logo

Хабарҳо

ТОҶИКОНХОНӢ ДАР БОНКИ МИЛЛӢ

 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров ва кормандони бонк дар робита ба омӯзиши шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров семинари илмӣ-оммавӣ доир гардид.
Муовини раис Фирдавс Толибзода зикр кард, ки семинари имрӯза дар такя ба иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба таърихи халқу миллат ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳамзамон, иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба омӯзиши амиқи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” роҳандозӣ шуд.
Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардондани он сарф намудааст. Яке аз дастовардҳои пурарзиши Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ “Тоҷикон” мебошад, ки соли 1972 дар шаҳри Москва ба табъ расида, ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр гардид ва аз тарафи мутахассисони маъруф эътироф гашт. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
“Бешубҳа, китоби “Тоҷикон” барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддие гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик ошно кард”, - иброз дошт Фирдавс Толибзода.
Абдулло Ғафуров зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдорӣ ба худшиносии миллӣ ва эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, дар баробари эҳёи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон, инчунин, ба шахсиятҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақолаи аввалини он ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: “Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад”. Пешвои муаззами миллат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор “фарзанди фарзонаи миллат”, “ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон” меноманд, ки исботи ин гуфтаҳост.
Як нукта боиси зикр аст, ки Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ “Тоҷикон”  беш аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст, ки чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи худ дар соҳаи илм академик Бобоҷон Ғафуров исбот намуд, ки миллати тоҷик қадимтарин миллати Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Баротзода ва раиси Шурои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор дар идомаи нишаст оид ба нақши китоби “Тоҷикон”, ки муаррифгари таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик буда, дар худшиносии миллӣ мусоидат мекунад, ибрози назар карданд. 
Фирдавс Толибзода ёдовар шуд, ки дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар оилаи кишвар дастрас гардид, ки он дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед