logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

23 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва рафти иҷрои нақшаҳои дар ин ҷода пешбинишуда дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмони ҳамкории Шанхай давоми 20 сол, ҳамкории кишварҳои аъзо, натиҷаҳои ҷаласаи ҷашнии сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, ба Чжан Мин Дабири навтаъини Созмон дар фаъолияти хизматиаш барору комёбӣ орзу намуданд.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ муҳокима шуданд.
Ба Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи амалӣ оид ба рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории пандемия дар минтақаи СҲШ, машварати вазирони саноат ва машварати вазирони энергетика, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2022    №: 98    Мутолиа карданд: 2938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед