logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ “ДИПЛОМАТИЯИ ОБ” ВА ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН

 
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаву саривақтии худ, зери роҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу экологии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ намудааст. Роҳбари давлат дар ин маврид чунин зикр карданд: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Тибқи сарчашмаҳо,  яке аз масоили умдаи об - ин истифодаи захираҳои он ва обёрикунонӣ аст, ки  дар бисёр  кишварҳои дунё дуруст тақсим намешаванд ва, аз ин рӯ, мардуми сайёра аз норасоии он ба мушкилот дучор мегарданд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз зиёда аз 70 дарсади одамони сайёра обро барои обёрӣ намудани замин истифода мебаранд. Аз соли 1950 ин фоиз се баробар афзудааст. Аммо як мушкили дигари асосӣ шӯршавии замин аст, ки  тавассути обёрӣ намудани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор мегирад ва ҳосилнокии онро кам месозад.
Тибқи сарчашмаҳо набуду норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис менамояд. 
Боиси ёдоварист, ки Тоҷикистон дорои беш аз 1300 кӯл буда, қисми зиёдаш дар минтақаи Помир мавҷуд мебошад. Бештари онҳо дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500 то 5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати  мамлакат аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. 
Ҳамин тавр, бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 » баргузор гардид. Дар он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар сессияҳои алоҳида паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба об, аз ҷумла «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон»-ро, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
 Ва боиси  обрӯмандии  мо низ ҳаст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро Сарвари давлатамон сари вақт шинохтанд ва ба ҷаҳониён расонданд, то аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоем. 
Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нимаи аввали моҳи июн мизбони чорабинии сатҳи баланд – Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» мегардад. Тибқи манобеи расмии Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар  чорабинии сатҳи баланд намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф ширкат намоянд. Мавриди зикр аст, ки Конфронси мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардида, дар Тоҷикистон  Кумитаи тадорукоти Конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Дар ин маврид, санаи 05.05.2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши пажӯҳишӣ ҷиҳати масоили об ва нақши он дар ҳаёти башар зери унвони “Пешвои миллат-ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об” баргузор гардид. Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди мушкилиҳои об ибтикори ҷаҳонӣ гуфта, иқрор кард, ки айни замон башар дар пешорӯи норасоии об қарор дорад.
Дар ҳамоиши мазкур олимон ва коршиносон, аз ҷумла доктор Музаффарӣ, сухан карда, таъкид намуд, об  муъҷиза буда, дорои хотирае аст, ки он  то 30 сол боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои экологӣ тибқи андешаронии мавсуф аз зумраи мушкилоте мебошанд, ки кишвари мо дар ҳалли онҳо дар симои Сарвари давлат ҷойгоҳи соҳибнуфузе пайдо кардааст. 
Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки  барои қадри зарро шинохтан аввал инсон бояд заршинос бошад, вагарна ҳамаи дороиву зару зеварашро аз даст медиҳад ва нодору фақир мегардад. Ва имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар бояд аз ибтикори Роҳбари кишвари мо, ки заршинос ҳастанд, ифтихор карда,  ба қадри ҳар қатра об расида, онро сарфакорона истифода барад.
Мо мардуми Тоҷикистон шукрона аз он намоем, ки Ватани азизамон аз ин муъҷизаи нодир фаровону саршор аст.  Аз ин сабаб, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифзу  сарсабзу хуррам гаштани диёрамон камари ҳиммат баста, Ватанро озоду орому обод нигоҳ дорем ва ташаббусҳои созандаро барои рушди инсоният ва тозагии муҳити зист идома дода, саҳми арзанда гузорем.
 
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии Институти 
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё
ва Аврупои АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед