logo

Хабарҳо

Дар Тошкент ҷаласаи вазирони муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад

CentralAsia (UZ). 27 май дар Тошкент ҷаласаи сеюми роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Соз-мони ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои масъалаҳои экологӣ баргузор мешавад. Ҳайатҳои воломақом ва коршиносони ҳашт кишвари узви СҲШ бо иштироки намояндагони котиботи созмон вазифаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро бо назардошти воқеияти муосир баррасӣ мекунанд.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ баргузор мешавад. 
Айни замон мушкилоти глобалии экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, талафоти олами набототу ҳайвонот, тахриби замин ва камшавии захираҳои об барои бисёр кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ ба бор овардаанд. Ин мушкилот низ хоси доираи васеи СҲШ мебошад, ки 60 дарсади ҳудуди Авруосиёро бо аҳолии беш аз 3,2 миллиард нафар фаро мегирад.
 
 
 
Мулоқоти Роҳбари Чин бо Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 25 май дар Пекин бо Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет тавассути конфронси видеоӣ мулоқот намуд.
Си Ҷинпин таъкид кард, ки Чин аз ибтидо ҳадаф ва рисолати мубориза барои хушбахтии мардум ва эҳёи миллати Чинро дар назди худ гузоштааст, дар ҳамин руҳия тайи 100 сол ҳамеша мубориза мебарад, то манфиатҳои халқро таъмин намояд. 
Роҳбари Чин гуфт, ки дар кори таъмини ҳуқуқи башар ва беҳбуд бахшидани он ҳеҷ маҳдудият вуҷуд надорад. Ҷониби Чин омода аст, ки дар асоси принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳама шарикон барои таҳкими ҳусни тафоҳум ва коҳиши ихтилофҳо, аз ҳамдигар омӯхтан ва якҷоя пешбурди кори байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар ба манфиати халқҳои ҳамаи мамлакатҳо муколама ва ҳамкории фаъол ба роҳ монад. 
 
 
 
 
Дар SPIEF-2022 беш аз 90 кишвари ҷаҳон ширкат мекунад
Мир24. Зиёда аз 90 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (SPIEF) тасдиқ карданд. Ба иттилои бунёди “Рос-конгресс”, бо истинод ба мушовири Президенти Россия Антон Кобяков, он моҳи июни соли 2022 баргузор мешавад.
“Инҳо рақамҳои воқеан таъсирбахшанд. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод ва барои иштирокчиёни хориҷӣ “махфиятро”- ро ҳифз хоҳем кард, то фазои эътимодро нигоҳ дорем”,- гуфт Кобяков, инчунин, таъкид кард, ки “муҳайё кардани шароити бароҳат барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дастгирии ташаббусҳои доираҳои тиҷоратӣ зарур аст».
 
 
 
СААД вазъ дар бахши масъулият ва муттаҳидсозии неруҳо дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
SNG. TODAY. Таҳти роҳбарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Арманистон Сурен Папикян ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи СААД дар формати видеоӣ баргузор гардид. Мусоҳибон таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар қаламрави кишварҳои СААД ва иҷрои тавсияҳо дар асоси натоиҷи амалиёти посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон моҳи январи соли 2022-ро баррасӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки доираи таҳдидҳо ба амнияти низомии давлатҳои ин созмон ба таври қобили таваҷҷуҳ васеъ боқӣ монда, муттаҳидшавии неруҳо дар тамоми самтҳои СААД-ро тақозо мекунад. Шурои вазирон нақшаи омодагии умумии мақомоти фармондеҳӣ, назорат, таъсиси неруҳо ва воситаҳои механизми амнияти дастаҷамъии СААД – ро  барои соли 2023 тасдиқ намуд, ки ташкили машқҳои муштарак бо неруҳои дастаҷамъиро муайян мекунад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6768
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед