logo

иҷтимоиёт

"ҶУМҲУРИЯТ". ТОҶИКОНХОНӢ - ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Тоҷиконхонӣ ба ҳукми анъана медарояд ва ҳам дар кишвар он густариш меёбад. Ин анъанаи нек ва бисёр муҳим барои миллат ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад ва дар саҳифаи заррини таърих хонову зебо сабт мегардад. Аслан, дар бисёре аз кишварҳои дунё ҳар сарваре таъин ва ё интихоб мешуд, ба ному кори сарварони пешин хати сиёҳу батлон мекашид, то ба худ эътибор бубахшаду мақомашро устувортар намояд. Аммо Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амалу муносибатро аз оғози фаъолияташ хатову ноҷоиз шуморид. Баръакс, хидматҳои ин сарваронро қадр кард ва беҳтарин таҷрибаҳои онҳоро бозгӯ ва истифода намуд. Бешак, амали мазкур обрӯи ӯро дар кишвар ва берун аз он афзуд ва он дар роҳбариву сарварӣ файзу баракати бисёр овард.
Дар миёни мардуми мо садсолаҳо боз шоҳномахонӣ, гӯрғӯлихонӣ, зафарномахонӣ ва ғайраҳо ривоҷ доштанд ва чун мерос аз насл ба насл мегузаштанд. Яъне, ривоҷи ин гуна хонишҳо ба болоравии сатҳи маърифати мардум таъсири  нек ва ҳам барои шинохти асолати худ нақши муҳим мегузоштанд. Бо мавҷудияти ин заминаҳо Пешвои миллат ташаббус ва иқдоми наҷиб зоҳир карду дастур дод, то минбаъд тоҷиконхонӣ низ роиҷ гардад. Чаро? Чунки миллате, ки ба таърихаш рӯ меораду онро меомӯзаду аз ҳодисоти рухдода ибрат мегирад, бо фарҳангаш ифтихор мекунад, кӯдаконаш мисли пирмардонаш меандешанд. Ва баръакс, ғафлат, надонистани таърих пирмардонро дар андешидан ба кӯдакон баробар месозанд.
Сарвари давлат аз оғози фаъолияти роҳбарияш таъкид мекарду дастур медод, ки аз таърихи миллат сабақҳои арзишманд бигирем. Ин барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, марзу буми кишвар ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ бисёр зарур аст. Инчунин, бо дарку таҳлили ҳодисоти рухдодаи ҷаҳон, дарёфти нақшаҳои абарқудратони ҷаҳон барои тақсими нави ҷаҳон моро ҳушдор месозад, ки воқеан, ҳушёру зирак бошем. Ба ҷуз ин, дар шинохти пазириши мавқеъ ба ғалат роҳ надиҳем. Ҳодисоту мавқеъгириҳои солҳои охири як қатор роҳбарони давлатҳо, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, динӣ ва ҳатто фарҳангӣ борҳо собит сохт, ки имрӯз ба ҷаҳон, дар ҳақиқат, бояд ба чашми хирад бингарем ва дӯстро аз душман ҷудо карда тавонем. Ҳолиё қудратхоҳону ҷаҳонхоҳон ба ҳар сурат меоянд,  то мафтуни амалҳову муносибатҳои онҳо, фирефтаи ваъдаҳои ширинашону ояндасозиҳои «нек»-ашон бишавем. Кохи бузурги миллатро, ба таъкиди Пешвои миллат, танҳо мо – худамон бунёду ободу устувор гардонда метавонем. Набояд фирифтаи ғайр бишавем, неъматҳои бузурги худодод - сулҳ, ваҳдат, истиқлол ва фарҳанги милливу диниамонро аз даст бидиҳем.
Дар тавсифу шиносондани мавқеи муаллифи «Тоҷикон», сарвари пешини ин давлат дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, яъне пеш аз истиқлол, Пешвои миллат навишта буд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими дурандеши давлатӣ, сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно ба шарофати донишу хиради фавқулода, маҳорати баланди ташкилотчигии худ дар ташаккули ҳаёти нав ва пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон хизмати бесобиқа кардааст». Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 1997 ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ба ҷуз ин, дар мавриди ин шахсияти мондагори таърих баён дошту навишт, ки он худ як таърихи дигар аст: «Воқеан, яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки  соли 1972 дар Маскав ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо, дар ҳақиқат, такони ҷиддие гардид».
«Тоҷикон»-ро Сарвари давлат шиносномаи миллат хонд ва онро, ҳамзамон, чун асари безавол бори дигар муаррифӣ кард. Инчунин, зарур шумурд, ки ин асар китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик бошад. Онро барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардум чун обу ҳаво зарур донист. Сабаби онро низ ёдовар мешавад: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт».
Дар ҳақиқат, омӯхтани таърих, ба таъкиди Пешвои миллат, танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои имрӯз ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур мебошад.
Бузургони миллат ҳанӯз садсолаҳо пеш барои шинохти ҳақиқат таъкид мекарданд, ки ҳифзи давлат аз ба даст овардани он мушкилтар аст.
Президенти мамлакат бо додани дастури худшиносӣ, ҳидоят ба шинохту арҷгузории ин асари безавол иктифо накард, балки ба шарафи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ онро нашр ва ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намуд. Нашри «Тоҷикон» бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ, наздики ҳазор саҳифа ва теъдоди нашри 1 миллиону 600 ҳазор нусха маблағи зиёдро хостор буд. Ин имконро Сарвари давлат фароҳам овард. Яъне, мо ҳамзамон, ба қадри Пешвои миллатамон дар ин маврид низ бояд бирасем. Бешак, чунин иқдому қадршиносӣ ба нафаре даст медиҳад,  ки дар ҳақиқат, дилсӯзу қадрдони миллату арзишҳову дастовардҳои бузурги он мебошад. Ва, албатта, на танҳо мо, балки ояндагон ва таърих ин иқдомҳои наҷибу бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр мекунанд, аҷр мегузоранд ва ба онҳо шукр менамоянд.
Соли 2022 бо тоҷиконхонӣ дар саҳифаи таърихи миллат ҷойгоҳи махсусро ба худ касб хоҳад кард ва, албатта, баъдҳо ояндагон ба насли бедори мо ифтихор хоҳанд намуд, ки мо ин иқдому ташаббуси Сарвари маҳбубамонро бо дарку фаҳмишу меҳру муҳаббати зиёд амалӣ намудаву бо анъанаи нек табдил додем. Тавре Пешвои миллат дар сарсухани китоби «Тоҷикон» бо номи «Шиносномаи миллат» менависад: «Таърих фарогири замонҳои гузашта ва имрӯза мебошад. Дар доираи ин фосилаҳои замонӣ одамон бо ташаккули ҷамъияти инсонӣ баҳо медиҳанд ва воқеиятро ошкор месозанд». Бовар дорам, ки бо ин амалҳои нек, густариши анъанаи тоҷиконхонӣ баҳои сазовори таърихро соҳиб мешавем. Омӯзиши таърихи халқамон, ба яқин, вазифаи муқаддас дониста шудаасту мешавад.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед