хатари гуруснагӣ қарор дорад
ТАСС. Усома Маҳмуд, намояндаи доимии Миср дар СММ, дар конфронси амнияти ғизоӣ изҳор дошт, ки ба ҳар як сокини панҷуми Африқо гуруснагӣ тахдид мекунад ва ин вазъият ҳоло ба вуҷуд наомадааст: ҳамааш аз пандемия оғоз шуд ва баъдтар вазъиятҳои иқлимӣ - хушксолӣ, обхезӣ ва нобудшавии ҳосил ба ин мусоидат намуданд. 
Буҳрон дар Украина мушкилотро боз ҳам шадидтар кард ва таъсираш идома меёбад, зеро занҷирҳои таъминот вайрон шуда, нархи захираҳои энергетикӣ ва ғалла хеле боло рафтааст. Ба гуфтаи дипломати мисрӣ, мушкили таъмини об аз ин кам нест. Вай гуфт: «2,5 миллиард аҳолии ҷаҳон бо камбуди об мувоҷеҳ аст ва то соли 2050 ин мушкил, аллакай, ба нисфи башарият таъсир хоҳад кард».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3597
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед