logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ»: «СИПОСУ САНО БА АҲЛИ ФАРҲАНГИ САМАРҚАНДУ БУХОРО»

Ҳанӯз шуълаҳои Офтоб аз паси кӯҳҳои баланд набаромада, ки ҳайати кормандони идораи рӯзнома якҷо бо олимону адибони кишвар дар назди «Шарқи озод» ҷамъ омаданд. Нури Офтоб ниҳоят ҷилва назад. Аммо дидори дӯстону ҳамкасбон, суҳбатҳои самимии онҳо ва умеди доштани сафари хушу гуворо дар дил Хуршед афрӯхт. Бо хушҳолӣ ба роҳ баромадем. Ин дафъа корвони мошинҳои мо роҳи дарозро пеш гирифт: сӯи шаҳрҳои таърихии Самарқанди бостонӣ ва Бухорои Шариф.

Аз нақли Саодат Ризозода, роҳбари ширкати «Саодат сайр», ки бори аввал сафари гурӯҳро роҳнамоӣ кард, интизории мо аз тамошои шаҳрҳои таърихӣ дучанд зиёд гашт. Барои бисёрии аҳли гурӯҳ сафар ба Самарқанду Бухоро бори нахуст буда, ҳама ба умқи суханҳои Саодат печиданд.  Дар пасманзари суханҳои ӯ аз садои шир – шири борон дар дараи хушманзараи Варзоб аз тиреза ба тамошои табиати зебои баҳорӣ фурӯ рафтам. 
Корвони мошинҳо ба баландӣ ҳаракат мекарду ранги табиат тағйир меёфт: сари кӯҳҳо ҷо - ҷо пораҳои барф ва талу теппаҳо пур аз тармаи дар зимистон фаромадаи ҳанӯз обнашуда ба табиат зебоии хос зам менамуд.  Баъди чанде ба Панҷакенти бостонӣ расидем, аз он ҷо ба сарҳади кишвари ҳамсоя масофаи қариб монд. 
- Ана, расидем, - бо хушҳолӣ садо бароварданд ҳамкорон ва ҷониби нуқтаи назорати гумрукӣ раҳсипор шуданд. 
- Аҷиб, ду кишвари ҳамсояро танҳо як хати сурх аз ҳам ҷудо месозад, ҳарчанд дилҳо бо ҳам хеле наздиканд: тоҷику ӯзбек як фарҳанг ва як замини аҷдодӣ доранд, - гӯён аз сарҳад гузаштам.
Дуруд, Самарқанди деринтизор! Акнун ба висолат расидем, - бо овози баланд гуфтанд ҳамкасбонам ва дубора ба роҳ баромадем. Даштҳои ҳамвору паҳновари Самарқанд ва заминҳои пахтаи он вусъати ин сарзамини аҷдодиро бозгӯ намуданд. Аз кӯҳҳо дараке нест. Чун ба маркази вилоят наздик шудем, тамошои биною иморати тарҳи хоси миллидошта ба умқи таърих бурд.
-Сарнавишти халқи тоҷик бо сарнавишти халқҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои ҳамсоя, ба монанди таърихи ду халқи бародар – тоҷику  ӯзбек алоқамандии зич дорад. Таърихи мо ба ҳамдигар бисёр наздик буда, аксаран дар як сарзамин – Самарқанд ба вуқуъ пайвастааст. Нахуст, бо тамошои бузургтарин бинои ҷамъиятӣ – Масҷиди ҷомеи Бибихонум, Мадраса ва расадхонаи Улуғбек ошноӣ пайдо кардем, ки аз рӯйи нақли роҳбалад дар Самарқанд дар аҳди Темур ва Темуриён қомат афрохтаанду баъзеаш аз нав бунёд шудаанд. Роҳбалад мегӯяд, ки дар бораи ин биноҳои боҳашамат ривоятҳои гуногуне дар байни мардум ҳастанд, ки дар Масҷиди Бибихонум ҳоло вайронаҳои пештоқи калон, се бинои гунбазпӯш ва як манораи кунҷӣ аз давраи пеш аз Темуриён боқӣ мондааст. 
Аз баландии мақбараи «Шоҳи Зинда» ва «Хоҷа Дониёр» низ тамошои Самарқанд бисёр ҷолибу диданӣ буд. Зиёрати ин ҷойҳои муқаддас ба кас руҳи тоза мебахшад. Ин ҷо ҳам роҳбалад аз таърихи сохтани мақбараи «Шоҳи Зинда» мегуфту бунёди онро ба давраи Темуриён рабт дод, пеши назар фанни таърихи синни мактабӣ ба ёд омад, ки мувофиқи он як қисми ёдгории меъмории «Шоҳи Зинда» ҳанӯз дар асри ХII болои зиёратгоҳи тоисломӣ бунёд шудаасту онро муғулҳо хароб карда, Темуриён баъдан аз нав сохтаанд.
Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб намуд, шумораи зиёди сайёҳон аст, ки ҳоло дар мавсими ҷаҳонгардӣ шиносоӣ ва сайру саёҳат бо онҳо низ хеле гуворост. 
Бемуҳобо, ҳама ин дӯстию рафоқат миёни  ду кишвари ҳамҷавор аз баракат ва сиёсати хирадмандонаи сарварони давлатҳо сарчашма мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои таҳкими дӯстӣ изҳороти муштарак ба имзо расонда, хушбахтона, дар доираи ин ҳуҷҷати тақдирсоз тули чанд соли охир робитаҳо ҳамин тавре, ки мебинед, сурат мегиранд. Ҷонибҳо дар ҳама соҳаҳо ба зинаи нави рушд баромаданд: ҳамкории пурмаҳсули идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва «Овози Самарқанд» далели ин гуфтаҳост. 
Аз дидори ҳамкасбонамон дар Самарқанд бисёр шод гаштем. Муҳаббати онҳо дар дидаҳо аён буд. Муҳаббати Асалой Сархатзода, ки қабл аз оғози вохӯрии расмии рӯзноманигорон ба наздам омад, аз самимияти баланд ва гуфтори некаш бо лаҳни ширини тоҷикӣ маълум буд. Номбурда дар бахши якуми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мекунаду навиштаҳояш аллакай, дар рӯзномаю фаслномаҳои вилоят чоп мешаванд. 
Вохӯрӣ бо ҳамкасбони «Овози Самарқанд» аз шиносоӣ бо фаъ-олияти идораи рӯзнома - утоқҳои барҳавои корӣ, толори маҷлисгоҳ махсус барои гузарондани пресс-конференсияҳо сохташуда ва китобхона оғоз ёфт. Дар толори маҷлисгоҳ роҳбарони рӯзномаҳо – Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Баҳодур Раҳмонов аз  имкониятҳои барои халқи тоҷику ӯзбек фароҳамовардаи сарварони ду давлат ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо сухан гуфтанд. Акбар Маҳмудов, директори Маркази миллӣ – фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқард, дар навбати худ аз истиқболи ҳамкасбон, ҳамқаламон ва ҳамзабонони худ дар вилояти ҳамешаҷавони Самарқанд изҳори хушнудӣ намуда, аз суҳбат бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзии шаҳри Панҷакент, ки як гурӯҳ аҳли фарҳанги Самарқанд он ҷо ширкат намуданд, ёд овард. Тантанаи тақдими чандин нусха китоб аз ҷониби идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар анҷоми вохӯрӣ шодии ҳамагонро афзуд. Чун сухан аз адабиёти тоҷик рафт, ҳайати эҷодии ду рӯзнома якҷо бо меҳмонону дӯстдорони адабиёт аз хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дидан кардем. Директори хона-музей Амриддин Пӯлодов хушнуд аз дидори меҳмонон доир ба аҳамияти  бунёдии осорхона ҳарф зад.
- Вақте ҷойи зист ва макони эҷоди чунин шахсияти барҷастаи илму фарҳанг, Асосгузори адабиёти навини тоҷик – устод Садриддин Айниро бо чашми сар мебинед бисёр гуворост. Хушбахтона,  равшанфикрону маърифатпарварони Самарқанд ин имкониятро баҳри мардум, хосса ҷавонони тоҷик ва ҳам ӯзбек бо ба зиёратгоҳи муқаддас табдил додани осорхона фароҳам овардаанд, - гуфт ҳамкорам Маҳмуд Мирзоён гӯё фикри маро хонда.   
Дар ин миён роҳбалади хона – музей бисёр пурмеҳр ва самимӣ аз ҳаёт ва фаъолияти устод Айнӣ сухан карда, ҳозирин бо навбат аз пушташ барои  тамошои осорхона – меҳмонхона, ҷойи дамгирӣ, утоқи корию эҷодӣ  рафтем. Ҳамин ки дар бораи дар шафати Регис-тон ҷойгир шудани хона-музейи устод Айнӣ гуфтанд, яке аз ҳозирин аз кам омадани сайёҳон ба ин боргоҳи илму дониш эътироз карда, аз 500 ҳазор теъдоди умумии сайёҳони ба Самарқанд омада, ба осорхона ҳиссаи ночиз рост меояд. 
Баъди соате ғизои маънавӣ бардоштан аз даргоҳи маданият – хона – музейи устод Садриддин Айнӣ ба он низ номгӯйи китобҳои тозанашр тақдим гардида, суҳбату аксбардориҳои ҳамроҳ хотираи нек гузоштанд.
Роҳ сӯйи Бухорои Шариф – дар муддати қариб 5 соат аз вилояти Самарқанд  сабуку тез тай шуд. Шаҳрро он тавре ки тасаввур кардам, дарёфтам. Кӯчаҳои кушоду барҳаво, биноҳои қадимаи инъикосгари тамаддуни мардуми тоҷик ва маданияти баланди шаҳрсозию шаҳрнишинӣ меҳмонону сайёҳонро мафтун сохт. Ҳамаи иморату биноҳои сохташуда як шакли миллӣ дошта, бозгӯи таърихи чандҳазорсолаанд. Ба мисоли, Мақбараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Ал Бухорӣ. 
Зиёрати оромгоҳи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва суҳбат бо масъулону роҳбалад – Шоҳсанам ном духтари ҷавону таърихшинос, саҳифаи навиштаи таърихро дубора боз кард, ҷоннисориҳои поягузори давлати тоҷикон – Исмоили Сомониро инъикос намуд. Ҳар як хишти қабат - қабат чидаи мақбара аз санъати волои меъморони давраи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дарак медиҳад, ки басо зебост. Ин ҷо гуфтаҳои Шоҳ Исмоили Сомонӣ - «То зиндаам, девори Бухороам» - ро ёд овард. 
Ҳамин тариқ, сафари кормандони идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз ҷумла  бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд», ҳамагӣ хотирмон гузашт.  
Устод Ҷонибек Асрориён сафарро омӯзанда арзёбӣ кард.
 – Ҷавонон бояд мафҳуми «Самарқанду Бухоро – гаҳвораи тамаддуни мардуми тоҷику ӯзбек» - ро хуб дарк кунанд, - гуфт устод.
Дар ин маврид,  ба мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанги Самарқанду Бухорои азиз, хосса идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд», ҳамчунин, Маркази миллӣ – фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд, барои истиқболи гарму самимиашон изҳори сипосу сано мегӯем. Ба рӯзноманигор Амина Шарофиддинова ва аҳли фарҳанги Самарқанду Бухоро низ, бо муҳаббат ва меҳри беандоза сипосу миннатдории аҳли эҷодро баён менамоем. То дидори навбатӣ!
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2022    №: 101    Мутолиа карданд: 1025
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед