logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. ТО ВАҚТЕ БА ҚАДРИ ЗАМИН МЕРАСЕМ...

Ба ҳар як сокини кишвар, хусусан кишоварзоне, ки бо замин сару кор дошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузоранд, зарур аст, ки дар истифодаи самараноки замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва рӯёндани ду - се ҳосил аз як замин дар як сол аз тавсияи мутахассисони соҳа самаранок ва оқилона истифода баранд. Зеро ин яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва  зироатҳои кишоварзӣ маҳсуб меёбад.
 
Чунонки Алиф Толибов, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, иброз дошт, дар таркиби сабзавот моддаҳои фаъоли биологӣ ва макро-микроэлементҳо, ба монанди намаки калий, калсий, магний, оҳан, фосфор, равғанҳои эфирӣ ва микроэлементҳо мавҷуданд, ки барои организми инсон ниҳоят зарур мебошанд. Аз ин лиҳоз, истеъмоли маҳсулоти зироатҳои сабзавотию полизӣ барои таъмини талаботи ҳамарӯзаи аҳолӣ ниҳоят зарур буда, дар сифатнок гардондани ғизои истеъмолӣ зарур ва ивазнашаванда ба ҳисоб мераванд. Меъёри истеъмолии илман асоснокшудаи солона барои як нафар 110 кг сабзавот ва полизиҳо 30 килограммро ташкил медиҳад.
Гирифтани се ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аз замини кушод дар шароити Тоҷикистон (дар як сол 3 маротиба кишт намудан, кишти асосӣ ва 2 маротиба кишти такрорӣ) имконнопазир аст. Зеро ин ба харобшавии заминҳо мусоидат мекунад. Ҷамъоварии се ҳосил дар як сол танҳо бо истифодаи зироатҳои муҳлати парваришашон кӯтоҳ, ба монанди гашнич, шибит, шалғамча, шалғам, турб, пиёз барои кабудӣ (барг) ё ин ки аз кишти такрории омехта -  ҷуворимакка барои дон, зироатҳои лӯбиёгӣ, дар заминҳои хурд помидори дарозпоя бо як қатор сабзӣ, полизиҳо бо кунҷит ва ғайра тавсия мешаванд.
Минтақаҳои водигӣ, аз қабили водии Кофарниҳони Поён, водии Вахш,   ноҳияҳои водигии минтақаи Кӯлоб, ки дар баландии аз 350 то 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, барои парвариши ҳосили барвақтӣ, миёна ва дертари зироатҳои сабзавотию полизӣ мувофиқ мебошанд. Водии Ҳисор ва ноҳияҳои водиии вилояти Суғд, ки иқлиму хокашон назар ба ноҳияҳои вилояти Хатлон фарқияти куллӣ дошта, ҳарорати ҳаво нисбатан паст мебошад, ба гирфтани 3-4 ҳосил, хусусан сабзавотҳо, хуб мусоидат мекунанд.
Роҳҳои ба даст овардану парвариши 2-3 ҳосил дар заминҳои обёришаванда дар давоми як сол аз интихоби намуду навъ, муҳлати кишт ва хусусиятҳои обу ҳавои минтақа иборат аст. Дар ин раванд, ҳамоҳангсозии муҳлати кишту парвариши зироатҳои сабзавотӣ барои ба даст овардани ҳосили барвақтии пиёзу карам, сирпиёз, кишти тухми пиёз ва шинондани парварда (кӯчат)-и карам, инчунин, тухмии сирпиёзро дар бар мегирад. Барои ба даст овардани ҳосили сабзии барвақтӣ, ки дар моҳҳои январ - апрел истеъмол карда мешавад, кишти тухмии онро танҳо дар ноҳияҳои ҷанубии водии Вахши вилояти Хатлон (Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритус) дар охири моҳи октябр-аввали моҳи ноябр гузарондан ба талаботи ин зироат ҷавобгӯ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки парвариши зироатҳои сабзавотию полизӣ дар якҷоягӣ бо кишти зироатҳои лӯбиёгӣ, ғалладонагӣ, равғандиҳанда ва хӯроки чорво манфиатнок нест. Аз ин лиҳоз, барои ҳар як минтақа парвариши номгӯи зироатҳои кишоварзӣ ба тариқи киштгардон ва ё ивазкунии зироатҳо бо назардошти раванди фаъолияти хоҷагӣ, майдони кишт ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ бояд амалӣ гардад.
Р. Шарипов, номзади илмҳои кишоварзии Институти зироаткории АИКТ, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки бинобар камзаминии ҳудуди ҷумҳурӣ истифодаи самараноки замин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад.  Ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ бояд роҳҳои дурусти истифодаи замин, омода намудани тухмиҳои аълосифат барои кишти асосию такрорӣ, риояи технологияи омода намудани замин, трактору тухмипошакҳо, дар муҳлатҳои муайян  анҷом додани кишт, таъмин намудани зичии ниҳолҳо, обмонӣ ва таъмини нуриҳои маъданиро хуб дарк намуда, аз рӯи маслиҳати мутахассисон амал намудан ба манфиати кор мебошад. Ҳамзамон, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки тадқиқотҳои илмии худро бо назардошти тағйирёбии иқлими мамлакат такмил дода, дар қиёси стратегияи пешгирифтаи ҷаҳони муосир бо азбаркунии дастовардҳои илмию техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ равона намуда, ҳамасола истеҳсоли зироатҳои ғалладонагиро ба 1,8 - 2  миллион тонна расонанд. 
Истифодаи самараноки заминҳои обёришаванда яке аз роҳҳои таъмини амнияти озуқавории кишвар буда, барои зиёд намудани ҳосилнокии маҳсулот мусоидат менамояд.  Дар ҷараёни истифодаи самараноки заминҳои корам дигар масъалаи муҳим ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили ғаллагиҳо ва коркарди хок пеш аз кишт муҳим мебошад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалла қариб дар тамоми минтақаҳои кишвари мо 120-140 рӯзи офтобӣ боқӣ мемонад. Хоҷагиҳо метавонанд, ки ин муҳлатро самаранок истифода бурда, мушкилоти ғизоро ҳал намоянд. Яъне, ба таври илмӣ амал намуда, барои кишти такрорӣ зироатҳоеро интихоб намоянд, ки ҳосили дон ё баргу пояи он то фаро расидани ҳавои сарди тирамоҳ ҷамъоварӣ  шавад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок бошад.
Бино ба иттилои Т. Нарзулоев, доктори илмҳои кишоварзии  Институти зироаткории АИКТ, тадқиқоти  бисёрсолаи олимон ва таҷрибаи пешқадами деҳқонон нишон доданд, ки дар кишти такрорӣ ҳосили фаровони зироатҳои ҷуворимакка, офтобпараст, мош, лӯбиёгиҳо, марҷумак,  кунҷит ва зироатҳои сабзавотиро гирифтан мумкин аст. Тибқи нақшаи пешакӣ, бояд то моҳи май заминҳои барои кишти такрорӣ мувофиқ чудо карда шаванд. Агар замин нам дошта бошад, коркарди хок пеш аз кишт бо истифода аз технологияҳои номбурда иҷро  гардад. Пеш аз кишти такрорӣ дар ҳар як гектар 50-60 кг фосфор  ва 50-60 кг калий ворид намудан ва нуриҳои азотиро дар вақти нашъунамои ниҳолҳо пошидан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҷуворимакка дар байни зироатҳои ғаллагӣ яке аз муҳимтарин ва серҳосилтарин ба ҳисоб меравад. Онро дар кишти асосӣ ва такрорӣ истифода бурдан мумкин аст. Тавре мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, вақти он расидааст, ки дар ҷумҳурӣ хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии ҷуворимакка ташкил  шаванд. Ин хоҷагиҳо бояд бо мошину комбайнҳои ҷуворимаккағундор,  хирману анборҳои махсус, мутахассисони кордон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин бошанд, тухмии навъҳои серҳосилу тезпазу миёнапазро барои кишти асосӣ ва такрорӣ таъмин намоянд. Истифодаи технологияи муосир ва манфиатнок дар кишти асосӣ ва такрории зироатҳо ба хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки аз ҳар як гектар замин 2 ҳосили дон (100-120 с/га) ва 8-10 ҳазор сомонӣ даромади соф гирифта, амнияти ғизоиро таъмин намоянд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 1059
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед