logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

НАФС
Суистифода аз ваколат ҳаёти директорро доғдор кард
 
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Маҳмадӣ Мирзоев, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳроб – 2016», ба суд ирсол гардид.  
Тавре гуфта мешавад, номбурда ҳамчун роҳбари мактаби ронандатайёркунӣ бо истифода аз ваколати идоравӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, барои тайёр карда додани гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” аз онҳо дар ду ҳолат 10 000 сомонӣ гирифтааст.   
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба М. Мирзоев  бо моддаи 295 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (суистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 солро пешбинӣ менамояд. 
 
 
 
ДУЗДӢ
Боздошти гумонбар баъди зиёда аз як сол
 
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Муъминобод марди 26-солаеро дастгир намуданд, ки дар дуздии 11 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшуда ҳанӯз моҳи августи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, ин миқдор маблағро аз дохили ҷузвдон дуздидааст. 
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса, ки зиёда аз як сол қабл сурат гирифта, мунтаҳо ошкор шуд, тафтишот идома дорад. 
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Оғози тафтиши амалҳои як мардумфиреб
Як сокини ноҳияи Варзоб, ки аз ӯ марди 39-сола ном бурда мешавад, дар ду ҳолат даст ба мардумфиребӣ зада, ҳоло бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир шудааст.
Сомонаи ВКД хабар дод, ки шахси гумонбар моҳи январи соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари як сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардондааст. Ҳамчунин, бо ҳамин роҳ аз як сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст, ки вобаста ба ин тафтишот оғоз гардидааст.
 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99-100    Мутолиа карданд: 2315
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед