logo

иқтисод

ДАСТУРИ ПЕШВО - САРМАШҚИ КОР. ДАР ЛАХШ БАРОИ ТО 900-СЕНТНЕРӢ РАСОНДАНИ ҲОСИЛ ТАЛОШ ДОРАНД

 
Ин шабу рӯз дар сарзамини зархези Лахш кишту парвариши картошка бо ҷӯшу хурӯши хосса ҷараён дорад. Ҳадафи сокинони меҳнатқарини ноҳия дар доираи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври чашмрас зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли  босифати ин зироати муҳими озуқаворист. Дар партави супориши Пешвои миллат доир ба тақвияти корҳои кишту парвариши зироатҳо ситоди ноҳиявӣ оид ба кишти картошка зери роҳбарии Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш, таъсис ёфта, ҳоло фаъолияти мунтазам ба роҳ мондааст. 
Ба иттилои раиси ноҳия, ситод дар ҳар як ҷамоат ва деҳот намояндагиҳои махсус вобаста ба кишти картошка таъин ва гурӯҳҳои корӣ иборат аз фаъолони ҷомеаро сафарбар намудааст.  Ҳамзамон, барои анҷоми саривақтии ин маъракаи кори саҳроӣ ба таъминоти техникаю олоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро кишти босифати картошка аз ҳолати техникаҳо низ сахт вобаста аст.  
- Мо мақсад дорем, ки тибқи дурнамо майдони кишти картошкаро аз ҳисоби хоҷагиҳои давлатию  инфиродӣ ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонем. Ин ҷо саҳми заминҳои ҷудогонаи аҳолиро  агар илова намоем, ҳаҷми заминҳои картошка ба бештар аз 5 ҳазор гектар хоҳад расид. Ҳамчунин, аз ҳисоби таъмини тухмиҳои босифати маҳаллӣ ва таъмиру навсозии қисматҳои харобгаштаи хатту  шабакаҳои обёрӣ дараҷаи ҳосилнокиро дар сатҳи хуб нигоҳ дорем. Зеро сол ба сол гармшавии иқлим эҳсос мешавад, ки ин раванди табиӣ ба ҳосилнокии картошка бетаъсир нахоҳад буд. Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки таъминоти оби полизиро низ сари вақт ва бемонеа анҷом диҳем. 
Айни замон, 128 техникаи кишоварзӣ дар саҳро барои кишти картошка равона шудааст, - изҳор дошт Файзулло Баротзода. 
Ба иттилои  Акрам Асомиддинзода, муовини якуми раиси ноҳия, то ҳол дар ноҳия  зиёда аз 2100 гектар  картошка кишт гардидааст, ки аз 60 дарсади дурнамо зиёд аст.  
Тавре номбурда гуфт: «Имсол дар мавсими кишт деҳқонон аз лиҳози дастрасӣ ба тухмии босифат танқисӣ надошта, аксари онҳо аз тухмии  маҳаллии навъи «Тоҷикистон»  ё маъруф ба «Дарозпалак» истифода мекунанд, ки дар ҳолати риоияи дурусти корҳои агротехникӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектари он то 300 - 350 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст». 
Ислом Худойдодов, роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии  «Самар», изҳор намуд, ки дар доираи ҳадафҳои пешгузоштаи давлату Ҳукумат вобаста ба истеҳсоли интенсивии маҳсулоти кишоварзӣ мо ду соли охир дар ноҳия парвариши тухмиҳои супер, суперэлитаро бо ҷалби олимони варзида дар гармхонаҳо аз ҳисоби занону бонувони хонашин ба роҳ мондем. 
- Имсол, аллакай, як қисми тухмиҳои парваридаи «Самар» берун аз гармхонаҳо ва майдонҳои таҷрибавӣ дар саҳро васеъ истифода мешаванд. Ин тухмиҳои офаридаи олимони ватанӣ дар қитъаҳои таҷрибавии ассотсиатсияи «Самар»  мутобиқ ба тағйирёбии иқлим буда, аз ҳар гектари он  аз 700 то 900 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Аз рӯи нақшаи пешгузошта, давоми 3 соли минбаъда бояд 200 тонна тухмии навъи суперэлитаи маҳаллӣ истеҳсол ва пешкаши кишоварзон гардонда шавад, - бо баварӣ гуфт Ислом Худойдодов. 
Ноҳияи Лахш яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат аст. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар ҳамасола ба вазъи соҳаи мазкур дар ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаб дар ноҳия ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аст. Чанд соли охир Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Сартитал, даҳҳо гектар майдони навро шодоб намуд, ки боиси афзунии истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои нави кор гардид. Ҳоло набудани пули мошингузар дар деҳоти Обшорон боиси аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани садҳо гектар замини баландҳосил шудааст. Солҳои пеш, ки дар  ин минтақа роҳу кӯпруки автомобилгард мавҷуд буд, деҳқонони он дар ноҳия ҳосили аз ҳама баландтарини картошка – то 400 – 500 сентнер мегирифтанд. Роҳбарияти ноҳия талош дорад якҷо бо Вазорати нақлиёт барои ҳалли ин масъала низ тадбири натиҷабахши амалӣ андешад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2022    №: 97    Мутолиа карданд: 1915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед