logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИНАВ. ҲОЛИ ТАБОҲИ БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВӢ Ё ЧАРО МАСЪУЛОН ИН БЕМОРХОНАРО АЗ МАДДИ НАЗАР ДУР КАРДААНД?

Беморхонаи минтақавии деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав соли 1986 бунёд шудааст. Воқифон мегӯянд, он то солҳои 90-ум ҳамчун беморхонаи марказӣ фаъолияти назаррас мекард. Дар гузашта макони обод буду хизматрасонии олӣ дошт. Баъди дар маркази ноҳия сохтани беморхонаи асосӣ ва кӯчондани қисме аз шуъбаҳои ин беморхона ба бинои нав, бемористони ҷамоатӣ аз меҳвари таваҷҷуҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Алҳол ин беморхонаи як замон номдор, ҳоли табоҳ дошта, рӯ ба адам овардан дорад. 
 
Абдусалим Ҳайдаров, як масъули беморхонаи фавқ, иброз намуд: «Масоҳати замини бемористон тахминан 4,5 – 5 гектарро дар бар мегирад. Тақрибан то солҳои 2000-ум ҳамаи шуъбаҳои он кори хуб доштанд. Аз сабаби дар гузашта таъмир нашудан, ба чунин ҳол  расид».
Ба гуфтаи мутасаддиён, замоне беморхона шуъбаи маризиҳои сироятӣ доштааст. Меъморон дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барои эҳтиёт, бинои шуъбаи мазкурро аз дигар шуъбаҳои беморхона дуртар бунёд кардаанд. Алъон аз шуъбаи сироятӣ дару тирезаҳои шикастаю фарсуда мерос мондаасту бас. Деворҳояш рангпарида ва бархе гӯшаҳояш аз таъсири барфу борон чаппа шудаанд. Аҳволи ҳуҷраҳои шуъба аз берунаш дида бадтаранд. Аз дастгоҳҳои тиббӣ пораҳои шикаста осор мондаанд. Бетардид, бино даҳсолаҳост, ки на зоҳиран ва на дохилан рӯи таъмирро надидааст. Маҳз аз бетаваҷҷуҳию саҳлангории масъулони собиқу имрӯзи ноҳия шуъба ба чунин ҳоли ногувор мувоҳеҷ гаштааст. Аз вазъи иншооти ёрирасон, хусусан ошхона ва ҷойи шустушӯи либосҳои беморхона, ҳарфи гуфтан нест. Вазъи ҳузнангезу таассуфовар доранд. Маълум, ки кайҳо аз фаъолият бозмонда, ба ҳашаротхона табдил ёфтаанд. Мабразаш дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дорад.     
Ғайбулло Раҳимов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ки беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти А. Ҳасанов зертобеи беморхонаи марказӣ мебошад. Ҳамчунон илова кард: 
- Ба симмати сардухтур таъин шуданамро қариб як сол мешавад. Вақти омадани ман беморхонаи марказии ноҳия низ вазъи ногувор дошт. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти хориҷии ЮНИСЕФ ва соҳибкорон, чанд шуъбаи онро таъмири асосӣ кардем. Бавижа, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ шуъбаи сироятии беморхона пурра тармим шуда, бо катҳои хоб ва дигар таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардид. Рӯзҳои наздик Вазорати тандурустӣ беморхонаро бо дастгоҳи нафасдиҳии муосир таъмин мекунад. Дар сметаи хароҷотии беморхона соли 2021 барои таъмир аз суратҳисоби буҷети маҳаллӣ 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Бо сабабҳои буҳрони пандемия раёсати молияи ноҳия имкони пардохти маблағи мазкурро пайдо накард. Имсол дар смета 73 ҳазору 731 сомонӣ барои тармим нишон дода шудааст. То ҳол ягон миқдор пул нагирифтаем. Агар пули таъмир маблағгузорӣ ҳам шавад, он танҳо барои таъмири сатҳии беморхонаи марказӣ мерасад. Дар соли 2022 нақша ва имкони тармими беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти А. Ҳасановро надорем. 
Феълан дар беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти А. Ҳасанов 28 нафар фаъолият мекунад. Даҳ кати хоб дар шуъбаи таваллудхона ва даҳ кати дигар дар шуъбаи бемориҳои амрози дарунӣ дорад. Ягон дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ надорад. Ғ. Раҳимов мегӯяд, ки тирезаҳои кӯҳнаи беморхонаи марказиро канда, дар шуъбаи амрози дарунаи ин беморхона насб намудаанд.
 Шуъбаи хизматрасонии ёрии таъҷилии ноҳия бо як мошини кӯҳна дохили ин беморхона амал мекунад. Сардухтур илова намуд, ки барои таъмири беморхона маблағи ҳангуфт сарф мешавад. Шаҳринав бошад, ноҳияи дотатсионӣ аст. Даҳҳо раиси ноҳияву сардухтур таъину озод шуд, аммо аҳволи беморхонаи мазкур онҳоро нигарон накард. Масъулони кунунии ноҳия ҳам нияти эҳёи комили ин беморхонаи вайронаро надоранд. Беморхона бо ҳама мушкилоташ то кай муаллақ мемонда бошад? Посухро аз масъулон интизорем…
 
Ёқуби СОДИҚ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2022    №: 101    Мутолиа карданд: 1247
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед