logo

Хабарҳо

Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин, дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии Созмон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба фаъолияти муштарак дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ суҳбат карданд. Дар ин замина, аҳамияти иқдомоти лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гашт.
 
 
Ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар Душанбе
Дар доираи миссияи фарҳангию соҳибкории ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе 23-26 май як қатор мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои самаровар баргузор мегарданд. Дар доираи сафар ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев бо муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода вохӯрд. 
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, сиёсиву иқтисодӣ, гардиши савдо миёни ду шаҳр, маорифу тандурустӣ ва амсоли онҳо аз ҷониби Олег Эргашев ва Ҷамшед Табарзода баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои олии таълимии Санкт-Петербург зиёда аз 1000 намояндаи Тоҷикистон таҳсил менамояд. Пешниҳод шуд, ки аз ҷониби маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург барои донишҷӯёни шаҳри Душанбе ҳар сол боз 50 квота барои таҳсил ҷудо гардад. 
Ҳамчунин, бо иштироки намояндагони ду ҷониб маросими ифтитоҳи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар Душанбе баргузор гашт. Таъкид шуд, ки ҳоло гардиши савдо миёни Душанбе ва Санкт-Петербург ба 100 миллион доллар баробар гардидааст. Содироти маҳсулоти хӯрокворӣ ва нассоҷӣ, аз ҷумла матоъ аз пахтаи табиӣ ба Санкт-Петербург, аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мебошад, ки он бояд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардад. 
 
 
Таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт 
Дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Туркманистон бо  директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (NAPECO) Туркманистон Мақсат Пирлиев мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт ва маҳсулотҳои нафтӣ, аз ҷумла имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, суҳбат карданд.
 
 
Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Риёз
Дар Риёз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар доираи сафари ҳайати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон  баргузор гардид. 
Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии тоҷик ва саудӣ, намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии дахлдори Арабистони Саудӣ, тоҷирону сармоягузорон, ширкат варзиданд.   
Ҳамоиш бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо байни ниҳодҳои расмӣ ва ширкатҳои хусусии дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияткунанда ва ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
 
 
Ҳафтае се парвоз дар масири Душанбе-Истанбул–Душанбе
Шуруъ аз 5 июн ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба: сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро мешаванд. Дар ин бора ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ дод.
Мутобиқи талаботи мавҷуда, муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ, тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони англисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озоданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4909
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед