logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

CentralAsia (KZ).  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кремл, Президенти Россия Владимир Путин бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Жомарт Токаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла як қатор масъалаҳои амалии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, баррасӣ шуданд.   
Сарварони ду кишвар, ҳамчунин, ба бархе аз ҷанбаҳои фаъолияти иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё дахл карданд. Тамоюли тарафайн ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Россия ва Қазоқистон тасдиқ гардид.
 
 
 
Паёми видеоии Си Ҷинпин ба ширкаткунандагони нишасти вазирони корҳои хориҷии БРИКС 
 
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 19 май ба ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви БРИКС паёми видеоӣ  ироа кард.
Си Ҷинпин зикр намуд, ки дар шароити таҳаввулоти бузург дар ҷаҳон ва пандемияи COVID-19, ки  дар садсола бесобиқа аст, омилҳои бесуботӣ, номуайянӣ ва ноамнӣ дар миқёси ҷаҳон афзоиш меёбанд. Бо вуҷуди ин, сулҳу рушд мавзуи асосии давру замон боқӣ мемонанд, саъю кӯшиши инсоният ба ҳаёти зебо коста намешавад. Рисолати таърихии ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ доштани ҳамбастагӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ба шумор меравад.
Кишварҳои БРИКС ҳамчун иштирокчии фаъол ва созандаи корҳои байналмилалӣ бояд бо иродаи устувор ва ҷасорати муассир ба сулҳу рушд мусоидат кунанд, адолату баробарӣ ва демократияву  озодиро ҳифз намоянд ва, ба ин васила, субот ва неруи мусбатро ба равобити ноороми байналмилалӣ ворид созанд. Си Ҷинпин таъкид кард, ки таърих ва воқеият ба мо гувоҳӣ медиҳанд, ки талош барои таъмини амнияти худ аз ҳисоби амнияти кишварҳои дигар танҳо боиси даргириҳо ва хатарҳои нав мешаванд. Ташаббуси глобалии амният, ки ман ба миён гузоштам, маҳз барои ноил гаштан ба амнияти тақсимнашаванда дар тамоми ҷаҳон тарҳрезӣ шудааст.
 
 
 
 
Нишасти иқтисодии Россия ва кишварҳои исломӣ оғоз шуд
 
Мир24. Дар Тотористон саммити иқтисодии Россия ва кишварҳои ҷаҳони ислом ба кор шуруъ кард. Меҳмононро бо беҳтарин анъанаҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
Яке аз меҳмонони нахустини ҳамоиши байналмилалӣ раиси Палатаи болоии Парлумони Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов буд. Ӯро дар фурудгоҳ бо нону намак ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Барои истиқболи Бердимуҳамедов, Раҳбари Тотористон Рустам Миннихонов шахсан омад.  
Қазон, аллакай, мизбони нишасти 13-уми байналмилалии иқтисодии "Россия - Ҷаҳони ислом" аст. Дар он намояндагони беш аз 50 минтақаи Россия ва 63 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.  
 
 
 
Лукашенко бо губернатори вилояти Нижний Новгород вохӯрд
 
Мир24. Беларус ҳамкориҳоро бо минтақаҳои Россия густариш медиҳад ва бо ин мақсад, Александр Лукашенко дар Минск бо губернатори вилояти Нижний Новгород Глеб Никитин мулоқот кард. 
Беларус ба вилояти Россия маҳсулоти озуқаворӣ, қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо, мошинҳои хоҷагии қишлоқ мефиристад. Александр Лукашенко пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштарак  тавсеа ёбанд.  "Ман дар бораи он фикр мекунам, ки Ғарб бо ҷорӣ намудани таҳримҳояш моро ба рушди фаъолтари Россия ва Беларус таҳрик дод. Агар касе тайёр бошад, ки дар ин бобат ба мо ҳамроҳ шавад, манфиати муҳим хоҳад гирифт",- гуфт Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед