logo

иҷтимоиёт

«СОБИТҚАДАМ»

 
Арабҳо мегӯянд: «Ҳама чизи гумшуда азиз аст». Бисёр чизҳои гумшуда бо ҷустуҷӯ, бо баҳои гуногун пайдо мешаванд, ба ҷуз лаҳзаҳои умр ва нишастҳо, дидори волидон, ёру дӯстони пурҳунар, айёми кӯдакӣ.
 
Оре, дар ҳаёт азизтару гуворотар аз даврони бачагӣ чизеро пайдо кардан амри маҳол аст. Сад афсӯс, ки лаҳзаҳои гуворои айёми кӯдакӣ чун сӯзанакҳои садранге миёни каҳтӯдаҳо гум мешаванд, ин ганҷи шойгон пас аз чандин солҳо, вақте ки фарсахҳо роҳ дур мегардаду дастнорас мемонад, аз нав азиз мешавад, қимат пайдо мекунанд. Ин навиштаҳои нависандаи шинохта Садриддин Ҳасанзода мебошад, ки дар оғози китоби тозанашраш бо номи «Собитқадам» ҷой дода шудааст. Муаллиф онро, яъне ин китобро «иншои нотамом» хондааст. Қаҳрамони қисса Эмоми Сафар ва фарзандони меҳнатқарини ӯ мебошанд.
Муаллиф дар «Дебоча»-и китобаш дар хусуси фазилатҳои Эмоми Сафар ёдовар мешавад.
Аз рӯи навиштаи адиб хонандагон дарёфта метавонанд, ки ин мард шахси наҷиб буду бо хурду бузург, мансабдору бемансаб, дорову нодор баробар муносибати нек дошт. Ӯ бештар ҳамсуҳбати ба дилу дида наздик, яъне фарҳангиёнро меҷуст ва худро дар ин миён озодтару фараҳмандтар медид. Матлабҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро мехонд ва дар бораи ҳусну қубҳи онҳо андешаҳояшро бе хотирбинӣ иброз медошт. Дар айёми беморӣ аз мардуми ҳамдеҳааш, ки агар ба шаҳр мерафтанд, овардани китобҳои бадеии тозанашрро дархост менамуд.
Садриддин Ҳасанзода дар бораи ӯ дар ин қисмат чунин менависад: «Қариб як умр мудири фермаи чорводорӣ, соҳиби ҳазорон сар аспу гӯсфанд, гову гӯсола, молу маводи бозоргир буд, бо вуҷуди ин рӯзгори одӣ, либоси муқаррарӣ дошт. «Бачаи мардак зеби вазифаву дороӣ дорад»,- мегуфт мардум хоксории ӯро васф карда. Моли халқро аз халқ ва ҷамъият медонист, хешро масъулу муҳофизи он. Ӯ аз ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии олам огоҳ мешуду аз навгониҳои рушди кишвари соҳибистиқлоламон шод мегашт».
Аз рӯи маълумоти муаллиф навиштани ин қисса моҳи декабри соли 2016 ба анҷом расидаву қаҳрамон онро хондаву писандидааст. Аммо Эмоми Сафар пас аз моҳе, яъне январи соли  2017, дунёро падруд гуфтааст. Нашри китоб бо сабабҳои гуногун тул кашидааст ва ба дасти ӯ дар ин шакл нарасидааст.
Ҳамин тавр, қиссаи нави Садриддин Ҳасанзода дар боло рафтани тарбияи ахлоқии ҷомеа саҳми арзанда гирифта метавонад. Аз ин рӯ, он туҳфаи муносибест ба аҳл ва дӯстдорони каломи бадеъ.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2022    №: 97    Мутолиа карданд: 455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед