logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
 
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ҶАВОНӢ»
1. Давраи пурҷӯшу хурӯши инсон. 
2. Маҷалла барои ҷавонон. 3. Муаллифи мисраи «Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем». 4. Муродифи савганд. 
5. Ҳунар, истеъдод. 6. Миллат. 7. Шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон. 8. Шабакаи телевизионӣ. 9. Собиқ сармуҳаррири наш-рияи «Ҷавонони Тоҷикистон». 
10. Исми собиқ раиси Кумитаи давлатии ҷавонони Тоҷикистон. 11. Шоири ҷавон, Шоири халқии Тоҷикистон. 12. Навъи санъати миллӣ. 13. Гул, ҳамноми бонувони тоҷик. 14. *** Мирҷумъаева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 15. Жанри адабӣ. 
16. Истилоҳи илми забоншиносӣ. 17. Қитъаи олам. 18. Қаҳрамони повес-ти «Ривояти суғдӣ» - и С. Улуғзода. 19. Ҳаммаънои вожаи «сухан». 20. *** Ҳакимова, шоираи тоҷик. 21. Моеи хушбӯй. 22. *** Раҳматова, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 23. Кӯҳи дарозтарини олам. 24. Адвор (нота) – и мусиқӣ. 25. Маҷмуаи ашъори Лоиқ. 26. Шоири инқилобӣ. 27.  Ҳаммаънои маҳорат. 
28. Ҳосили омӯзиш. 29. Ҳисор, Норак, Бохтар. 30. Рафтуомад, ҳамкорӣ. 31. Эҷодкорро гӯянд. 32. Муаллифи пйесаи «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ!». 33. Ҷонишини ишоратӣ. 
 
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО
ТОҶИКИСТОНИЕ,  КИ  БА  ДАРВОЗАИ  ДАСТАИ  ШОҲОНАИ  “РЕАЛ”  ГОЛ  ЗАДААСТ
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко ягона бозигари тоҷикистониест, ки ба дарвозаи тими шоҳонаи «Реал» (Мадрид) гол задааст. Вақте ки ӯ дар ҳайати «Локомотив» (Москва) бозӣ мекард, тимаш дар даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо – 2001/2002 «Реал»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Тӯби якумро Бузникин ба самар расонда, тақдири бозиро Игор Черевченко ҳал кард. 
Игор соли 1992 дар ҳайати дастаи «Помир» чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар гардида, дар ҳайати «Локомотив» солҳои 1996, 1997, 2000, 2001 Ҷоми Россияро ба даст овардааст. Дастпарвари футболи тоҷик ба ҳайси мураббӣ бошад, бо тими «Локомотив» барандаи  Ҷоми Россия – 2014/15 мебошад. 
Ӯ писари футболбози машҳури дастаи «Помир» ва Устоди варзиши ИҶШС Геннадий Черевченко аст. Игор ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотираи ёдбуди падараш миёни  наврасон мусобиқот доир мекунад. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
ТАВСИЯ
 
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
13. ҲАМЕША ТАЛОШГАР БОШЕД
 
Тамоми афроди муваффақ муътақиданд, ки муваффақият ҳосили 99 дарсади талошу арақи ҷабин рехтан ва танҳо як дарсад истеъдод ва ҳушмандӣ аст. Муваффақият дар кор, варзиш, зиндагӣ ва кулли корҳо талош металабад.
Шумо дар як шаб қаҳрамон намешавед. Дар роҳи муваффақият шояд борҳо шикаст хӯред, аммо бояд бархезед ва донед, ки шикаст ҳам, нишонаи хубӣ аст. Шикаст, яъне шумо, ҳамчунин, дар масиред, аммо дар қафаси беиродагиву танбалӣ асир нестед.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
ЧАРЛЗ ДАРВИН  (С.1809-1882)
Чарлз Дарвин дар хонаводаи дворянини муваффақ дар Англия таваллуд шудааст. Бобояш табиатшиноси маъруф ва ходими намоёни илм буд. Падараш ба тиб сару кор дошт.
Чарлзи наврас шуғли аҷдодиро идома дод ва дар риштаи тиб таҳсил намуд, вале зуд пай бурд, ки ҷарроҳ шудан барояш чандон мароқангез нест. Бинобар ин, таҳсилро дар Донишгоҳи Кембриҷ давом дода, факултаи фиқҳи онро хатм намуд. Ӯро яке аз мураббиёнаш ҳамчун табиатшинос ба сайри олам ҳамроҳ гирифт. Олим мавҷудоти баҳрӣ, хусусиятҳои ландшафтиро омӯхта, ёддошт мекард. Вай аз соҳилҳои Бразилия, Аргентина ва Тасмания дидан намуд. 
Пас аз бозгашт Дарвин мушоҳидаҳояшро ҷамъ овард ва китобе ба нашр расонд.
Дастовардҳои Чарлз Дарвин интихоби табиӣ ҳамчун қувваи асосии эволютсияи мавҷудоти зинда, гипотезаи пайдоиши инсон аз маймун, таъсири муҳити зист ба инкишофи ҷинсҳо, саҳм дар рушди генетика мебошанд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ИХТИРОЪКОРӢ
Бонуи тоҷик дар Форуми байналмилалӣ медали тилло гирифт 
Мавлуда Давлатмамадова, ихтироъкор ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар Форуми байналмилалии Лаҳистон (11 – 12 май) миёни 50 давлати дунё соҳиби медали тилло гардид.
Бонуи ихтироъкор бо дастгирии ректори ДМТ, профессор  Қобилҷон Хушвахтзода бо ихтирои худ дар Форум иштирок намуда, дар баробари медали тилло, инчунин, нишони давлати Фаронса ва Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба даст овард. 
Мавлуда  номзади илмҳои техникӣ ва устоди кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ мебошад. Ин бонуи ихтироъкор соли 2019 низ дар Ҷумҳурии Корея байни 28 давлати ҷаҳон соҳиби ду медали тилло гашта буд. 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
БОИМҶОН ХУМОРИ СИГОРРО МЕШИКАНАД
Дар таркиби як килограмм боимҷон 100 микрограмм никотин мавҷуд буда, ба бадан зарар надорад. Боимҷон барои тарки сигоркашӣ ёрӣ мерасонад. Ба андешаи табибон, консентратсияи никотини таркиби боимҷон барои бартараф сохтани хумори сигор ва тарки ин одат мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки миқдори никотини як сигор ба миқдори никотини таркиби 10 килограмм боимҷон баробар аст.
 
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ЛУВР  
(ПАРИЖ, ФАРОНСА)
Вақте ки Лувр дар асри XII сохта мешуд, он ба сифати қалъа пешбинӣ гардида буд ва танҳо баъдтар дарбори шоҳӣ шуд. Замоне ки фаронсавиҳо шоҳаншоҳиро сарнагун сохта, ҷумҳурӣ таъсис доданд, Лувр ба яке аз осорхонаҳои калонтарин дар ҷаҳон табдил ёфт. Имрӯз он яке аз ҷойҳои шоёни диққати Париж ва сербинандатарин осорхонаҳои Аврупо мебошад. Аз толорҳои он дар як сол 10 миллион нафар дидан мекунад. Дар Лувр беш аз 380 ҳазор ёдгорӣ маҳфуз аст, ки  аз ин шумора танҳо 35 ҳазор ба намоиш гузошта шудааст. Тамошобини илмдӯст, метавонад дар ин ҷо бо таърихи ташаккули тамаддуни инсоният аз давраҳои аввали таърихӣ то рӯзҳои мо шинос шавад. Майдони намоиши Лувр ҳудуди 16 гектарро дар бар мегирад (ин сеюмин осорхона аз рӯи масоҳат мебошад). Бинобар ин, барои ҳатто рӯякӣ шинос шудан бо шоҳкориҳои беҳисоб, ки на танҳо дар Аврупо, балки дар Африқо, Шарқи Наздик ва дигар гӯшаҳои сайёра сохта шудаанд, якчанд рӯз ҳам, басанда нест.    
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
 
ЛОНГЙИР
ШАҲРЕ, КИ ҚОНУН ДАР ОН ҶО МУРДАНРО МАНЪ МЕКУНАД
Ин шаҳр дар архипелаги Шпитсберген (байни Норвегия ва қутби Шимол) ҷойгир шудааст. Он на танҳо бо ҳарорати пасту шабҳои қутбӣ ва хирсҳои сафед, ҳамчунин, бо яке аз қонунҳои шигифтангез дар ҷаҳон машҳур аст. Гап сари он меравад, ки дар қаламрави Лонгйир фавтидан манъ мебошад.
Моратория ба маргро бинобар яхбандии абадӣ ҷорӣ кардаанд, ки ҷасадро имкони пӯсидан намедиҳад. Ин дар навбати худ метавонад на танҳо боиси паҳншавии вирусҳои марговар, инчунин, ҷалби даррандаҳо гардад. Аз ин рӯ, рафту бо касе ҳодисаи нохуш рӯй диҳад ё нафаре бемори вазнин шавад, фавран бо ҳавопаймо ба «замини калон» мебаранд. Мабодо касе фавтид, ҷасадашро ҳатман ба дигар қисмати Норвегия мефиристанд.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ХАНДА ҲАМ ДОРУСТ, ВАЛЕ...
- Шоири Куба Хулиан дел Касал, ки, асосан, шеърҳои пессимистона эҷод мекард, аз ханда фавтидааст.
Як шом шоир бо дӯстонаш хӯрок хӯрда, ҳазлу мутояба мегӯянд. Ба лутфи яке аз дӯстон Хулиан чунон механдад, ки шоҳрагаш канда шуда, хунравӣ ба марг оварда мерасонад.
 
Аз русӣ тарҷимаи М. ҚОДИРОВА 
 
 
 
 
ДИАЛОГҲОИ АҶИБЕ,  КИ АЗ ҶОНИБИ КОТИБОНИ СУД САБТ ШУДААНД
Адвокат: Духтур, пеш аз чок кардан набзро тафтиш кардед?
- Не.
- Фишори хунро санҷидед? 
- Не.
- Нафасашро чӣ?
- Не, насанҷидам.
- Пас, эҳтимол бемор ҳангоми чок кардани шумо ҳанӯз зинда буд?
- Не.
- Чӣ гуна метавонед ин қадар дилпур бошед?
- Барои он ки майнаи сараш дохили бонка рӯи мизи кории ман меистод.
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
НУҶУМШИНОСӢ
Расадхонаи Улуғбек  аз рӯи лоиҳаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ сохта шудааст
Расадхонаи Улуғбек дар теппаи Куҳаки шаҳри Самарқанд сохта шуда, ҳоло аз маконҳои тамошобоб ва қобили таваҷҷуҳи сайёҳон мебошад. Он яке аз расадхонаҳои асосии асри миёнагӣ (XV) ба шумор рафта, дар асоси тарҳи нуҷумшиноси номвари тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (930-1000) бунёд ёфтааст. 
Нақл аст, ки вақте Улуғбек дар бораи сохтани расадхона тасмим мегирад, ба ёрони худ дастур медиҳад, то лоиҳаи нобиғаи тоҷикро ба ӯ дастрас намоянд. Дар натиҷа лоиҳаи Абумаҳмуд тавассути пайвандонаш ба дасти Улуғбек мерасад ва заминаи эҷод барои сохтани расадхона мегардад.    
 
Таҳияи Роҳатхони УМЕД
 
 
    
 
КОРРУПСИЯ 
ДАР ФАРОНСА ТУҲФА ҲАМ МАНСАБДОРОНРО БА ЗИНДОН МЕБАРАД
Дар Фаронса барои ришваситонӣ нисбат ба дигар тоифаи одамон ба мансабдорон ҷазои сангинтар дода мешавад. Масалан, агар кормандони бахши саноат ё доираҳои тиҷоратӣ дар сурати порахӯрӣ то 7 сол аз озодӣ маҳрум шаванд, мансабдорони давлатӣ то 10 сол ё бештар аз он равонаи зиндон мегарданд. Илова ба ин, қонунгузории кишвар гирифтани туҳфаро ба  мансабдорон манъ кардааст. Риоя накардани ин меъёр метавонад мақомдоронро аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум созад, ки як роҳи муассири мубориза бо коррупсия дониста мешавад. 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
АЗ ҶОН БЕЗОР Ё ЧӢ ТАВР ҲУҚУҚШИНОСИ АМРИКОӢ  ХУДРО МУРДА ЭЪЛОН КАРД?
Ҳамсари Уилям Гроте, ҳуқуқшиноси маъруф аз Наш-вилл (ИМА), 10 ноябри соли 2008 дар бораи бедарак шудани шавҳараш ба полис хабар медиҳад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯй, ҳамён ва куртаи чармии Уилямро аз назди дарё меёбанд. Пас аз ду ҳафта Гроте ба полис занг зада, худро ҳамчун қотил муаррифӣ мекунад, то пулис ба марги ӯ бовар намояд. Вале, дар натиҷаи санҷиши овоз муайян мегардад, ки нафари занг зада худи «марҳум» аст. Баъд аз гузашти чанд вақт ҳуқуқшиносро дар шаҳри Миссулаи иёлати Монтана пайдо карда, муваззаф мекунанд то 13000 доллар, ки барои ҷустуҷӯйи вай сарф шудааст, пардохт намояд. 
Аз русӣ тарҷумаи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
17. ЭСТЕР ВЕРГЕЕР 
БОНУИ БАСКЕТБОЛБОЗЕ,  КИ БЕ ПОЙИ РАВОН ШУҲРАТЁР ШУД
Эстер Вергеер аз синни 8-солагӣ баста ба курсии маъюбист, аз замоне ки баъд аз ҷарроҳии мағзи сар якбора ҳар ду пояш аз кор монданд. То шашсолагӣ як духтараки одӣ ва дӯстдори оббозӣ буд. Вале, беморӣ ва оқибатҳои даҳшатбори он иродаи ӯро нашикастанд ва Эстер худро ҳамон тавре сохт, ки дидан мехост. На аз барои шараф, барои сарват ҳам не, балки барои арзанда зиндагӣ кардан, барои эҳсоси инсони зарурӣ будан дар ҷомеа.   
Имрӯз ӯ бонуи баскетболбози беназир дар таърихи ин намуди варзиш ва теннисбози оламшумули маъюб аст. Ғолиби чандкаратаи сабқатҳои «Тоскулоҳи бузург», чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон, чемпиони чоркаратаи олимпист. Қариб 20 соли охир Вергеер ягон бохт надошта, 250 қувваозмоиро пайи ҳам бурдааст. Солҳои 2002 ва 2008 ҷоизаи «Беҳтарин варзишгар бо имкониятҳои маҳдуд»-ро сазовор гардид. 
- То 6-солагӣ ман як духтарчаи муқаррарӣ будам. Ҳамаи ноомадиҳои ман 21 марти соли 1988 сар шуд. Ҳангоми дарси оббозӣ сарам якбора чарх зад. Аз мураббӣ пурсида, каме дам гирифтан хостам, вале баробари дар курсӣ нишастан аз ҳуш рафтам,- нақл мекунад қаҳрамони мо. 
Воқеан, ташхис маълум мекунад, ки мағзи сари духтарча об гирифтааст ва оҷилан бояд дар беморхона бистарӣ шавад. Баъди ҷарроҳӣ Вергеерро ҷавоб медиҳанд ва саломатияш беҳтар шудан мегирад. Вале, мутаассифона, баъди як сол ҳамин ҳодиса ва боз ҳам ҳангоми дарси оббозӣ такрор мешавад. Вергеер дар чашм ва гарданаш дарди сахтеро ҳис мекунад. Духтурон ҳамин қадар кӯшиш мекунанд, сабаби беморӣ номаълум мемонад ва ӯро рухсат медиҳанд. Баъди чанд муддат дард то миёни ӯро ранҷ додан мегирад ва бо маслиҳати духтури оилавӣ миёни Вергеерро ҷарроҳӣ мекунанд. Хеле хурсанд буд, ки соли навро бо аҳли оила мегузаронад, вале афсус боз ҳам чархзании сараш авҷ мегираду зери теғи духтури ҷарроҳ меафтад. Ҷарроҳӣ 9 соат идома меёбад. Духтурони академияи тиб бовар доштанд, ки он муваффақ гузаштааст, вале вақте мефаҳманд, ки ду пойи духтарча аз кор мондааст, ба шок меафтанд. Қаҳрамондухтари оянда бошад, дар ҳолати мадҳушӣ чӣ гуна гузаштани соли навро нофаҳмида мемонад ва, албатта, тасаввур ҳам намекунад, ки пушти дар ӯро аробачаи маъюбӣ интизор аст… 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
«НАПОЛЕОНИ ТОҶИК»
Рӯзноманигори англис, шоҳиди ҳаводиси муқовимати Аҳмадшоҳи Масъуд дар солҳои 80-уми асри ХХ ба рағми ИҶШС Санди Галл китобе навишт бо унвони «Наполеони афғон». Қаҳрамони марказии асар - Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аст.
Асар бо сабаби таваҷҷуҳи ҷаҳон ба ҳаводиси имрӯзи Афғонистон зуд бозори фурӯши китобро пахш кард, ба муаллиф шуҳрату ном ҳам, овард. Аммо тоҷикони дунё аз Санди Галл тавассути номаҳои дастаҷамъӣ, наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки номи китоб ба «Наполеони тоҷик» иваз карда шавад. Афғон ном миллате дар Афғонистон нест. Чунин вокуниши ҳамагонӣ Сандиро водошт, то номи китобро иваз ва китобҳои бо номи аввалӣ чопшударо аз бозори фурӯш барчинад.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
САРХӮР  
ЗАНЕ, КИ 13 ШАВҲАРАШРО ОЗОР ДОДУ НОБУД КАРД
Байла Исои 69-соларо дар Куба ҳамчун зани «дарранда» мешиносанд, зеро ӯ 13 маротиба издивоҷ карда, ҳамаи шавҳаронаш баъд аз издивоҷ мурдаанд ё худкушӣ кардаанд. Аниқтараш ҳафт нафари онҳо дар шароити пурасрор нопадид шуданд, 3 кас даст ба худкушӣ зад, ду тани дигар аз сактаи дил фавтид ва охиринаш дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
Пулиси Гавана дар иртибот ба маргу мири шавҳарон Байларо боздошт кард ва маълум шуд, ки ин зан пулҳои онҳоро ба зӯрӣ аз худ карда озорашон медод.
Воқеан, Байла собиқ қаҳрамони бокс, гӯштии румӣ буда, дар ин самт чандин медалҳои байналмилалӣ ва қитъавӣ дорад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
МАНЕ: «ҚАҲРАМОН НЕСТАМ, ТАНҲО ИНСОНАМ»
Садио Мане, футболбози сенегалӣ, ки бо амалҳои эҳсонкориаш дар ҷаҳон машҳур аст, зимни як суханронӣ бо футболбозону шахсони муътабар чунин мегӯяд: «Ман дар оилаи камбизоат таваллуд шудаам. Ҷиҳати харидани пойафзол барои бозии футбол маблағ надоштем. Вале пас аз солҳо он наврасе, ки пойҳояш зимни футболбозӣ мекафиду захм мебардошт соҳиби ҳама чиз гашт. Аммо як чизи муҳимро фаромӯш намекунам: қаҳрамон нестам, танҳо як футболбози номдор ва, пеш аз ҳама, инсонам.  Ҳамеша мегӯям, ки ман аз он сарзамини дури тираам. Ҳар лаҳзае ин ба хотирам мерасад, хоҳиши бештари ба ҳазорон кӯдаконе, ки барои харидани пойафзоли нав маблағ надоранд, ёрӣ расондан пайдо мешавад». 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
14 ҚОНУНИ ПСИХОЛОГИЕ, КИ ДОНИСТАНИ ОНҲО ҲАЁТИ ШУМОРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД
Қонуни «Бахшидан». Агар шумо одамонро набахшед, сарват, саодат ва ҳатто вуҷуди худро хубу хуш ҳис намекунед, дар руҳатон гӯё чизе намерасад. Бавижа, агар қалбатон пур аз кина бошад, муҳаббат дар он маъво пайдо карда наметавонад. Мисле, ки меҳмон меояду хона пур аст, вақте меҳр омаду дилро пур аз кинаву кудурат дид, қафо мегардад. Бояд аз эҳсосоти манфие, ки шуморо мисли сӯҳон мехӯрад ва таъқиб мекунад, канора ҷӯед.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2022    №: 96    Мутолиа карданд: 2317
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед