logo

иҷтимоиёт

МАРД НАМИРАД БА МАРГ... ЁДЕ АЗ САЙФ РАҲИМЗОДИ АФАРДӢ

Аз марги Сайф Раҳимзоди Афардӣ  22 сол гузашта бошад ҳам, ҳар баҳор, аниқтараш моҳи майи ҳар сол, маро андеша ба субҳи он рӯзе, ки аз марги фоҷиабори ҳамдеҳаи худ, нависанда, рӯзноманигор, филмноманависи тоҷик, ходими давлатӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ хабар расид, мебарад. 
  
Он рӯз, субҳи солеҳон, сари кӯчаву подаву сари кор ҳама аз ҳамдеҳаи худ, додари усто  Азизулло ва  бачаи донову нотарси бобои Ота Раҳим (мардуми деҳа ӯро ҳамин гуна мешинохтанду дар ёд доранд) Сайф гап мезаданд. Аҳли деҳа ба пешвози ӯ кӯчаву хонаҳояшонро тамйиз мекарданд. Мегуфтанд, ки Сайфро ба деҳа меоранду назди падару модару бародар ба хок месупоранд. Намедонистанд, ки Сайфи онҳо на танҳо бачаи ин рустои дурдаст, балки кулли мардуми сарбаланди кишвар асту хонаи охираташ дар дили Тоҷикистон, паҳлуи устодони сухан, олимону адибони номвар.
Бадхоҳони миллат ӯро куштанду дили ҳазорон ихлосмандони суханро пурхун намуданд. Медонистанд, ки қатли ӯ захми бедавое ба сухан, ба фарҳангу адабиёт хоҳад буд. Аммо он рӯз аҳли деҳае, ки нури Офтоби субҳгоҳонаш дар чашми шоиронаи Сайф ҳусни дигар дошту пуштаҳои сабзпӯши махмалинаш қадамгоҳаш буд, аз ин ҳама намеандешиданд. Балки афсус мехӯрданд, ки бачаи донову нотарси бобои Ота Раҳимро, ки ҳанӯз ҷавон аст, куштаанд.
Роҳи Сайф аз пайроҳаи хурди ин деҳа оғоз ёфту ба шоҳроҳи адабиёт пайваст. Аксари қаҳрамонони асарҳояш дар ҳамин деҳа зиндагӣ кардаанд. «Ман медавам ва пешопеши ман мани дигаре низ медавад. Ман шитоб дорам, ки барои Майвалӣ пул пайдо кунам. Ман мехоҳам, ки ӯро ба деҳаву мардуми азизи деҳааш баргардонам ва, ҳамчунин, наврасии худ, дили худро ба деҳаи худ баргардонам». Ин порчае аз китоби «Аз ёдҳо аз ёдҳои» ӯ мебошад, ки дар он аз Майвалии ҳамдеҳаамон ва наҷоти ҷони ӯ ёдоварӣ кардааст. Дар ин порча манзараи ҳаёти воқеӣ, дар душвортарин лаҳзаҳо умр ҳамдаму ҳамнафаси ҳамдигар мондану ба ҳам дасти имдод дароз намуданро метавон дид. Ӯ хостааст Майвалӣ намирад ва барои ин талоши зиёд ҳам намудааст. Ва ҳам ӯро солим ба ҳамдеҳагонаш баргардондааст. Майвалии ҳамдеҳаи мо ба шарофати ӯ умри дароз дид. Аз умри  Сайф ҳам зиёдтар. Ва чанд моҳ  пеш аз олам даргузашт. 
Дар адабиёти тоҷик бо нашри ҳикояи нахустинаш «Гунҷишки  сафед» ва баъдтар бо қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» роҳ ёфт. Баъди нашри ин ҳикояву қисса миёни эҷодкорон чун навҷуву навовар шинохта шуд. Асарҳои дигараш «Падруди пайғом», «Дурӯғи сафед», «Доғҳои Офтоб», «Руъё» Сайф Раҳимзоди Афардиро миёни ҳаводорони адабиёт маҳбуб намуданд. Барномаи «Субҳ» дар Телевизиони «Тоҷикистон» ва  радиои «Садои Душанбе» маҳз бо ташаббуси ӯ  таъсис ёфтаанд. Талошҳои мондагори  ӯ дар эҳёи Ансамбли «Шашмақом» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи «Шашмақом» боиси зикри хос аст. Дар ин росто, филмҳои офаридааш «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чоре» - ро низ набояд сарфи назар кард. Чанде пеш огоҳ шудам, ки  аз рӯйи ҳикояи дигари ӯ «Додараки фариштаҳо» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  дар таҳияи Умед Мирзоширинов филми бадеии кӯтоҳметраже рӯйи пардаи синамо овардааст. Албатта, филмро ҳанӯз тамошо накардаам, аммо ба ҳар сурат аз ин иттилоъ хеле шод шудам, зеро образҳои бадеии офаридаи ӯ бозгӯйи зиндагии воқеии мардум мебошанду хеле филмзебанд. 50 - солагии  Сайф Раҳим баъд аз маргаш, бо иштироки наздикону пайвандон, шоирону нависандагон, ҳунармандони саршиноси кишвар дар зодгоҳаш  ноҳияи Фархор таҷлил гардид. Он замон деҳаи мо Деҳқонариқ ном дошт. Имрӯз деҳае, ки Сайф дӯсташ медошту бо ёди он қаҳрамонҳои асарашро интихоб менамуд, ному ӯро гирифта. Акнун номи ӯро ҳар рӯз дар ин деҳа ба забон меоранд. Бо неки мегӯянд: «Деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ».
 
Адолат БӮРИЕВА, 
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2022    №: 101    Мутолиа карданд: 474
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед