logo

Хабарҳо

ҲАВЗАИ ДАРЁИ ВАХШ. ДАСТГИРИИ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШУРО АЗ ҶОНИБИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER ҷаласаи якуми Шурои ҳавзаи дарёи Вахшро оид ба идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар шаҳри Бохтар дастгирӣ кард. Дар ҷаласае, ки дар шаҳри Бохтар доир шуд, аъзои Шурои ҳавзавӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии якчанд шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ҷонибҳои манфиатдор аз бахши давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, байналмилалӣ, маҳаллӣ ва хусусӣ иштирок намуданд.
 
Ҷаласаро муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарифов ифтитоҳ намуда, ба аҳамияти татбиқи Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 таъкид намуд. Ислоҳоти об мақсадҳо, вазифаҳо ва механизмҳои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи марбут ба банақшагирӣ, истифода ва идораи захираҳои обро муқаррар ва баҳри ислоҳот маблағҳои калони молиявӣ ҷудо менамояд. 
Тибқи овоздиҳӣ мақомоти роҳбарикунанда ва низомномаи Шурои ҳавзаи дарё, инчунин, аксарияти кулли аъзоёни Шурои ҳавзаи дарё тасдиқ карда шуданд. Илова бар ин, дар вохӯрӣ шарикони рушд, аз ҷумла GIZ, CARITAS, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд фаъолиятҳои лоиҳавии худро дар ҳавзаи дарёи Вахш бо тавсияҳо ва роҳҳои ҳалли беҳтар оид ба идоракунии устувор ва тағйирпазири захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Вахш муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа ҳамчун унсури асосии таъмини рушд ва татбиқи муштарак ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи фарогир, одилона ва устувори идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарё таъсис дода шуд. Лоиҳа амалиёти худро баҳри дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об дар татбиқи Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва беҳтар намудани амнияти обӣ ва устувории минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшон идома медиҳад.
Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, ки муштаракан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, баҳри афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.
 
Шарофат АШУРОВА, 
мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи
Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3896
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед