logo

иҷтимоиёт

ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТИ ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ

Сиёсати оқилона ва дурбинонаи Ҳукумат ва давлат нисбат ба насли наврас ва ҷавонон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишварамон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон, тарбияи мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ватандӯсту ватанпараст дар радифи корҳои ҳамешагӣ ва аввалиндараҷа меҳисобанд. Қабули санадҳои муҳимтарин доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти расмии Рӯзи ҷавонон, эълон гардидани Соли ҷавонон, роҳандозии силсилаи озмунҳо хосса барои ин қишри сернуфуси аҳолӣ номгӯи мухтасари  тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳои шоиста арзёбӣ мегарданд. 
 
Чораҳои муассири Ҳукумати Тоҷикистон барои даҳсолаҳои ояндаи миллат тарҳҳои бузургеро рӯи кор оварда, сарчашмаи  тарбияи  насли неруманду қавӣ хоҳанд буд.  Зеро, ҷавонон сарвати миллӣ буда, созандагону муҳофизони имрӯзу фардои ин давлату миллат ҳастанд ва  идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи хеш мебошанд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро “умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат” ном мебаранд. 
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ба ин  қувваи бузургу қудратманд беш аз пеш ғамхорӣ зоҳир мегардад. Ҷалби ҷавонон ба  омӯзиши илму донишҳои муосир,  ихтирооту навоварӣ, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳо, ба роҳ мондани таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ идомаи иқдомҳои муҳими  Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон мебошад. Зеро насли донишманд маърифати миллатро муаррифӣ намуда, онро рушд мебахшад. Ҳамзамон,  тарбияи ҷавонон  дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳидоят намудани онҳо ба касбомӯзӣ барои таҳким ва устувории неруи ин қишри созандаву бунёдкор дар ҳифзи марзу буми Ватан  шароити созгор муҳайё мегардонад. 
Дар ҳошияи ин ҳама пуштибонӣ имрӯз ҷавонон бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш, андешаҳои созанда, тафаккури бунёдкорона барои мустаҳкам намудани Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ дар кишвар саҳм мегузоранд. Дар раванди муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки хусусияти муосири муборизаҳои сиёсии субъектони муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, фаъолона иштирок менамоянд. Ҷавонони далеру шуҷоъ бо дарки қарзи шаҳрвандии хеш дар назди Модар - Ватан ва барои ҳифзи суботи сиёсӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат менамоянд. 
Ҷоиз ба зикр аст, ки инқилобҳои техникии қарнҳои XX ва ХХI дар шинохти тамаддун, адабиёт, маънавият ва фарҳанги дирӯзу имрӯзи ҷаҳонӣ роҳи фарохе ба кулли оламиён, аз ҷумла наврасону ҷавонони тоҷик, боз намуд.  Ҳамчунин, бо назардошти авзои мураккаби  ҷомеаи ҷаҳонӣ  имрӯз ҷавонон имконоти зиёди дастрас намудани маълумот, дониш ва ақоиди гуногунро аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои телевизионию  интернетӣ доранд, ки ба ҷаҳонбинии онҳо бетаъсир намемонад. Дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, ақоиди гуногуни мазҳабию динӣ, экстремистию  террористӣ  донистани асрори илмҳои дақиқ ва табиатшиносию риёзӣ дар  фаҳмиши фикрии дуруст, тафаккуру андешаи солим ва самаранок истифода бурдани технологияи муосир омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки мундариҷаи таълими илмҳои табиатшиносию дақиқро инкишофи хаёли эҷодӣ, тафаккури мантиқию техникӣ ташкил медиҳад. Аз омӯзиши илмҳои муосир, бахусус илмҳои дақиқ, насли  созанда,  худшиносу худогоҳ, соҳиби тафаккури солим ва дар оянда ба рушди босуботи иқтисодии кишвар  саҳмгузор ба воя мерасад. 
Шуруъ аз оғози солҳои 2000-ум ба тавсеа ва  омӯзиши амиқи илмҳои техникию риёзӣ ва дар ин замина баланд бардоштани такомули  шуури техникии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, солҳои 2020-2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид.  Ин иқдоми шоиста ба такомули боз ҳам бештари тафаккури техникӣ  дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати илму техника такони ҷиддӣ мебахшад. 
Авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки нисбат ба ин зуҳуроти манфии замон бетараф набошад.  Бахусус  ҷавонон, қувваи бузург баҳри муқовимат бо чунин падидаҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, илму дониш,  касбу ҳунар  ва ҳисси баланди миллии онҳо ба ҳайси аслиҳаи тавоно хидмат хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки маҳз адои бошарафонаи рисолати  имрӯзаи ҷавонон оғози фардои дурахшони Ватанро таъмин месозад.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузургест. Таърих гувоҳ аст, ки  неруи солиму созандаи ин халқи тамаддунофар то имрӯз сарзамину миллатро эмин  дошта тавонист.  Танҳо фардони худшиносу бедордилаш  саҳифаҳои дурахшони таъриху миллати хешро меомӯзанд ва бо тарғиби ғояҳои бузург нафъ мерасонанд. 
Бо мақсади шинохти ҷавҳари аслии дирӯз, дарки мазмуни воқеии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоӣ таҳти сиёсати фарҳангофари Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии кишвар арҷгузорӣ гардида, ба таъриху тамаддун, эҳёи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихии фарҳанги мардуми тоҷик  руҳи тоза ва шукӯҳу ҷилои дучандон бахшида шуд. Меҳвари сиёсати давлатдории навин аз намунаи рӯзгори ибратангези миллати куҳанбунёди тоҷик маншаъ гирифт, ки бо ин васила тафаккури ҷомеа дар руҳияи худогоҳии миллӣ пайваста ва ҳадафмандона ташаккул меёбад. 
Бо ташаббуси Сарвари давлат ҳамасола баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба хотири он аст, ки маҳз  рӯ овардан ба абёти шоирону нависандагон  дар ҷодаи  ҳифзи хотираи таърихӣ, густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва рушди тафаккури ҷомеа мусоидат менамояд. Дар баробари он, омӯзиши дарси ҷасорату мардонагӣ низ он ҷо нуҳуфтааст.  Воқеан, рӯ овардан ба таъриху фарҳанг дар ниҳоди ҳар фард ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба обу хоки муқаддаси Ватанро афзун намуда,   шахси аз он неъматҳои бебаҳо бархӯрдор  дар ҷодаи эъмори фардои босаодаттари Меҳани азизашон бештар саҳм мегузорад. Пас, агар аз як тараф устувории давлат аз босаводии миллат вобастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, омӯзиши дарси мардонагиву садоқат омили муҳим дар ҳифзи давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин таъкид доштанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрӯз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод».  Шоистаи тазаккур аст, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ давоми солҳои мавҷудият борҳо собит намудаанд, ки онҳо метавонанд, дар муқобили ҳама гуна душманони дохиливу хориҷӣ истодагарӣ намоянд ва дар ҳифзи кишвари азизамон омода бошанд.
Имрӯз Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосӣ ва  сипари боэътимоди давлатдории миллиамон ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ қодир дар  ҳимояи марзу буми Ватан, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат мебошанд. Боиси ифтихору саодат аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри таъмини Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Тоҷикистон, мусоидат ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди сохти конститутсионии давлат ҷонбозиҳо намуда, вазифаҳои худро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа софдилона ва мардонавор иҷро менамоянд.
Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошад. Ватандӯстӣ мардуми моро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошт ва  асоси муваффақиятро дар Артиши миллии мо низ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Пас, дар руҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан,  ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар яки мост.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои ҳар як фарзанди далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намесозанд.
Мо - мардуми Тоҷикистон, аз сарбозони далери Ватан ифтихор мекунем ва эътимоди комил дорем, ки онҳо дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд. Зеро мо - халқи тоҷик аз азал барои ҳимояи Ватан – Модар ҳамеша омода будем. Муборизаҳои Томирис бо истилогарон, корнамоиҳои Спитамен бар зидди лашкари мақдунӣ, ҳаракатҳои озодихоҳонаи Деваштич ва ғурак бар зидди арабҳо, қаҳрамониҳои Темурмалик дар ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ва садҳо дигарон мисоли равшани таърихие мебошанд, ки аз далериву шуҷоат ва ҷоннисории аҷдодонамон дар роҳи ҳимояи марзу буми хеш гувоҳӣ медиҳанд.       
Имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ бисёр мураккабу печида гардондаанд, мо бояд ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
Боиси ифтихор аст, ки бо истифода аз сулҳу суботи комил имрӯзҳо бештари ҷавонон ихтиёрӣ хизмат дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳро интихоб карда, иҷрои ин рисолатро обутоби маънавию ҷисмонӣ меҳисобанд. Рисолате, ки афсарону сарбозон иҷро мекунанд, намунаи ибрат дар ҷодаи омӯзиши дарси мардонагӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷавонон муҳофизони суботи сиёсӣ буда,  бо нангу номус ва  тафаккури созанда дар ҳифзи Ватан обутоб меёбанд ва дар таъмини сулҳу оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва шукуфоии  фардои ин давлату миллат саҳм мегузоранд.
 
М. М. ШАРИФЗОДА, 
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, 
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2022    №: 98    Мутолиа карданд: 577
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед