logo

Хабарҳо

ҶОМИ КОНФЕРЕНСИЯ. САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ «РОМА» ВА КОРНОМАИ ВАРЗИШИИ ЖОЗЕ

26 май дар таърихи дастаи «Рома» (Италия) ва корномаи мураббии номвари ҷаҳон Жозе Мауриню (Португалия) саҳифаи нав гиреҳ хӯрд. Тими итолиёвӣ зери роҳбарии мутахассиси 59-солаи португалӣ дар аввалин мусобиқаи аврупоӣ – Ҷоми конференсияи УЕФА пирӯз гашт. 
 
«Гладиатор»-рони Рум дар рақобати финалӣ (варзишгоҳи «Арена Комбётаре», Тирана, Албания, 19597 мухлис) бошгоҳи «Фейеноорд»-и Роттердами Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ҷомро болои сар бардоштанд. Тӯби ғалабаоварро Николо Дзаноло дар дақиқаи 32-юм ба самар расонд.
Пас аз ин музаффарият Жозе Мауриню андешаҳояшро чунин баён мекунад: «Имрӯз мо таърих навиштем. Ман 11 моҳ дар «Рома» будам, аз лаҳзаи омадан, фаҳмидам, ки ин чи маъно дорад, онҳо инро интизор буданд. Тавре дар утоқи либоспӯшӣ ба бачаҳо гуфтам, мо ба ҳадафи дарпешгузоштаи худ расидем, яъне ба Лигаи Аврупо роҳ ёфтем. Мо тамоми мавсим аъло кор кардем. Лигаи Конференсия мусобиқае буд, ки аз аввал имкони ғолиб омаданро тахмин мезадем. Аммо, вақте дастаҳои «Лестер Сити», «Олимпик» ва «Фейеноорд» аз Лигаи Аврупо ба он ворид шуданд, рақобатҳо қавитар гаштанд. Имкони чанд холи дигар гирифтанро дар Серия А доштем, аммо ба Лигаи Конференсия омодагии ҷиддӣ медидем, зеро маблағи зиёд сарф карда будем. Ҳамин тавр, ин мусобиқот на танҳо дар таърихи «Рома», балки дар корномаи ман ҳам абадан сабт мегардад. Ба ман гуфтанд, ки танҳо ман, Алекс Фергюсон ва Ҷованни Трапаттони дар се даҳсолаи гуногун соҳиби ҷоиза шудаем. Ин суханон маро маҷбур мекунад, ки худамро каме солхӯрда эҳсос кунам!». 
Бояд гуфт, ки Лигаи Конференсия барои «Рома» аввалин ҷоизаи бузурги аврупоӣ дар 50 соли ахир аст. Ин тим бори охир дар соли 1972 дар Ҷоми англо-итолиёвӣ ғолиб омада буд.
Жозе Мауриню бошад, 5-умин ҷоми аврупоиро соҳиб шуд. Ӯ, қаблан бо тимҳои «Порту» (Лигаи Аврупо (2002/03, Лигаи чемпионҳо 2003/04), «Интер» (Лигаи чемпионҳо 2009/10) ва «Манчестер Юнайтед» (Лигаи Аврупо 2016/2017) пирӯз гардида буд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед