иҷтимоиёт
ИСТАРАВШАН: САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲА
Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд, пайванди ногусастании наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Аз шаҳри Истаравшан шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ гузаштааст, ки дар як канори он деҳаи хушманзараи Пошкент ҷой гирифтаву мардумонаш иттифоқ зиндагӣ доранд ва шукронаи соҳибистиқлолии Ватани азиз мекунанду насли ҷавони фардоро дар руҳияи Ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Маҳз таълиму тарбияи дурусти онҳо ба созандагиву бунёдкории ҷавонон замина гузошт.
Имрӯз нақши пурэъҷози ҷавонони созанда ва бунёдкор дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ватанамон назаррас аст. Хостам дар арафи Рӯзи ҷавонон хома ба даст гирифта, ҳамчун арзи эҳтиром шамае аз созандагиву бунёдкории ҷавонони саодатманди деҳаи Пошкентро рӯи қоғаз орам.
Деҳаи Пошкент истгоҳе надошт. Ҷавони созанда Ҳоҷӣ Достон Тӯйчиев, як истгоҳи хуби замонавӣ сохт. Сипас, бо дастгирии муҳоҷирони ҷавон кӯчаҳои деҳаро чароғон кард, - гуфт ҳамсуҳбатам раиси созмони тоҷикон дар шаҳри Находкаи ФР Ҷонибек Тӯйчиев. Минбаъд ин гуна созандагиҳо авҷ гирифтанд, ҷавонони синну соли гуногун, ки дар муҳоҷиратанд иқдомҳои наҷиберо пеш гирифтанд. Масалан, ҷавонони соли таваллудашон 2000-ум барои азнавсозӣ ва ба шароити муосир мутобиқ намудани бинои ёрирасони муассисаи таълимии деҳа, ки дар ҳолати ногувор буд, ҳиссаи арзанда гузоштанд. Ҳар рӯз як хушхабаре мешунавам, роҳҳои деҳа мумфарш, оромгоҳҳо таъмир шуданд, мардум, ки аз оби нӯшокӣ азият мекашид, оби нӯшоки бароварданд...
Даромадгоҳи деҳаро мутобиқ ба фарҳанги ниёгони хеш зебо сохтанд. Деҳа, ки дар як канори шоҳроҳи хусусияти байналмилалидошта ҷойгир аст, минбаъд метавонад макони истироҳатии хуби сайёҳон низ гардад. Ҷавонони созандаи диёр барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Онҳо ашхоси сарватманд ва кормандони бонке нестанд. Подоши амали хешро ҳам намепурсанд, танҳо муҳоҷирҷавонони созандаанд. Аз суханони пурэъҷози Сарвари давлат “Ҷавонон неруи фаъолу боғайрат ва созандаи миллат” руҳу илҳоми тоза гирифта аз пайи амалҳои бунёдкоронаанду ба симои зебои Ватани азизамон боз ҳусну тароват зам мекунанд. Ҷавонони муҳоҷир ҳамаи ин дастовардҳоро самараи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи кишвар медонанд. Маҳз ваҳдату якдилӣ барои тамоми дӯстии халқҳои ҷаҳон роҳи мунаввареро боз хоҳад кард.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,
узви ИЖТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.05.2022 №: 99 - 100 Мутолиа карданд: 904