logo

Хабарҳо

Вазъ дар Рӯшон ором аст

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки гурӯҳҳои муташаккили  ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти сарпарастии созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ, бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, маводи оташафрӯзандаи «Коктейли Молотов» ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошт. 
Дар хабар омадааст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содири ин амалҳо қаблан омодагӣ дида, ба ҳамин мақсад, аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид карда буданд.
Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод аъзои фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуд. Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мусодира гашт. Вобаста ба ин, аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Аз миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст. Ҳоло вазъ дар ноҳия ором буда, сокинон ба фаъолияти рӯзмарра оғоз карданд.
 
 
Овозаи суқути чархболи низомӣ дар Рӯшон асос надорад
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа бо нашри як изҳорот хабар дод.
 
 
Имзои як созишномаи нави грантӣ
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро имзо карданд.
Зиёд намудани масоҳати заминҳое, ки дар онҳо идоракунии устувори ландшафтҳо дар минтақаҳои интихобгардидаи Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд ва таҳкими ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти барқарорсозии ландшафтҳои байнисарҳадӣ аз ҳадафҳои лоиҳа мебошанд.
Арзиши умумии лоиҳа ба 45 миллион доллари амрикоӣ (грант) баробар мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2022 - 2027 – ро дар бар мегирад.
 
 
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо волии Анталия
Дар шаҳри Анталияи Туркия раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро волии Анталия Эрсин Язичӣ ба ҳузур пазируфт. Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фазои сармоягузорӣ хостори таҳкими робитаҳо бо вилояти Анталия гашт, - иттилоъ дод хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Эрсин Язичӣ гуфт, ки Анталия аз муҳимтарин марказҳои сайёҳии Туркия буда, бо зебоиҳои таърихӣ ва табиӣ, иншооти фарҳангӣ, минтақаҳои бостонӣ дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор дорад. Соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфта, маҳсулоти гуногун истеҳсол мегардад.
 
 
 
Тақдими 1512 нусха китоб ба китобхонаҳои ноҳияи Рашт
Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанг ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 1512 нусха китоб бо маблағи 50599 сомонӣ тариқи ройгон ба китобхонаҳои ноҳияи Рашт тақдим намуд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дод, ки сокинон, кормандон ва муштариёни китобхонаҳои ноҳия миннатдории хешро ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорат барои дастрасӣ бо китобҳои тозанашр, иброз доштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3668
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед