logo

иҷтимоиёт

АБДУРАҲМОНИ АБДУМАННОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАШАККУЛИ КАМОЛОТИ МАЪНАВИЁТИ МИЛЛӢ

 
Бо такя ба мактабҳои илмии донишмандони  густарданазар  (соҳиби дониши энсиклопедӣ) – Раҳим Ҳошим, Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров ва… насли дигари адабпажӯҳон ба камол расиданд, ки дар ин миён чеҳраи донишманди покизагуфтор, офарандаи портретҳои ҷолиби адабӣ ва тарҷумони ҳунарманд Абдураҳмони Абдуманнон ба таври равшан таҷаллӣ менамояд. 
 
Қабл аз ибрози таассур ва бардоштҳо аз фаъолияти босамар ва таълифоти гуногунсамти  Абдураҳмони Абдуманнон зарур дониста шуд, ки  муҳаббати шогирдӣ ба ин устоди донишманд ва сухангустар бозгӯ шавад. Ҳангоми таҳсил дар курси 4-уми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), дар ҷадвали дарсамон фанни «Адабиёти Шарқ» ишора шуда буд ва мо интизор будем, ки яке аз устодони штатии факултет ин курсро тадрис мекунанд. Ному насаби  Абдураҳмони Абдуманнон барои аксари  донишҷӯён ноошно буд.
Аз дарсҳои аввал шогирдон ба фанни тадрисӣ ва шеваи дарсгӯйии ӯ дилбастагӣ пайдо карданд. Устод баъди қисмати муқаддимотӣ ва назариявӣ  зикр намуданд, ки мардуми Эрон бо тоҷикон ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҷонпайванд буда, то асри XVI таъриху адаби яксон доштанд. Мероси пурарзиши  намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Фаррухии Сиистонӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо эҷодкорони дигар, ки дар асрҳои IХ-XV зистаанд,  барои тоҷикону эрониён баробар тааллуқ доранд ва баъди асри XV низ, ин муштаракот қатъ нагардид, ба гунаи гулчин шоирону нависандагони Эрону Афғонистонро ба мо муаррифӣ мекарданд. Эшон аснои дарс ҷавонони қобилиятнокро зери назар гирифта, барои фаъолият дар муассисаҳои илмӣ пешбарӣ намудаву шеваи пажӯҳиш омӯхтаанд. Ин гуна меҳрубонии устоди донишмандамон дар иртибот ба навиштани тақриз бо рисолаҳои дипломии ману шарикдарсам Муҳаммадюсуф Имомзода (ҳоло академики АМИТ) зоҳир гардидааст. 
Фаъолияти омӯзгории эшон дар давраҳои дигар низ дар факултети филологияи ДМТ, бавижа ихтисоси тарҷумаи бадеӣ идома ёфтааст.  Ҳамчунин, китоби "Таърихи адабиёти советии тоҷик" (инкишофи жанрҳо), ҷилди 1-ро бо ҳаммуаллифии Холиқ Мирзозода интишор додаанд, ки то имрӯз мавриди истифодаи донишҷӯёну муҳаққиқони адабиёт қарор дорад. Бинобар ин, мақоми ӯ дар шинохти мо дар  ин таълимгоҳ дар ҳадди устодони донишманд Ш.Ҳусейнзодаву Д.Тоҷиев, Асрориву С.Табаров, Х.Шарифову М.Қосимова, С.Имронову С.Воҳидов ва муаллимони ҳамнаслаш Р.Мусулмониёну А.Сатторзода қарор дошта, мисли онҳо дар ташаккули камолоти маънавии ҷавонони роҳҷӯйи илм нақши муассир гузоштааст. 
Ба мушоҳида мерасад, ки барои чун шахсияти илмӣ ва ҷамъиятӣ ба камол расидани Абдураҳмони Абдуманнон ду омил таъсири муфид расондааст. Омили аввал, донандаи хуби забонҳо, бавижа забони русӣ будани эшон аст.
Тарҷума дар шумули фазилатҳои зиёдаш барои ба доираи густарда муаррифӣ кардани адабиёт бо фарогирии ғояву образҳои тоза хидмат мекунад. Аз ин ҳисоб, эҷодкорону хонандагон ба шарофати заҳмати тарҷумонҳо ба намунаҳои хуби назму наср ва драматургияи ҷаҳон ошно шудаанд. 
Бо назардошти чунин эҳтиёҷ дар Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон шуъбаи тарҷума таъсис ёфт ва бо роҳбарии ӯ фаъолияти бобарор  дорад. Устод мутахассисони  забондон ва аз амали тарҷума воқифро ба кор ҷалб намуда, намунаҳои арзишманди назму насри тоҷикиро тариқи маҷаллаи вижа (Алманах) ва китобҳои алоҳида ба хонандаи русизабон манзур менамоянд. Шуъбаи тарҷума баробари тарҷумаи намунаҳои назму насри тоҷикӣ ба забонҳои дигар,  беҳтарин дурдонаҳои адабиёти Ғарбу Шарқро ба забони тоҷикӣ баргардон намуда, манзури хонандаи тоҷик менамояд.
Абдураҳмони Абдуманнон дар мақолаи ба истиқболи 100-солагии Носирҷон Маъсумӣ навиштааш «Шарофати бузург», ки саршори меҳр ба устодон Мирзо Турсунзодаву Носирҷон Маъсумӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати барои рушди фарҳанги миллӣ кашидаи онҳо мебошад, бо зикри далелҳои ҷолиб иртибот пайдо кардани худро ба амали тарҷумонӣ  бозгӯ намудааст. Суҳбати дар мақола зикр ёфта дар меҳмонхонаи «Москва» баъди аз сафари Индонезия баргаштани устод Мирзо Турсунзода ба вуқуъ пайвастааст ва аз муҳтавои он маълум мегардад, ки эшон аз вазъияти мураккаби дар тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри классикӣ ба миён омада парешонӣ доштаанд.
Дар аснои суҳбат Мирзо Турсунзода ба Абдураҳмон Абдуманонни он замон аспирант ва муҳаққиқи навкор, ки  мавзуи «Анъанаи қасида дар эҷодиёти Маликушшуаро Баҳор»-ро мавриди пажӯҳиш қарор додааст, рӯй оварда, мақсадро чунин матраҳ кардаанд: «Носирҷон Асадович мегӯянд, ки шумо забони русиро хуб медонед, шеърфаҳмиатонро  низ таъриф карданд. Мутаассифона, дар мо чунин шудааст, ки русидонҳо шеърро дуруст намефаҳманд, онҳое, ки шеъри тоҷикиро  хуб мефаҳманд, русиро хуб намедонанд. Бинобар ин, дар  тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри тоҷикӣ, хусусан шеъри классикон, як вазъияти хеле мураккаб ба миён омадааст. Ман имрӯз дар Иттифоқи нависандагон будам, бо директорони нашриётҳои «Художественная литература» ва «Советский писатель» суҳбат доштам. Дар суҳбатамон Шавкат Ниёзӣ ҳам буд. Агар шумо тарҷумаи таҳтуллафзи шеъри классикону шоирони муосирро ба уҳда гиред, бад намешавад. Барои худатон ҳам аз манфиат холӣ нахоҳад буд. 
Ҳамин ҳидояти устодони бузург, бавижа Мирзо Турсунзода, ин муҳаққиқи адабиёт Абдураҳмон Абдуманнонро, ки аз фазо ва муҳити гарми илмиву адабии шаҳри Москва баҳра мебардошт,  барои анҷоми амалҳои пуршараф ва ҳамзамон заҳматталаб раҳнамун сохт ва ӯ тавонист сазовори боварии устодон гардида, барои муаррифии шеъри классикиву муосири тоҷик хидмати арзишмандро иҷро намояд. Дар фарҷоми ин мақола ӯ ёдовар шуда, ки «Аз ҳамон вақт ҳамкориам бо нашриёту нашрияҳои адабии Москва оғоз шуда, баъдан ин ҳамкорӣ бароям як мактаби муҳим ва барои рӯзгорам як манбаи даромад гардид». 
Абдураҳмони Абдуманнон аз гунаи пажӯҳишгароне маҳсуб меёбад, ки тавассути дониш ва диди фарох дар пажӯҳиши адабиёти меросӣ, адабиёти даврони маорифпарвариву бедорӣ, бозгӯй ва арзишдоварии маводи матбуоти оғози асри ХХ, таҳқиқи эҷодиёти поягузорони адабиёту фарҳанги замони нав  ибрози назар кардааст, ки аз шеършиносӣ ва воқеиятбаёнияш башорат медиҳад.  
Қаблан ба гуфта омад, ки дар барори фаъолияти илмии ӯ ду омили муҳим таъсиргузор аст. Омили дуюм, ки ба чеҳранигорияш мусоидат намудааст, ба таъбири шоирона «камоли ҳамнишинӣ» аст. Аз ин дидгоҳ устод нафари хушбахт аст, зеро шуруъ аз овони ҷавонӣ ҳамнишинӣ ва ҳамсуҳбативу мавридҳое пайдо шудани риштаи дӯстӣ бо чеҳраҳои бузурги адабиёту фарҳанги миллӣ, монанди Бобоҷон Ғафуров, Носирҷон Маъсумӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Муҳаммад Осимӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расул Ҳодизода, Абдуқодир Маниёзов, Хуршеда Отахонова, Аълохон Афсаҳзод, донишмандону тарҷумонҳои номдори рус, муҳаққиқони шинохтаи Эрону Афғонистон ва дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ насиби эшон гардидааст. Абдураҳмони Абдуманнон ба мақоми нависандагии Садриддин Айнӣ ва мақоми шоирии Абулқосим Лоҳутӣ бо назари вижа нигариста, бунёди фарҳанги миллӣ ва дар паҳнои қаламрави давлати шуравию берун аз он маъруфият пайдо кардани тоҷиконро аз файзи мақоми эҷодӣ ва ҷамъиятии ин бузургон медонад. Абулқосим Лоҳутӣ ва сабки ғазалиёти ӯ, ки дар мақолаи «Ҷон дар тани шеър» дар 6 ҳисса мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст, арзиши як рисолаи илмиро дорад.
Ҳақиқатбаёнӣ ва пос доштани руҳи бузургон дар портретҳои адабӣ ва мақолаву китобҳояш мақоми шоиста доранд. Бардошт аз файзи суҳбати гузаштагон ҷиҳати дар бораи ҳамнаслону ҳамзамонон бо меҳр сухан гуфтан мусоидат намудааст. Ин сифатро дар мақолаҳои қабл аз китоби «Нуқтаи назар» (1996) таълиф гардида ва мақолаҳои зиёду китобҳои баъдии ин адабиётшиноси  донишманд ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. 
Дар мақолаи «Пире буд равшанзамир», ки оид ба фаъолияти тарҷумонӣ ва фазилатҳои инсонии Раҳим Ҳошим ихтисос гирифтааст, хушсуҳбатӣ, риояи одоби суннатӣ, мадад ба корафтодагон, садоқат дар дӯстӣ ва тамкини бомавқеъ барин масоили  ибратомӯз бартарӣ доранд. Ӯ ба ҳар сатр ва ҷумлаи навиштаи Садриддин Айнӣ бо эҳтирому эҳтиёт муносибат мекард. Инро Абдураҳмони Абдуманнон ҳини аз хати форсӣ ба кириллӣ баргардон намудани тарҷумаи «Таърихи инқилоби Бухоро» аз ӯзбекӣ, ки Раҳим Ҳошим бо камоли забондонӣ ва маҳорати тарҷумонӣ ба сомон расондааст,  ба  мушоҳида гирифтааст. 
Муносибати Раҳим Ҳошим ва ӯ саршори меҳр буда, аз ҳамкории эшон илми адабиётшиносии тоҷикӣ манфиат дидааст.
Абдураҳмони Абдуманнон дар мақолаи «Бузургмарди фарҳангӣ буд ӯ», ки ба фаъолияти илмӣ, ровигӣ ва роҳбарии Абдуқодир Маниёзов бахшида шудааст ӯро чун идомабахши мактаби роҳбарии Носирҷон Маъсумӣ муаррифӣ менамояд. Дар фарҷоми мақола зикр намудааст: «Ман 12 сол дар Институти забон ва адабиёт ходими калон ва пешбари илмӣ, муовини директор оид ба илм будам ва дар ин муддат боре ҳам надидааму нашунидаам, ки Абдуқодир Маниёзов ба нафаре аз кормандон садо баланд карда ё кина варзида ва ё муносибати беадолатона зоҳир намуда бошад. Инсони комил, олими хушсалиқа, шахсияти, воқеан, фарҳангӣ буд ӯ».
Чунин поси хотирдорӣ, некбин будан, самимият ва бомеҳр дар бораи эҷодкорону пажӯҳишгарони оғозу анҷоми асри ХХ, шоиру нависандагони ҳамнаслу ҳамзамон ибрози андеша кардан  Абдураҳмони Абдуманнонро ба дилҳо қарин намудааст ва бошад, ки эшон дар паноҳи руҳи бузургон барои адабиёту фарҳанги миллӣ хидмат кунад.     
 
Муртазо ЗАЙНИДДИНЗОДА, 
устоди Донишгоҳи миллии 
Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 466
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед