logo

иҷтимоиёт

ОДОБИ ГУФТОР ВА ШЕВАИ РАФТОР. МАСЪАЛАЕ, КИ БАР ҲУСНИ ШАҲРНИШИНӢ ТАЪСИРГУЗОР АСТ

Дар кишвар  сол ба сол   пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд.
Бахусус, ободии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ки ин худ, дар умум, аз пешравии миллат шаҳодат медиҳад. Дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт дигар нақлиёти куҳнаро намебинем. Хеле боз автобусу  троллейбусҳои нав ба нави  мусофирбар  ба халқ хизмат мерасонанд. Мутаассифона, дар рафтори баъзе ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳам мусофирон камбудиҳо  ба назар мерасанд. 
 
Ин ҳолат яке аз мушкилиҳои доғдоркунандаи шаҳрнишинист, ки бояд пайгирӣ шавад. Ба ҷойи бартараф шудани мушкилӣ, баръакс дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол, дағалгуфторӣ миёни мусофиру ронанда ё худи мусофирон ба миён меояд. Доир ба ин, назари чанде аз мусофиронро пурсидем. 
Аминҷон Раҳматзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт:  “Дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки мо ҳамарӯза аз он  истифода менамоем, шоҳиди рафтору гуфтори нохуби ронандагон ва ҳам мусофирон мешавем. 
Дар натиҷаи аз ҳад зиёд савор кардани  мусофирон ба дохили нақлиёт, ки ин қобили қабул нест, дағалрафторӣ байни мусофирон ва пулчин ё ронанда  сар мезанад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад,  ки  баъзе ҷавонон нисбат ба  калонсолон  эҳтиром намегузоранд. Бар замми ин, баъзан мактаббачагон ба ҳайси  пулчин  кор мекунанд.  Ин амал ба наврасон таъсири манфӣ расонда, онҳо ҳам калимаҳои қабеҳро  нисбат ба  калонсолон ба забон меоранд. Аз тарафи дигар баъзе мусофирон ҳам намедонанд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ бояд чӣ гуна рафтор намоянд. Бо телефон баланд гап мезананд, сақич мехоянд  ва  ба рафтору гуфтори бетартибонаю бемаънӣ машғул мешаванд”. 
Дар хусуси гузаштани дарсҳои тарбиявию  маърифатӣ бо ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба  масъулони  КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” муроҷиат намудем.   
Набӣ  Мирзоёров, муовини директори  ҶДММ «Муҳаммадҷон Д», гуфт, ки оид ба  муносибати ронандагон нисбат ба  мусофирон, либоси ягонаи корӣ, тартиби мусофирсаворкунӣ ва тозагии дохили нақлиёт  ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ  бурда мешаванд. Аммо, бо вуҷуди ин, дар нақлиёти ҷамъиятӣ нофаҳмии зиёд  миёни ронандагону  мусофирон ба миён меояд. Дар чунин ҳолатҳо мо вазифадорем, ки ин мушкилро бартараф созем. Агар мушкилӣ тариқи телефон ҳалли худро наёбад,  мо  инро дар дафтарчаи бақайдгирӣ  сабт намуда,  ҳамроҳ бо ронандагон суҳбат  мекунем. 
Нақлиётҳои ҷамъиятие, ки имрӯз фаъолият доранд, танҳо барои хизмати халқ равона шудаанд. Шахсе, ки ҳамчун ронанда дар идораи мо кор мекунад,   бояд ба талаботи корхона ҷавобгӯ бошад. Мо ҳамарӯза  рафти кори ронандагонро  назорат мебарем ва нисбат ба  мушкилиҳои байни онҳову мусофирон чора меандешем.  Ҳамаҷониба кӯшиш менамоем, ки  хатсайрҳои идора  аз рӯйи тартиб ва талабот кори худро анҷом диҳанд. Ҷавононе,  ки  таҷрибаи корӣ надоранд,   аз ронандагони калонсол чанд муддат сабақ  меомӯзанд, – изҳор дошт  ӯ.
Ба гуфтаи Моҳинав Ҳалимова, зани солхӯрдаи сокини пойтахт, ҳар гоҳе, ки вориди нақлиёт мешавад аз ҷониби мусофирон ва ҳам ронандаю пулчин эҳтиром мебинад. Мутаассифона,  баъзан вақт дучори дашномҳои сахту қабеҳ низ, мегардад. 
Сарфи назар аз корҳои фаҳмондадиҳӣ муносибати ронандагону  мусофирон бояд дар чорчӯби фарҳангу одоби миллӣ сурат гирад, то боиси нороҳатии дигарон нагардаду шаҳомати шаҳрнишинӣ  доғдор. Зеро муносибат дар дохили нақлиёт чун маконҳои дигари ҷамъиятӣ масъулияти инсонию ахлоқиро тақозо менамояд. Яъне, рафтору гуфтори шоистаи ҳар як фард, бахсус дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, на танҳо масъулияти ронандаву кондуктор, балки масъулияти ману мост.
 
Замира МИРАКОВА,
таҷрибаомӯзи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2022    №: 101    Мутолиа карданд: 485
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед