logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо ниҳодҳои зертобеаш ва дигар сохторҳои марбута дар натиҷаи ҳадафмандона, густурда ва пурсамар гузарондани як қатор чорабиниҳои маърифатию варзишӣ тавонистанд, ки дар тули чор моҳи соли 2022 сатҳи ҷинояткориро миёни ҷавонон хеле коҳиш диҳанд. Доир ба ин масъала ва дигар паҳлуҳои фаъолият суҳбате доштем бо Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати мазкур, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.
 
ТАДБИРҲО ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияти худро дар асоси санадҳои танзимкунандаи соҳа, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст.
Раёсат дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ду фестивали ҷавонони вилояти Хатлонро таҳти унвонҳои «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...» ва “Пешвои миллат - ҳомӣ ва раҳнамои мо!” бо ҷалби ҷавонони фаъол, донишҷӯёну гирандагони стипендияи президентӣ доир намуд.
Дар самти ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва, ба ин васила, тарбия намудани онҳо дар руҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” дар ҳудуди вилоят 330 шанбегӣ гузаронданд, дар онҳо 16470 нафар иштирок кард. Ҷавонон дар баҳорон 44270 ниҳол ва гулу гулбуттаҳо зиёд шинонданд.
 
ШУҒЛИ ҶАВОНОН 
Бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон яке аз масъалаҳои умдаи рӯз ба ҳисоб меравад, ки доир ба ин масъала Раёсат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” 25 курси омӯзишӣ, аз ҷумла курси қаннодӣ, кадбонугӣ, дӯзандагӣ, забономӯзӣ, компютер, ороишгари рӯй ва мӯй, адрасу қолинбофӣ  бо фарогирии 680 нафар, амал намуда истодааст. Ҳамзамон, вобаста ба ин самти муҳими фаъолият 86 чорабинӣ бо фарогирии 3980 нафар гузаронда, 870 маводи иттилоотӣ дастраси сокинон гардид.
 
ТАШВИҚИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Тарбияву ба камол расондани насли ҷавон ва пешгирӣ намудани онҳо аз бемориҳои хавфнок яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Раёсат дар ҳамдастӣ бо раёсатҳои тандурустӣ, маориф ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ, майнӯшӣ, тамокукашӣ ва ташвиқу тарғиби ғизои солим нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати иҷро ба сохторҳои маҳаллӣ ирсол шуд. Ва дар ҳамин замина масъулини Раёсат вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни хонандагону донишҷӯён ва ҷавонони касбу кори гуногун суҳбатҳои муфид баргузор намуданд.
Бо ҷалби волонтёрон Раёсат дар байни аҳолӣ силсилаи аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзуи “Тарғиби тарзи ҳаёти солим – интихоби мо, ҷавонон”, “Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Солимӣ – бойигарии миллат!”, “Солимӣ мароми мост!” ва  “Солимии ҷавонон – солимии миллат!” баргузор шуданд.
 
МУСТАҚИЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ҶАВОНОН
Воқеан, рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ як самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар пайваста иқдомоти нав ба нав роҳандозӣ мешаванд. Ҷиҳати ташаккул ва рушди малакаҳои соҳибкорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Клуби соҳибкорони ҷавони Кумита” форуми минтақавии соҳибкориро дар маркази вилоят бо ҷалби васеи ҷавонон, Ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, “Мактаби ихтиёриён”-и вилояти Хатлон ва “МИР” дар доираи лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла “Аз бизнес идея то ба оғоз”, “Дастгирии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ” бо ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Панҷ, Шаҳритус ва шаҳрҳои Бохтар, Норак, Левакант семинарҳои омӯзишӣ роҳандозӣ гаштанд.
Дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” дар шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, Бохтар, ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод тренингҳо доир ба фаъолияти соҳибкорӣ дар мавзуи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи нақшаи тиҷоратӣ” барои 200 нафар соҳибкор ва ҷавонони фаъол ташкил шуд. 
 
ВАРЗИШ ҶАВОНОНРО БА МАҚСАД МЕРАСОНАД
Раёсат баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси “Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Хатлон”, “Барномаи рушди футбол дар вилояти Хатлон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш як қатор чорабиниҳо, мусобиқаҳои гуногуни варзиширо баргузор намуд.
Аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои маҳаллии он ҷиҳати фаро гирифтани хонандагон ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар давраи таътили зимистона дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят 128 мусобиқа баргузор шуд. Дар чорабиниҳои мазкур беш аз 12670 нафар иштирок кард. Ғолибону ҷоизадорон бо диплому медалҳо қадр шуданд. 
Аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 690 мусобиқаи марҳилавӣ бо фарогирии  43155  нафар гузашт.
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мусобиқаҳои варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа аз рӯйи намудҳои волейбол ва гӯштини миллӣ байни ҷавонон 1350 мусобиқа бо иштироки 33479 нафар баргузор шуд.
Варзишгарони вилоят дар 22 чемпионат ва  мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида,  сазовори 115 медали тилло, 103 медали нуқра, 135 медали биринҷӣ гардиданд. Аз чор мусобиқаи байналмилалӣ 5 медали тилло, 4 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар умум, варзишгарони вилоят имсол 120 медали тилло, 107 медали нуқра, 145 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 372  медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2021-ум 151 медал зиёд мебошад.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи барномаҳои соҳавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш корҳои амалии беҳтар аз пештарро ба сомон мерасонад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 484
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед