logo

иҷтимоиёт

АМИТ АЗ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ЁД КАРД

 
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 - солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат ҳамоиши илмӣ - оммавӣ доир шуд. Дар он устодони илму сухан, аз ҷумла Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Аламхон Кӯчарзода, ширкат ва суханронӣ намуданд. «Мақоми Муъмин Қаноат дар адабиёти муосири тоҷик» мавзуи меҳварии ҳамоиш буд.
Зикр шуд, ки Муъмин Қаноат ба майдони назми тоҷик бо тозакориву тозагӯйи ворид шуда, дар он  бо сабки хос эҷод кардааст. Дӯстдорони олами назм баъди нашри аввалин маҷмуаи шеъраш - «Шарора» ӯро чун шоири маъниҷӯву навовар дарёфтанд. Ҳатто чанде аз шеърҳои маҷмуа нотакрору нодир ва ягона арзёбӣ шуданд. Чунончи:
Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,
Гӯё пири гулфурӯшон аст.
Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,
Локии шоҳӣ дар камар дорад.
Саллаи сурх гирди сар дорад,
Сабади гул ба пеши бар дорад.
Ин шеърро дар  зоти худ он солҳо ягона хонда, Аскар Ҳаким гуфт: «Дар шеъри тоҷик ба воситаи тасвир гуфтани маънӣ ва мазмун аз  ҳамин шеър оғоз шуд.  Ҳарчанд дар гузашта дар шеър тасвири табиат ба назар мерасид, мазмунро ифода намекард. Тасвир ҷон надошт. Аммо дар шеъри Муъмин Қаноат, тасвир ба забони худаш суҳбат мекунад. Дар шеъри ӯ манзараи табиати кишвар, ҳувияти миллии халқи тоҷикро мебинед. Устод  аз аввалин шоироне буданд, ки  ба чунин масъалаҳо аҳамияти амиқ доданд ва ин хусусият дар эҷодиёти минбаъдаи ӯ инкишоф ёфт. Дар шеърҳои минбаъдааш  арзишҳои  маънавии халқи тоҷик  бори нахуст барҷаста нишон дода шуданд».
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ зимни суханронӣ ёдовар шуд, ки Муъмин Қаноат узви вобастаи АМИТ буд. Яъне, на танҳо шоир, балки олим ва муҳаққиқи варзида низ маҳсуб меёфт. Донандаи хуби таърих буд ва ҳам дониши хуби фалсафӣ дошт.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, ҳунари достонсароии устод Муъмин Қаноат  ва вижагиҳои хоси достонҳои офаридаи ӯ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки муҳимтарин хосияти достонҳояш он аст, ки шоир  дар онҳо дарди ҷомеа, башариятро чун дарди худ бозгӯ кардааст, аз ҷумла дар «Сурӯши Сталинград». Ин достон баъдан ба забонҳои дигар низ нашр шуда ба шоир шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Барои ин ва «Модарнома»-аш Ҷоизаи  давлатии Иттиҳоди Шуравиро ба даст овардааст. «Гаҳвораи Сино», «Созҳои Шероз», «Масъуднома» аз ҷумлаи достонҳои дигари офаридаи ӯ мебошанд, ки дар адабиёти тоҷик мондагоранд. 
  
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2022    №: 97    Мутолиа карданд: 416
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед