logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

 
Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад дар хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар самти таъмини корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулоти гуногуни абрешим ва рушду тараққиёту пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад. Бояд гуфт, ки ҳамасола дар шаҳру навоҳии мамлакат кирмакпарварӣ рушд намуда, парвариш ва нигоҳубини он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб хоҷагидорон ба ин самт таваҷҷуҳи махсус дода, ҳамасола парвариши кирмакро вусъат мебахшанд. Айни замон, хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.
Ба иттилои Давлат Шеров, намояндаи ҶСК “Пиллаи тоҷик”, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мувофиқи дурнамо 63 қуттӣ тухми кирмак дар 4 ҷамоати деҳот тақсим гардида буд ва тибқи нақшабандӣ бояд 2 тоннаву 500 кг пилла ҷамъоварӣ карда шавад.   
Маврид ба зикр аст, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.
Бибитош Муродова, сокини Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, беш аз 30 сол боз ба парвариши кирмак машғул буда, аз ин ҳисоб ҳамасола зиёда аз 100  килограм пилла ба даст оварда, даромади хуби иқтисодӣ   мегирад.
Ба гуфтаи кирмакпарварони ҷамоати мазкур парвариши кирмак  нигоҳубини пайваста ва дар вақти муайян бо ғизо таъмин намуданро талаб менамояд.
Бояд иброз дошт, ки кирмакпарварӣ ба мисли дигар соҳаҳои кишоварзӣ дар мамлакат мавқеи асосиро доро мебошад. Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Он нахи абрешим, ки аз пилла гирифта мешавад, аз дигар нахҳои табиӣ фарқияти калон дорад. Фарқияти он дар мустаҳкам будани нах, хусусияти ёзишхӯрии он, ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани он зоҳир мегардад. Инчунин, аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯ маҳсулот истеҳсол мешавад.
Идимо Бобулова, сокини деҳаи Зарқалъа, беш аз 25 сол боз ба парвариши кирмак машғул буда,  ҳамасола дар мавсим саҳми хешро дар парваришу истеҳсол ва иҷрои нақшаи дурнамо мегузорад.
Бояд зикр намуд, ки соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла рукни муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешавад, зеро маҳз иқлими мусоиди Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки ба ин намуди соҳа сокинон шуғл варзида, маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро пешкаши бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ гардонанд.
 
Далер ШАРИФОВ, 
мудири бахши матбуотии  
МИҲД-и Кӯлоб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед