logo

Хабарҳо

ГИРОМИДОШТИ ҲАКИМ ФИРДАВСӢ ДАР ДМТ

 
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии Фирдавсӣ ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он ректори ДМТ Қобил Хушвахтзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, декани факултети филологияи тоҷик Сироҷиддини Эмомалӣ, шоирону пажӯҳишгарони тоҷику эронӣ Рустам Ваҳҳобзода, Алиризои Қазва, Равшан Раҳмонӣ иштирок ва суханронӣ доштанд.
- Пири Тӯс Фирдавсии шоир, ки Аҷамро бо забони порсӣ зинда нигоҳ дошт, бешубҳа шиносномаи миллати моро бо номи «Шоҳнома» офарид. Хидматҳои бедареғе, ки ӯ барои рушди забони мо кард, дар ҳазор соли таърих кам касе ба ҷо оварда. Имрӯз насли нав, насле, ки бештар бо техникаву технология ошност, бештару беҳтар ба ҳамосса безаволи Фирдавсӣ руҷуъ кунанд ва ҳувияти худшиносиро аз вай биомӯзанд, - изҳор дошт Қобил Хушвақтзода.
Муҳаммадтақӣ Собирӣ мардуми ҳавзаи форсизабон, аз ҷумла тоҷиконро, бо ин рӯзи пирӯз хуҷастабод гуфта, аз ҷумла иброз дошт: «Агар Фирдавсӣ намебуд, чӣ мешуд? Агар чунин буд, мо дар гирудори таърих ва кашокашҳои душманон на танҳо забони тоҷикии порсиро мебохтем, балки худогоҳиву ифтихорро аз даст медодем. Мо аз хушбахттарин мардумонем, ки паёми ҳазорсолаи ниёгони худро мефаҳмем, бо забони Ҳаким Фирдавсӣ суҳбат мекунем. Ҳанӯз ҳам пули робита байни мо забони мост».
Шукӯҳи китоби мондагори «Шоҳнома» дар фарогирии донишҳову огоҳиҳои гуногун, аз ҷумла, таърихи пайдоиши тамаддун, инсону табиат, шаҳророӣ, пизишикию мумиёӣ, ҷуғрофию ҳикмату фалсафа, мусиқию оинҳои миллию динию кишвардорӣ, панду андарз, забоншиносию сухангустарӣ, номанигорӣ мебошад. Фирдавсӣ бо ин асар на танҳо бунёди адабиёти моро таҳким бахшид, балки собит намуд, ки ин забон бо вуҷуди таҳоҷуми аъроб ҳанӯз ҳам баёни тамоми илмҳои диниву дунявиро дорад. Шиори ӯ аз забонаш чунин садо медиҳад: «Забонро нигаҳдор бояд будан!»
Ричард Фолтс, яке аз эроншиносони маъруфи Амрико мегӯяд: «Муаррифи шумо аввал шеър аст. Яъне, шеър бунёди ҳувияти фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст. Ду чизро бояд донед: якум, Наврӯз, дувум, «Шоҳнома». Наврӯз ҷашни ҷаҳонии тамоми порсизабонон аст ва аслан ба ҳеч забону дин рабт надорад. «Шоҳнома» адабиёти миллии ҳамаи шумост. Ин намунаи фарҳанги бузургест, ки дар ҷаҳон онро медонанду мешиносанд. Дар таърихи ҳунари дунё бузургтарин саҳнае, ки наққошӣ шудааст, саҳнае аз «Шоҳнома» аст».
Рустам Ваҳҳобзода, гардонанди маҳфил баён дошт: «Муҳимтарин падидае, ки дар осори ин бузургвор ситоиш мешавад, озодиву озодагист. Қиматтарин арзиш аз банди ҷаҳолат, аз чангу нанги душман озод будан аст, ки мегӯяд:
Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,
Ки солор бошам, кунам бандагӣ!»
- Пири Тӯc ҷое бо ифтихор мегӯяд: «Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин, Пас аз марг бар ман кунад офарин!» Ин хитоба ба насли нав аст, ки бояд бо ҳушу ройу дониш мусаллаҳ бошанд ва аз «Шоҳнома» мағзҳо бардоранд, - гуфт Сироҷиддини Эмомалӣ.
Дар поёни маҳфил пораҳо аз «Шоҳнома» қироат ва дар пардаи созу наво пешкаши ҳозирин гардид. Инчунин, ба фаъолону маърузакунандагони ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ – китоби достонҳои баргузида аз «Шоҳнома» ва пайкараи рӯйимизии Фирдавсӣ армуғон шуданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3831
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед