logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. ДАСТПАРВАРЕ АЗ МАКТАБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 
Саъдулло Бекназарзода соли 1957 дар деҳаи Оби Туғи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Падараш бобои Саид деҳқони асил, пахтакори варзида буд ва мехост фарзандаш дар оянда ҳамчун ӯ кишоварз ба воя расад. Бо тавсияи қиблагоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон супурда, соли 1980 бо ихтисоси муҳандис-кишоварз ба ҳайси агроном-энтимолог, директори хоҷагӣ ва сардори идораи «Селхозтехника»-и Ёвон, ифои вазифа намуд. Аз 1 январи соли 1995 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ёвон таъин гашт. Айни ҳол сардори филиали «Химиякунонӣ»-и раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мебошад. Соли 1988  бо медали Барои меҳнати шоиста, соли 2020 бо медали Хизмати шоиста қадр гардидааст. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олӣ буд. 
Замоне раиси Ёвон таъин шуд, ки ноҳия пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва кашмакашиҳои бемаънӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле заиф гаштаву  зиёда аз 70 манзили истиқоматии сокинон сӯхта, валангор гардида буд. Ӯ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат хонаҳоро барқарор кард, гурезаҳои иҷбориро баргардонд, онҳоро бо манзили нав ва ғизо таъмин намуд, руҳбаланд гардонд. Корхонаҳои саноатии кимиё, оҳану арматурбарорӣ, сохтмонӣ, оҳак, намак ва масолеҳбарориро фаъол кард. Соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтаю ғалла, боғдорӣ рӯ ба рушд овард, пойгоҳҳои обкашӣ аз таъмир баромаданд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекарданд, ки заминҳои бекор ба гардиши кишоварзӣ ворид шаванд, аз ҳар ваҷаб майдони ҳосилдиҳанда самаранок фоида баранд. Саъдулло Бекназарзода тамоми донишу малака, таҷриба ва неруи худро баҳри тараққии соҳаи аз ҳама муҳим, хоҷагии қишлоқ сарф намуда, тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии моддиву маънавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилотро бартараф созад.
Саъдулло Бекназарзода дар давоми ҳашт соли раисиаш ноҳияро аз ҳама ҷиҳат пешсаф намуд. Боиси ифтихор буд, ки бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калонтарин корхонаи Ёвон - намаки «Экстра» пас аз 16 соли сохтмонаш нотамом бунёд ёфт ва ба фаъолият пардохт. Дар ҳамин давра бо ёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои Пешвои миллат корхонаҳои коркарди пахта, орду равған ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, қомат афрохтани пайкараҳои аллома Б. Ғафуров, М. Турсунзода, нимпайкараи «Модар» симои ноҳияро шукӯҳ бахшиданд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба истифода додани хонаи пиронсолон, мактаб - парваришгоҳ барои кӯдакони ятими кулл ва гимназияҳои хусусӣ иқдомҳои созанда маҳсуб меёбанд. 
Иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 1994 дар ҷашни бошукӯҳи 60-солагии ноҳия таконбахши бунёдкорию ободонӣ ва мавриди амал қарор гирифтани як зумра иншооти ҷашнӣ гардид.
Бо назардошти таҷрибаю малака ва сифатҳои ташаббускориву масъулиятшиносиаш бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саъдулло Бекназарзода раиси ноҳияи Хоҷамастон (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ), ки он вақт аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ қафомонда буд, раис таъин гардид. Вай мушкилоти ноҳияро хуб омӯхт, дар баробари рушди кишоварзӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг эътибори ҷиддӣ зоҳир намуд. Ӯ воқиф гашт, ки қисми  зиёди хонандагони деҳот дар хонаҳои шахсӣ ва хона-вагонҳо таълим мегиранд, бунгоҳҳои тиббӣ таъмирталаб буданд, мутахассисон намерасиданд, беморон барои муоина ба шаҳри Душанбе мерафтанд. 
Раис аз паси ислоҳ шуд. Баъди гузашти чанд сол симои ноҳия бакуллӣ тағйир ёфт. Дар деҳот 5 мактаби замонавӣ қомат афрохт, 13 муассисаи таълимӣ аз таъмир баромад, 7 бунгоҳи тиббӣ ва дар маркази ноҳия беморхонаи замонавии 4-ошёна сохта шуданд. Дар сафарҳои кории Сарвари давлат боғҳои фарҳангию фароғатӣ, беморхонаи замонавӣ ва чандин иншооти зарурӣ, аз ҷумла коргоҳи азими коркарди пахта мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Солҳои 2006-2013 С. Бекназарзода ҳамчун сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар рушди соҳа, таъмини амнияти озуқаворӣ, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ва ба маротиб боло рафтани маҳсулоти стратегӣ -  пахтаи Хатлон саҳми бориз гузошт.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хоҷагиҳо бо 22 экскаватор таъмин гардиданд. Дар натиҷа заҳкашҳо тоза ва обҳои зеризаминӣ бартараф ва ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар ба 25-сентнерӣ расонда шуд.
Вақте ки С. Бекназарзода аз соли 2013 то соли 2015 раиси ноҳияи Қубодиён буд, мавзеи таърихии «Тахти Сангин» таъмир гашта, ба яке аз ҷойҳои муҳими сайёҳӣ табдил ёфт. Хоҷагии калонтарини «Авесто» бо роҳбарии Р. Абдуллоев кишоварзони вилоятро бо чигити тухмӣ таъмин менамуд. Кишти картошка аз марзи 600 га убур кард. Дар 100 гектар току пистаи эронӣ шинонданд. Пилла бошад солона аз 18 тонна ба 40 тонна расид. 
Дар ҳақиқат С. Бекназарзода, ин марди нексиришт, роҳбари оқилу доно ва содиқ ба Ватану миллати хеш, дастпарвари мактаби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз низ тамоми ҳастии худро баҳри ободию шукуфоии диёр сарф менамояд.     
 
Музаффар МУРОДОВ, 
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 621
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед