logo

иҷтимоиёт

«СУЛТОНИ КИНОИ ТОҶИК»

 
Чунин ном дорад асари нави адиб ва журналисти шинохтаи тоҷик Умари Шерхон, ки тавассути нашриёти «Шарқи озод» чоп шуда, аз ҳаёт ва фаъолияти давлатӣ ва сиёсии Султон Мирзошоев ҳикоят менамояд. 
Китоб аз чанд ҷиҳат ҷолиби диққат аст. Нахуст, ин ки новобаста аз тули солҳои охир ба як шохаи пурбори илми санъатшиносӣ табдил ёфтани соҳаи киношиносӣ ва дар ин самт қаламфарсоӣ намудани устодони шинохтаву коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз қабили доктори илми фалсафа, профессор Саъдулло Раҳимов, номзадҳои илми санъатшиносӣ Ато Аҳроров ва Ҳазрат Сабоҳӣ, номзади илми таърих Шарофат Арабова, журналист Тиллои Некқадам, ҳоло ҳам он ба як самти ривоҷёфтаи публитсистика табдил наёфтааст. 
Чанд нафари дигаре, ки дар ин майдон ҷавлон мезананд, чунин ба назар мерасад, аз рӯйи ҳавову ҳавас ва ҳусни таваҷҷуҳ ба ин ё он коргардону бозигар аҳён-аҳён қалам ба даст мегиранду матлабе менигоранд. Адиб ва публитсисти шинохта Умари Шерхон бошад, умр, қалам ва истеъдоди худро сарфи омӯзиш ва тарғиби дастовардҳои ин соҳа намудааст. Ӯ то ҳадде огоҳонаву тахассусӣ аз боби равандҳои муосири синамои миллӣ ва ҷаҳонӣ хони баҳс ороста,  собитқадамона дар тарғиби дастовардҳои ҳунарварони миллӣ саъй менамояд. Бо ин кораш адиб ва журналист ҳамон холигиеро, ки дар матбуоти тоҷик ҷиҳати бозгӯи вазъи ҳунарӣ ба вуҷуд омадааст, пур менамояд. Дар ин роҳ ҳар воситаву вазъро, ба қавли маъмул пурсамар истифода мебарад. 
Асари мазкур аз зумраи он тадқиқоти ҳунарие нест, ки назари субъективии муҳаққиқро ба объекти тадқиқот дар бар бигирад. Он як навъ экскурси таърихӣ ба раванди рушди синамои миллист, ки дар мисоли худфидоиҳои марди сарсупурдаи ҳунар ва фарҳанги миллӣ, сиёсатмадори маъруф - Султон Мирзошоев матраҳ шудааст. Контексти умумии кинематографии пешниҳоднамудаи муаллиф ба консепсияи фалсафии ин ё он филми алоҳида бахшида нашуда, диққати хонандаро беихтиёр ба сӯи ҳаёти фарде мекашад, ки тақдири худ-ро бо ҳунари дӯстдоштааш пайваста, дар ривоҷу равнақи он саҳми чашмгир ҳам, мерасонад. Ҳамин тавр, мо ба овони наврасӣ ва ҷавонии Султон Мирзошоев баргашта, ҳамвора бо ӯ таҳти таъсири филмҳои муҳими замонаш ба камол мерасем ва баъд, мебинем, ки чӣ тавр таҳти роҳбарии ӯ синамои миллӣ ба қуллаҳои баланд мерасад. Ин далели муҳим бар тарафдорони он андешаест, ки як шахсият метавонад ба раванди ҳунарӣ таъсири амиқ гузошта бошад.   
Муаллиф бо маводи империкии мавриди таҳлилқароргирифта аз зовияи зарурати иҷтимоӣ назар афканда, вобаста ба аҳамияти он хулоса мебарорад. Ин ҳамаро Умари Шерхон бе фишор сари қаҳрамон ва хонанда ва хеле моҳирона овардааст. Аз сатрҳои нахустини он ба ҷо-ҷо ба ҳам омадани услубҳои публитсистӣ ва методи таҳлили асари бадеӣ одат намуда, онро як навъ шарти хондани китоби мазкур қабул месозем. Паси факту далелҳои нави доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Султон Мирзошоев овардаи муаллиф, ҳамчунин, маълумоти зиёде оид ба вазъи кинематографияи тоҷик дар нимаи дувуми садаи гузашта чида шудааст, ки дар контексти пешниҳоднамудаи муаллиф қимати баланди илмӣ касб накарда бошанд ҳам, минбаъд метавонанд ҳангоми гузарондани тадқиқоти ҳирфавӣ ҳамчун манбаи муътамад истифода шаванд. Дар ин самт кори муҳиме, ки муаллиф анҷом додааст, ба китоб илова намудани осорномаи С. Мирзошоев мебошад, ки бо дақиқияти ба муаллиф хос рӯи кор омада, аз қимати баланди илмӣ бархӯрдор аст. 
Бо ин ҳама, ҷиҳати ҳасбиҳолӣ доштани он аз чашми хонанда ниҳон нахоҳад монд. Дар ин маврид низ муаллиф аз осору рӯзгори қаҳрамонаш қисса намуда, бардоштҳои шахсии хеш -  суҳбату вохӯриҳояш бо қаҳрамонро ёдрас мешавад, ки аз саҳфаҳои самимитарини ин матлаб ба шумор мераванд. 
Боиси хушнудист, ки сифат ва миқдори асарҳои илмиву публитсистии ба соҳаи кино бахшидашуда сол аз сол меафзояд.  Ин ҷо метавон ҳам ба асарҳои илмиву назариявӣ вохӯрду ҳам ба муносибату андешаҳои алтернативӣ. Он чи ки ба мо намерасад, ин назари дигаргуна ба синамои миллӣ ва баҳсҳои ҳирфавӣ мебошанд. Аминам, мавриди баъзе нукоти китоб миёни мутахассисон гуфтугузорҳои манфиатбахше сурат хоҳанд гирифт. Ин амал ба доман густурдани киножурналистика таъсири амиқ гузошта, онро аз доираи хурди киношиносии академӣ ба майдони фарохи публитсистика мебарорад. Асари мавриди назар уфуқҳои киношиносиро васеътар намуда, онро аз доираи таҳқиқи назариявию методологӣ ва таҳлили психологӣ то ҷузъи муҳими ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мерасонад.
Асар туҳфаи хубест ба ҷашни 90 – солагии ходими намоёни давлатӣ ва фарҳангӣ Султон Мирзошоев. 
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2022    №: 99 - 100    Мутолиа карданд: 636
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед