logo

Хабарҳо

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

Ҷолибияти Чемпионати Англия оид ба футбол то даври охир идома дошт. Зеро мақомҳои якум (“Манчестер Сити” 90) ва дуюмро (“Ливерпул” 89) ҳамагӣ як хол аз ҳам ҷудо мекард. Дар ин давр “Манчестер Сити” бо “Астон Вилла” ва “Ливерпул” бо “Вулверхэмптон” вохӯрданд.
Тими “Манчестер Сити” то дақиқаи 75 бозиро бо ҳисоби 2:0 бохта истода буд. Дар дақиқаи 76 Илкай Гюндоган гол зада, натиҷаро коҳиш дод ва пас аз ду дақиқаи дигар Родри ҳисобро баробар намуд. Ба Илкай Гюндоган муяссар гашт, ки дар дақиқаи 81-ум тӯби қаҳрамонии “Манчестер Сити”-ро ба самар расонад.
“Ливерпул” низ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.  
 
“Милан” пас аз 11 сол қаҳрамон шуд
 
22 май мавсими навбатии чемпионати Италия ба охир расид. «Милан» пас аз 11 сол маротибаи 19-ум унвони қаҳрамониро ба даст овард. Дар даври ниҳоӣ «Милан» барои гирифтани унвони деринтизори худ “Сассуоло”-ро шикаст дод (3:0). 
Мақомҳои дуюм ва сеюмро «Интер» ва «Наполи» ишғол карданд. 
Ҳамин тариқ, дар мавсими нав «Милан», «Интер», «Наполи», Ювентус дар Лигаи чемпионҳо, «Латсио», «Рома» дар Лигаи Аврупо ва «Фиорентина» дар Лигаи Конференсия бозӣ мекунанд. 
 
CAFA – 2022 
16-солаҳои Эрон ғолиби мусобиқа 
 
Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола хотима ёфт. Аз рӯи натоиҷи мусобиқот якбора ду даста – Эрон ва Ӯзбекистон 10 - холӣ ба даст овардаанд. Аммо ба далели тафовути тӯбҳо наврасони эронӣ чемпион шуданд.
Мизбони мусобиқа - мунтахаби Тоҷикистон бо чор хол мақоми сеюмро касб кард. 
 
Мелбурн мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ 
Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр) дар Мелбурни Австралия (13 – 18 декабр) доир мегардад. Қаблан, мизбон Қазон эълон гардида буд. 
Дар иртибот ба ин тағйирот президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) Ҳусайн Ал-Мусаллам чунин гуфтааст: «Федератсияи байналмилалии шиноварӣ хушҳол аст, ки Австралия бори аввал Чемпионати ҷаҳонро мизбонӣ мекунад. Ин кишвар анъанаи бузурги шиноварӣ дорад ва мо бесаброна интизори сафар ба Мелбурнем».
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5073
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед