logo

порлумон

ДОРУ. ТАҚОЗОИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА НАЗОРАТИ СИФАТ

 
- Ҳоло дар Тоҷикистон 50 ширкати истеҳсолкунандаи дору фаъолият намуда, зиёда аз 300 намуди дору барои дастрасии аҳолӣ истеҳсол мекунанд. Бо назардошти муҳлати истифодаи дору мо дар кишвар захираи кофӣ дорем. Ва зиёда аз 4500 муассисаи тиббии ҷумҳурӣ бо маводи дармонбахшӣ таъмин аст.
 
Ин нуктаро Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар порлумони мамлакат иброз дошт. Ӯ изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонун бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ (18 августи соли 2020) баён дошта буданд, таҳия гардидааст. Дар омода кардани лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷалби мутахассисони варзида гурӯҳи корӣ таъсис дод. Ба гуфтаи муовини аввали вазир тарҳи Қонун ба рушди ҳамкориҳои байниидоравию байналмилалӣ, истеҳсоли дору, молҳои тиббии ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат, гузарондани экспертизаи дору, молҳои тиббӣ ва ҷуброни зарари ба инсони солим дар натиҷаи истеъмоли дору расида, равона шудааст. 
Гулбаҳор Ашурзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз 10 боб ва 50 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи идоракунии давлатии муомилот, назорати сифат, таъминот бо дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ танзим намуда, ҳуқуқу уҳдадории субъектони фаъолияти фарматсевтӣ, принсипҳо, ваколат, ҷараёни коркард ва таъмини иттилоотро дар ин самт муайян менамояд.   
Вобаста ба меъёри лоиҳаи Қонун дар бораи ҷуброни зарари ба инсони солим дар натиҷаи истеъмоли дору расида, Салим Абдулазизов, сардори раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тавзеҳ дод, ки тибқи меъёри Қонун ширкати истеҳсолкунандаи мол ва нафароне, ки дору ворид менамоянд, ҷуброни моддии онро пардохт мекунанд. Ҳаҷми ҷуброн пас аз гузарондани экспертизаи судӣ муайян мешавад. 
Ба иттилои Салим Абдулазизов соли 2021 зиёда аз 110 тонна маводи дору ва молҳои тиббии воридшудаи бесифат ва муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуданд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2022    №: 101    Мутолиа карданд: 3250
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед